Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / БОЗОРИ АСЪОР

БОЗОРИ АСЪОР

bozori-asorБОЗОРИ АСЪОР, силсилаи муносибатҳои устувори иҷтимоӣ-иқтисодию созмонӣ, ки ҳангоми харидан ва (ё) фурӯхтани асъори хориҷӣ, хуҷҷатҳои пулии асъори хориҷӣ, инчунин амалиёт оид ба гардиши сармояи маблағгузорони хориҷӣ ташаккул меёбад. Дар Бозори асъор мувофиқати манфиатҳои маблағгузорон, фурӯшандаҳо ва харидорони асъори гаронбаҳо ба амал меояд. Саррофӣ (заршиносӣ ва ивазкунии пул) дар Осиёи Марказӣ ҳанӯз аз асрҳои миёна хеле маъмул буд. Бозорҳои асъор дар асри 19 ба вуҷуд омадаанд. Бозори асъор василаест, ки ба тавассути он ҳисобҳои байналмилалии савдои хориҷӣ, сайёҳию хадамот, ҳаракати сармоя, фурӯшу хариди асъори хориҷӣ амалӣ мегарданд. Аз солҳои аввали баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ то охири солҳои 50 асри 20, ки дар дунё маҳдудияти асъори мавҷуд буд, дар давлатҳои мутараққӣ муомилоти асъории спот (қарзи муваққатӣ) ва форвард (муомилаи фаврии ғайрибиржавии асъор) ба вуҷуд омада буданд. Минбаъд аз солҳои 70-ум муомилоти асъории фючерсӣ ва опсионӣ афзалият пайдо карданд. Фючерс қарордоди дар биржа ақдшудаест, ки уҳдадории дорандаи онро ба хари­дан (фурӯхтан)-и коғазҳои қиматнок бо нархе, ки дар лаҳзаи ақди қарордод муқаррар шудааст, инчунин иҷрои уҳдадориро пас аз фосилаи муайяни вақт ё то таърихи мушаххас пешбинӣ менамояд. Опсион ҳуқуқи интихоби шартҳои алтернативии асъории қарордодест, ки дар шартнома зикр гардида, ба ҷониби дахлдор ба муҳлати муай­ян ё дар сурати фаро расидани ҳолатҳои муайян дода ме­шавад. Иштирокдорони асосии Бозори асъор бонкҳои Марказӣ, бонкҳои тиҷоратӣ, фирмаҳое, ки ба амалиёти тиҷорати хориҷӣ машғуланд, ширкатҳои маблағгузори байналмилалӣ, фондҳои нафақа ва хеҷӣ (қарордоди фаврие, ки барои химояи қаблӣ аз эҳтимолияти пастравии нархҳо баста мешавад), ширкатҳои суғурта, биржаҳои асъор, брокерҳои асъор ва шахсони воқеӣ мебошанд. Бузургтарин Бозорҳои асъор дар Лондон, Франкфурти лаби Майн, Порис, Ню-Йорк, Токио, Ҳонконг ва Сингапур мебошанд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …