Маълумоти охирин

БОЗОР

bozorБОЗОР (паҳлавӣ воҷор), маҳалли махсуси хариду фурӯши коло, хурок ва ҳар навъ ашё, кӯчаи болопӯшида, ки аз ду сӯй дуконҳо дорад. Дар Бозор ду раванд ба амал меояд: яке фурӯши мол (дар ин ҳол мол ба пул табдил меёбад, яъне П – М), дуввум харидории мол (яъне пул ба мол мубаддал мешавад, М — П).

Бозор таърихи қадимӣ дорад. Дар аҳди Сосониён (226-651) Бозор равнақи зиёд гирифт ва дар Тайсафуну Селевкияи Қадим Бозорҳои коҳфурӯшон машҳуру маъруф будаанд. Дар ин давра гирдогирди шаҳрҳоро деворе ба номи бора (ҳисор) иҳота карда, тоҷирону косибон дар қисмати дарунии он мезистанд ва молу маноли худро ба деҳконон ва муздурону камбағалон, ки берун аз девори шаҳр бошишгоҳ доштанд, пешниҳод мекарданд. Дар нахустин садаҳои даврони исломӣ бо васеъшавии шаҳрҳо шаҳрнишинон кам-кам маҳалли сукунати худро аз дохили шаҳрҳо ба берун бурданд ва Бозорҳо дар дохил монданд.

Дар давраи давлатдории Сомониён (882-1100) шаҳр густариши бештар ёфта, бахше аз хонаҳои он берун аз бора сохта шуданд ва андак-андак Бозорҳо дар миёни хонаҳо ҷой гирифтанд. Бозорҳо растаҳои борику дарозе доштанд, ки дукону ҳуҷрахои бозаргонон ва косибон дар ду сӯйи он қарор доштанд. Маҳалли буриши растаи Бозорҳоро чаҳорсӯ меномиданд. Чаҳорсӯҳо муҳимтарин бахши Бозор ва Бозорҳо яке аз рукнҳои асосии шаҳрҳои он замон ба шумор мерафтанд. Масҷиди ҷомеи шаҳрро, одатан, дар канори Бозор ва бештар дар чаҳорсӯҳои бузурги Бозор месохтанд. Бозори бештари шаҳрҳо хонақоҳ, гармоба, обанбор ва ғайра доштанд. Бахшҳои муҳимми дигари Бозорҳо корвонсаро, хон ё саро (ҳуҷраҳо), тим (бозори махсуси болопӯшида) ва тимча буданд. Корвонсаро ҷойи фуруд омадан, манзил кардани корвонҳо, анбор кардани молу амволи онҳо ва ҳамлу нақл ба Бозорҳои дигари шаҳр будааст.

Бозор минтақаи муайяне барои додугирифт ва ниҳоди муҳимми иқтисодию иҷтимоист, ки фаъолияти онро шахсони махсус аз бозаргонони хурду бузург идора мекунанд. Бозор калима ва вожаи хосси форсӣ-тоҷикӣ буда, аз сарзамини ниёгони мо ба сарзаминҳои дигари ҷаҳон, ба монанди Туркия, Ҳиндустон, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва Руссия рафтааст. Намунаҳои Бозор аз гузаштаҳои дур дар сарзаминҳои таърихии тоҷикон ва Эрон ва баъзе аз қаламравҳои кӯҳани ҷаҳон вуҷуд доштааст. Бозорҳо, одатан, дар маркази шаҳрҳо ҷой гирифта, шаклу меъмории хос доранд. Бозор дар тамоми кишварҳо аз нигоҳи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсй ва ғайраи ҷомеа нақши муассир доштааст.

