Маълумоти охирин
Главная / Варзиш / БОЗИҲОИ ВАРЗИШӢ

БОЗИҲОИ ВАРЗИШӢ

varzishБОЗИҲОИ ВАРЗИШӢ, навъи бозиҳои мусобиқавӣ. Бо ягон олоти варзишӣ (масалан, тӯби варзишӣ) бо истифода аз усулҳои техникию тактикӣ ба дарвоза ё майдончаи ҳариф задан ё партофтани туб. Мазмуну ташкили Бозиҳои варзишӣ ба тавассути қоидаҳои расмӣ ба низом медарояд. Аксарияти Бозиҳои варзишӣ аз маҷмӯи ҳаракатҳои табиӣ, машқҳои ҷисмонӣ (дав, ҷаҳиш, партофтан, зарба задан ва ғайра) иборатанд. Бозигар ҳангоми қувваозмоӣ бо ҳарифаш аз онҳо истифода мебарад ва қувваозмоӣ бо ғолибият анҷом меёбад. Дар бисёр Бозиҳои варзишӣ варзишгарон бевосита алоқамандона қувваозмоӣ ме­кунанд. Бозиҳои варзишӣ аз сабаби содагии мазмун ва ташкил ба ширкатдорону тамошобинон таъсири эҳсосотӣ (эмотсионалӣ) расонидан васеъ паҳн шудаанд. Бозиҳои варзишӣ тимӣ (масалан, во­лейбол, гандбол, хамаи намудҳои хоккей), инфиродӣ (масалан, шоҳмот, шашка) ва тимию инфиродӣ (масалан, бадмин­тон, голфу тенниси руйи миз, теннис) мешаванд. Бозиҳои варзишӣ дар байни одамони ҷинс ва синну солашон гуногун паҳн шу­даанд. Одатан баъзе намудҳои Бозиҳои варзишӣ қувваи зиёди ҷисмониро тақозо доранд (масалан, тӯббозӣ дар об, регби, хоккей). Қоидаҳои баргузор намудани Бозиҳои варзишӣро федератсияҳои байналмилалии дахлдор таҳия мекунанд. Бозиҳои варзишии миллиро фе­дератсияҳои миллӣ инкишоф дода, мусобиқаҳои миллӣ ва байналмилалӣ доир мекунанд (нигар Федератсияи бай- налмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА), Федерат­сияҳои варзишии Тоҷикистон). Аз руйи Бозиҳои варзишӣ чемпионатҳои ҷаҳонӣ, минтақавӣ, давлатҳои алоҳида баргузор карда ме­шаванд. Бозиҳои варзишӣ ба барномаи Бозиҳои олимпӣ дохил карда шу­даанд. Дар як қатор давлатҳо билярд ва баъзе намудҳои картабозӣ, масалан, бриҷ ва ғайраро Бозиҳои варзишӣ мешуморанд.

Инчунин кобед

futbol

ФУТБОЛ

ФУТБОЛ (англисӣ fоо1bаll, аз fооt— пой ва bаll — тӯб), як навъи спортро гӯянд, ки …