Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / БОЗОР СОБИР

БОЗОР СОБИР

bozor-sobirБОЗОР СОБИР (насаб Собиров; таваллуд 20.10.1938, деҳаи Суфиёни ноҳияи Файзобод), шоири тоҷик. Хатмкардаи УДТ (1962). Ходими адабӣ ва мудири шуъбаи газетаи «Маориф ва маданият» (то соли 1975), мудири шуъбаи назми маҷаллаи «Садои Шарқ» (1975-79), ҷонишини раиси Шурои назми ИН Тоҷикистон (1979-81), мушовири шуъбаи назми ИН Тоҷикистон (1981 – 90), вакили мардуми дар Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон (1990 – 91). Аз соли 1994 ба Руссия ва аз он ҷо ба шаҳри Сиэтли ИМА ҳиҷрат кард. То моҳи майи соли 2013 ҳамон ҷо иқомат дошт. Аз 29 майи соли 2013 ба Тоҷикистон баргашт ва дар Душанбе зиндагӣ дорад. Нахустин шеърҳои Бозор Собир солҳои 60 асри 20 дар матбуоти Тоҷикистон ба табъ расиданд. Муаллифи маҷмӯаҳои «Пайванд» (1972), «Оташбарг» (1974), «Гули хор» (1978), «Мижгони шаб» (1981), «Офтобниҳол» (1982), «Оташбарг» (1984; бо ҳуруфи форсӣ», соли 1990 ба забони русӣ) «Бо чашидан, бо чамидан» (1987), «Чашми сафедор» (1991), «Симхор» (1995), «Аз Ватан вақте ки мерафтам» (1999), «Аз гули хор то симхор» (2003), «Шоиру шеъре агар ҳаст» (2004), «Хуни қалам» (2010), «Лолаи сиёҳ» (2010). Инчунин баргузидаи ашъораш соли 1995 дар ЧИЭ («Баргузидаи ашъори устод Бозор Собир») ба табъ расид. Бозор Собир шоири лирик аст. Мавзӯъҳои ашъораш ба олами ҳиссиёт, махсусиятҳои идрок, доираи ҷаҳонбинӣ, паҳлуҳои дунёфаҳмӣ ва меъёрҳои инсоншиносии қаҳрамони лирикии шеър сахт вобаста мебошад. Хусусияти субъективӣ ва эътибори лиризми ҳаяҷонбахшу андешапарвар дар тамоми анвои шеъри Бозор Собир бар мабдаъ ва ҷанбаи объективӣ бартарии комил дорад. Ба ин маънӣ дар назми тасвирӣ, ашъори манзаравӣ ва ошиқонаи ӯ тасвирҳои равонию драматикӣ кам нестанд. Дар шеъри Бозор Собир руҳияи худи шоир ва ҳиссиёту андешаҳои ботинии ӯ нисбат ба аҳли заҳмат зикр шудааст. Дар шеърҳояш ҳалли масъалахои иҷтимоӣ бар таърихият ва инсондустӣ асос ёфта, ба тавассути андешаҳо, мулоҳизаву муҳокимаҳои фалсафӣ ифода шудаанд. Мафҳум ва тасвири Ватан дар ашъори Бозор Собир пайваста бо саҳфаҳои таърих ва такмили дарку эхсоси қаҳрамони лирикӣ таҳаввул ёфта, мазмунан амиқ аст ва ба шахси қаҳрамони лирикӣ пайвандӣ дорад:

Агар мо дарду ғам дорем,

Ватан ҳам дарду ғам дорад…

Ватан хунест, к-он дар шаҳраги хунгарди мо ҷорист…

Ватан бо мост.

Шукри обу хоку оташаш, мо низ бо ӯем.

Дар олам хоми моро оташӣ ӯ метавонад пухт,

Дар олам хушки моро метавонад оби ӯ тар кард.

Пайванди ҳастии инсон, халқ бо Ватан мазмуни ғоявии бисёр шеърҳои Бозор Собирро ташкил медиҳад («Кӯҳистон», «Хати сурх», «Хона», «Шабе дур аз Ватан»). Дар як қатор шеърҳои ӯ, ки ба мавзӯи Ватан марбутанд, назари таърихии қаҳрамони лирикӣ мақоми махсус дорад. Дар онҳо саҳифаҳои қаҳрамонию фоҷеаомези таърихи халқу Ватан аз эхсосу тафаккури қаҳрамони лирикӣ гузашта, манзараҳои драматикии ҳаёту муборизаи аҷдоди халқи тоҷик, фарзандони барӯманди ӯ баҳри озодию ободӣ ба ҷилва меоянд («Забони модарӣ», «Теғи Сино», «Бухоро», «Ман худамро кушта-кушта» ва ғайра). Як силсила шеърҳои Бозор Собир ба васфи Тоҷикистон, зодгоҳ, кӯҳистони диёри офтобиамон бахшида шудааст («Тоҷикистон», «Дар оғуши кӯҳистон», «Душанбе», «Ҳасад мебарам»). Дар шеърҳое, ки шоир дар бораи ашхоси маъруфи гузаштаву имрӯза навиштааст, тавассути образи бадеӣ пайванди шахсро бо халқ ва Ватан таъкид намудааст («Фирдавсӣ», «Муҷассамаи Айнӣ», «Қисмати шоир», «Туро ҳамчун Бухоро дӯст медорам», «Сафаре ба дилҳо» ва ғайра). Як қисми муҳимми эҷодиёти Бозор Собир ба васфу тараннуми заҳмати фидокорона ва корномаҳои таърихии халқи шӯравӣ («Кафшер», «Антигона», «Сарбоз», «Пирамард»), ба ситоиши деҳқони тоҷик («Фарзанди деҳқон», «Мо кӯдакон будем…»), ба ёди айёми кудакию наврасӣ («Кӯдакӣ ку?» «Кӯдакиям ҳануз гирён аст» ва ғайра) бахшида шуда, хамаи ин шеърҳо саршори оҳангҳои гражданӣ мебошанд.

Дар ашъори Бозор Собир тасвири манзараҳои табиат пайваста бо вазъу ҳолатҳои гуногуни қаҳрамони лирикӣ омада, во­ситаи ифодаи ғалаёни фикру андеша, оҳангҳои иҷтимоӣ ва ҳиссиёти ошиқона мегардад («Ширмаҳтоб», «Барф», «Абрҳо», «Тирамоҳ», «Борон», «Дар зери шаршара» ва ғайра).

Мақому манзалати инсон дар ҷамъият, масъулияти шоир дар назди таърих ва башар, моҳият ва мақсаду вазифаҳои каломи бадеъ дар ҳаёти инсоният мундариҷаи як силсилаи шеърҳои Бозор Собирро ташкил медиҳад («Асп», «Пас аз мо», «Роҳҳо», «Саҳна»), муроҷиат ба воқеаҳои ҷудогонаи асри 20 боиси дар эҷодиёти Бозор Собир ба миён омадани шеърҳое гардида- аст, ки дар онҳо андешаҳои иҷтимоию фалсафии шоир оид ба имрӯзу фардои башар ифода гардидаанд («Кӯч мебандам», «Асри XX», «Ба хотираи «Союз-11»). Ашъори ишқии Бозор Собир нарму беғаш, саршори суруру шодмонӣ, ғаму ғусса, умедворию навмедист, ки ҳама хосиятҳои ошиқон мебошанд.

Ашъори Бозор Собир дар ташаккули шеъри муосири тоҷик нақши намоён гузоштаанд. Ӯ яке аз пешгомони шеъри тасвирӣ дар адабиёт ва назми муосири тоҷик аст. Дар шеъри Бозор Собир унсурҳои вуқӯъгӯию романтизм, сентиментализму имажинизм ба ҳам омада, боиси гуногунрангии тобишҳои услубии эҷодиёти ӯ гардидаанд. Биниши зебоипарастию бадеии Бозор Собир бар дардошноию хайрхоҳӣ нисбат ба падидаву ҳодисоти муҳит асос ёфтааст. Дар баъзе шеърҳояш таъсири шеъри нави Эрон ба назар мерасад («Пас аз мо», «Ситораҳо», «Кӯч мебандам» ва ғайра). Дар ашъори солҳои охираш пазмонӣ ба Ватан, ёди айёми наврасию ҷавонӣ, табиату манзараҳои Тоҷикистон, ашхоси барояш қарин, гила аз беадолатиҳои иҷтимоии ҷаҳони сармоядорӣ бештар садо медиҳанд.

Бозор Собир дар қолабҳои анъанавӣ, ба усули арӯзи озод ва шеъри сафед эҷод мекунад. Шогирдони бисёре тарбият кардааст, ки иддае аз онҳо ҳоло шоирони номиянд (Раҳмат Назрӣ, Низом Қосим, Парда Ҳабиб, Сайёди Ғаффор ва дигарон). Намунаҳои ашъораш ба забонҳои русӣ, украинӣ, ӯзбекӣ, арманӣ, гурҷӣ, литвонӣ тарҷума шудаанд. Аз осори Ҷ. Байрон, А. Рембо, П. Неруда, Г. Аполлинер, Р. Ҳамзатов, С. Есенин, Э. Межелайтис, М. Светлов, А. Орифов ва дигар адибони хориҷию собиқ шуравӣ ба за­бони тоҷикӣ тарҷумаҳо дорад. Бо грамотаҳои фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, ордени Ситораи Президент (2013) сарфароз гардидааст. Барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (1990), узви ИН Тоҷикистон аз соли 1973.

Адабиёт; Абдураҳмони Абдуманнон. Пиндорҳо ва ангорҳо. Душанбе, 2006.

А. Абдуманнонов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …