Главная / Варзиш / БОЗИҲОИ ПАНҶУМИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

БОЗИҲОИ ПАНҶУМИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

gushtingБОЗИҲОИ ПАНҶУМИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ, мусобиқаи варзишии байналмилалӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ. Бозиҳои панҷуми Осиёи Марказӣ аз 14 то 20 октябри 2003 дар шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода баргузор гардид. Ба  барномаи Бозиҳои панҷуми Осиёи Марказӣ чунин намудҳои варзиш дохил карда шуда буд: гӯштини тарзи озод, гӯштини юнонӣ-румӣ, дзюдо, бокс, таэквандо (ВТФ), баскетбол, волейбол, тирандозӣ, теннис, гӯштини «қураш». Дар Бозиҳои панҷуми Осиёи Марказӣ ҷойи 1-умро варзишгарони Ҷумҳурии Қазоқистон, ҷойи 2-юмро варзишгарони Ҷумҳурии Ӯзбекистон соҳиб шуданд. Варзишгарони Тоҷикистон 17 медали тилло, 22 медали нуқра ва 18 медали биринҷӣ ба даст оварда, ҷойи 3-юмро ишғол карданд. Ғолибони Бозиҳои панҷуми Осиёи Марказӣ аз Тоҷикистон инҳо буданд: К. Коробко, Л. Рубаева, С. Хозратова (таэквандо- ВТФ), Ш. Достиев, X. Ҷураев (бокс), Ю. Абдусаломов, Ш. Алиев (гӯштини тарзи озод), М. Тӯйчиев (гӯштини юнонӣ-румӣ), П. Собиров, Р. Боқиев, Ш. Бозоров (дзюдо), М. Бобоев, И. Фозилов, Д. Назруллоев (тэквандо-ВТФ), Д. Назаров, С. Стаканов (варзиши сабук), М. Яҳёев, С. Макашин (теннис). Ғолибони Бозиҳои панҷуми Осиёи Марказӣ бо мошинаҳои сабукрав (мардҳо) ва хонаи иқоматӣ дар шаҳри Душанбе (бонувон) сарфароз гардонда шуданд.

Л. Бобоҷонов

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

borndalen

БОРНДАЛЕН

БОРНДАЛЕН, Бёрндален (Bjorndalen) Уле Эйнар (27. 1.1974), варзишгари норвегӣ (биатлон, лижаронӣ). Чемпиони Бозиҳои олимпӣ дар …