Бозорҳои доимӣ Бозорҳое ҳастанд, ки бар асари васеъшавии шаҳрҳо ва вусъатёбии бозоргонӣ дар шаҳр падид омадаанд. Ин Бозорҳо маркази аслии додугирифту тиҷорат дар шаҳрҳо ҳастанд ва дар иқтисоди мардуми шаҳрни-шин нақши муҳимме доранд. Бозори доимӣ, маъмулан, маҷмӯаи мустақил аз растаи Бозорҳо, тим ва тимчахо, корвонсаройҳо, майдонҳо, биноҳои мазҳабӣ, Мадраса, ҳаммом ва дигар маконҳои умумӣ, монанди маҳалҳои ғизохӯрӣ ва қаҳвахонахо, ҷойхонаву ошхонахо аст. Тоҷирону ҳунармандон ва косибон дар дуконҳои хурде вобаста ба пеша ва молу маводди худ дар растаҳо, яъне, гузаргоҳҳо ва Бозорҳои хурди сафии мустақил бо хариду фурӯш мепардозанд (растаи заргарон, мисгарҳо, фурӯши қолинҳо, асбобу олоти рӯзгор ва ғайра). Дар Бозор касе сукунат надорад, хангоми шаб ва рӯзҳои истироҳат онҳоро мебанданд.

Бозорҳо, маъмулан, аз се бахши аслӣ иборатанд: растаҳо (гузаргоҳи бозор), маҷмӯаи хон ё саро ва корвонсаро, инчунин маҷмӯаи болопӯшидаи тим, тимча ва рафҳо ҳастанд. Дар ҳар шаҳр, маъмулан, як ё якчанд Бозори бузург ва чандин бозори болопӯшида ё кушоди на он қадар калон вуҷуд дорад. Дукондорони ин Бозорҳо ниёзҳои рӯзмарра ё ҳафтагии мардуми маҳаллаҳоро таъмин мекунанд.

Бозор дар ҷомеаҳои шаҳрӣ аз гузашта то ба имрӯз нақш ва аҳаммияти махсус доштааст. Муҳимтарин нақши Бозор нақши иқтисодии он аст, ки мисли як қонуни додугирифт, бахусус бозоргонӣ, мубодилаи байни фурӯшандаву харидор молу чизҳои гуногунро барқарор ва дар натиҷа арзиши молҳоро муайян менамояд. Ҷараёни додугирифти молу мавод дар Бозор ба сиёсати иқтисодии давлат таъсири зиёд мерасонад. Бозор маконест, ки рукуд ва равнақи иқтисодӣ дар он ошкор мешавад. Бозор, одатан, макони ҷамъшавӣ ва рафтуомади пайвастаи мардуми касбу корашон гуногун буда, хабарҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, мазҳабию фарҳангӣ ва воқеаҳои баамаломада дар ин ҷо босуръат аз даҳон ба даҳон гузашта, дар шаҳр паҳн мешаванд. Бозори муваққатӣ барои мубодила ва ё фурӯши чорво, маҳсулоти кишоварзӣ, маснуоти дастӣ ва молҳои саноатӣ дар деҳаҳо, шаҳрҳо, маконҳои алоҳида дар вақтҳои муайян барпо мешавад. Бозорҳои ҳаррӯза, ҳафтагӣ, дуҳафтагӣ, мавсимӣ, солона ва Бозорҳои намоишгоҳӣ аз навъи Бозорҳои муваққатианд. Бозори ҳаррӯза дар маҳаллаи як шаҳр барпо мешавад. Бозори ҳафтагӣ, монанди ҷумъабозору шанбебозор, мошинбозор, молбозор дар як ҳафта як бор дар ҷойи муайян баргузор мегардад ва дар деҳот на танҳо маҳалли додугирифт, балки маҳалли диду боздиди сокинон низ мебошад.

Бозорҳои мавсимӣ дар фаслҳои баҳору тобистон ба муддати якчанд рӯз барпо мешаванд. Замони баргузории ин Бозорҳо бо ниёзҳои мавсимӣ ё ҷамъоварии ҳосил (ҷашни ҳосилот) ҳамоҳангӣ дорад.

Бозоршаб ё бозори шаб дар гузашта дар Осиёи Миёна, дар шаҳрҳои калон, одатан, дар рӯзҳои ид ва моҳи Рамазон барпо мегардид. Бозоршаб дар яке аз хиёбонҳои калони шаҳр ё майдони махсус ташкил шуда, дар канори кӯчаҳо, дар дуконҳову чойхонаҳо чорпояву пешхонҳо гузошта, анвои шириниҳо, меваҳои гуногун ва ғизоҳо омода ва пешниҳоди мардум мешуданд. Ин яке аз анъанаҳои дар айни замон фаромӯшшудаи мардуми мост.

Холо истилоҳи Бозор мазмуни васеъ гирифта, мақсади он расондани мафҳумҳои гуногуни иқтисодӣ мебошад. Масалан, бозори нафт, бозори ҷаҳонӣ, бозори сиёҳ, бозори муштарак, бозори кор. Бозори муштараки Авруло ё Ҷомеаи иқтисодии Аврупо созмонест, ки гурӯҳе аз кишварҳои аврупоӣ ташкил додаанд. Давлатҳои Олмон, Англия, Итолиё, Испания, Ирландия, Белгия, Португалия, Дания, Фаронса, Люксембург, Ҳолланд, Юнон, Шветсия, Австрия ва Финландия узви ин созмонанд. Ҳадафи ин созмон беҳтар кардани зиндагии мардуми кишварҳои узв ва ҳамоҳангсозии сиёсатҳои иқтисодию иҷтимоии онҳост. Яке аз меъёрҳои аслии Бозори муосир мавҷудияти рақобат мебошад. Барои он ки Бозор рақобатпазир бошад, дар он бояд якчанд харидор ва фурӯшандаи аз ҳам новобаста ширкат намоянд. Навъҳои Бозор: маҳаллӣ, минтақавӣ, миллӣ, ҷаҳонӣ, истеҳсолкунандагон, истеъмолкунандагон, муассисаҳои давлатӣ, воситаҳои истеҳсолӣ, мол ва хидматрасонӣ, молиявӣ, моликияти зеҳнӣ, маҳдуд, фаровон, омехта, асъор, фаврӣ, молиявӣ, захиравӣ ва Бозори «сиёҳ».

Ба арсаи вуҷуд омадани давлатҳои соҳибистиқлол моликияти хусусиро аз нав зинда сохта, барои вусъати муносибатҳои бозорӣ шароити мусоид фароҳам овард. Аз ҷумла дар Тоҷикистон ба ҳаёт татбиқ намудани иқтисоди бозорӣ бо марҳалаи сифатан нав ворид гардид. Қаблан дар даврони собиқ Иттиҳоди Шуравӣ муносибатҳои бозорӣ хеле маҳдуд буд. Имрӯз бо кӯшиши ҳукумат ва давлати Тоҷикистон Бозор ва марказҳои боҳашамату бузурги тиҷорат чӣ дар пойтахти кишварамон ва чӣ дар вилоятҳову ноҳияҳои он бунёд шудаанд ва мешаванд. Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз бо бисёр кишварҳои ҳамсоя ва хориҷии дуру наздик муносибатҳои тиҷоратии мустаҳкам барқарор намудааст ва он, қабл аз ҳама, ба манфиатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва тиҷоратии кишвари мо ба роҳ монда шудааст. Барои рушду такомули муносибатҳои бозорӣ марказҳову ширкатҳои зиёди тиҷоратие фаъолият доранд, ки ба талаботи замон ҷавобгӯ ҳастанд. Айни замон бунёди Бозорҳо дар замина ва сохти анъанавии Бозорҳои қадимӣ дар бисёр ноҳияҳои Ҷумҳурӣ аломати дилбастагӣ ба меъмории ниёгон мебошад. Дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва Бадахшон Бозорҳои нави сарҳаддӣ бо кишварҳои ҳамсояи Чин, Қирғизистон ва Афғонистон ташкил шудаанд, ки барои мустаҳкамшавии дӯстии халқҳову кишварҳо, беҳсозии вазъи иҷтимоию шароити зиндагии сокинони ҷонибхо нақши муҳим мебозанд.

Навъҳои зерини Бозор мавҷуданд:

Бозори сармояи қарздиҳии дарозмуҳлат. Бар хилофи Бозори пул, ки дар он асосан амалиёт аз рӯйи маблағгузории кутоҳмуҳлат сурат мегирад, дар ин Бозор амалиёт бо коғазҳои қиматнок (саҳмияҳо, вомбаргҳо) анҷом дода мешавад.

Бозори тило – марказҳои махсусе, ки дар он фурӯши доимии тило сурат мегирад.

Бозори форвардии асъорӣ – Бозори асъор, ки дар он муомилот ба муҳлати муайян сурат мегирад ва дар он чо ширкатҳо метавонанд амалиёти хеҷ кардан (хеҷинг)-и хавфҳои асъориро амалӣ намоянд.

Бозори саҳмия – маҷмӯи муносибатҳои иқтисодии байни фурӯшандагон ва харидорони коғазҳои қиматнок – саҳмияҳо. Савдои саҳмияҳо дар Бозори коғазҳои қиматнок ҳамчунин бо усулҳои ғайрибиржавӣ анҷом дода мешавад. Шарту тартиби савдои саҳмияҳо бо қонунҳои дахлдор танзим карда мешавад.

Бозори пазираҳои бонкӣ – як қисми Бозори сармояи қарзӣ, ки дар он векселҳо ва дигар санадҳои пардохти пазираи бонкдор хариду фурӯш мешаванд.

Бозори доллари Аврупо – Бозори умумиаврупоии доллари амрикоӣ, ки бо зудамалию фаъолиятмандии зиёди худ фарқ мекунад; аз садҳо бонкҳои миёнарав, ки дар марказҳои нисбатан калони Аврупо ҷойгиранд, иборат аст. Дар ин Бозор назар ба якчанд Бозори миллӣ пул барои соҳибони сармоя аз маблағгузорӣ даромади бештар меорад.

Бозори вомбарги Аврупо – муносибатҳои устувори вобаста ба уҳдадориҳои қарзӣ ҳангоми гирифтани қарзҳои дарозмуҳлат бо асъори аврупоӣ, ки дар шақли вомбарги қарзгирон ба расмият дароварда мешаванд.

Бозори воситаҳои қарзӣ – Бозорест, ки дар он амалиёти маблағгузории миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат анҷом дода машавад; бо бозори пул робитаи наздик дорад.

Бозори қарордод – палатаи савдо, ки онро комиссияи савдои ИМА дар бозори муомилоти муҳлатдори молӣ ҳамчун Бозори ҳамон мол муайян мекунад.

Бозори сармояи кутоҳмуҳлат – Бозорест барои миёнаравҳои биржа, ки коғазҳои қиматноки боэътимоди кутоҳмуҳлат: векселҳо, тасдиқномаҳои амонатӣ, пазираи бонкӣ, векселҳои тиҷоратиро хариду фурӯш мекунанд.

Бозори байнибонкӣ – як қисми Бозори сармояи қарзӣ, ки дар он захираҳои озоди пули муассисаҳои қарзӣ муваққатан ҷалб гардида, дар байни бонкҳо, асосан, дар шакли амонатхои байнибонкӣ ба муҳлати кӯтоҳ ҷойгир карда мешаванд.

Бозори озод – хариду фурӯши коғазҳои қиматнок аз ҷониби бонки марказӣ бо мақсади таъсиррасонӣ ба хаҷми пули мавҷуд дар муомилот ва ҳаҷми кредитҳо. Амалиёт, асосан, бо коғазҳои қиматноки кӯтоҳмуҳлати хукуматӣ ва баъзан бо коғазҳои қиматноки миёнамуҳлату дарозмуҳлат гузаронида мешавад.

Бозори сармояи қарзӣ – маҷмӯи муносибатҳои иқтисодӣ, ки ҷамъ шудани маблағхои озоди пулӣ, табдили онҳо ба сармояи қарзӣ ва тақсими дубораи онҳо дар байни иштирокдорон раванди такрористеҳсолро таъмин мекунанд.

Бозори мол (кору хидматрасонӣ) аз доираи гардиши мол (кор, хидматрасонӣ) ташаккул меёбад, ки аз рӯйи имкониятҳои фурӯшанда (харидор) барои воқеан ва бе хароҷоти иловагӣ пешниҳод кардани (харидорони) мол (кору хидматрасонӣ) дар маҳалли ба фурӯшанда (харидор) наздиктарин дар дохили кишвар ва берун аз он муайян мегардад.

Адабиёт: Экономическая энциклопедия. Москва, 1999; Britanica. Настольная энциклопедия. Москва, 2008; Раҳимзода Ш. Муомилоти пулӣ ва қарз. Душанбе, 2008.           Р. К. Раҷабов, И. Раҳматуллоҳ

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …