Главная / Варзиш / БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ

bozihoi-olimpiБОЗИҲОИ ОЛИМПӢ, 1) ид ва мусобиқаҳои оммавӣ дар Юнони Қадим. Мувофики анъанаи таърихӣ аз соли 776 то милод ҳар 4 сол як бор дар шаҳрчаи Олимп (шимоли ғарбии Пелопоннеси вилояти Элида) баргузор мегардид. Ба ин муносибат дар ин ҷо варзишгоҳҳо, ҳавзҳои шиноварӣ, гимнасия (машқгоҳ), ҳарамҳо ва ғайра сохта мешуданд. Дар майдони махсус маҳсулоти хоҷагии халқ намоиш дода мешуд. Дар рафти Бозиҳои олимпӣ баробари варзишгарон олимон, файласуфон, навозандагону рассомони машҳур ва арбобони давлатӣ низ ҷамъ меомаданд. Рӯзҳои омад ва бозгашти варзишгарон дар Бозиҳои олимпии Юнони Қадим оташбасти муқаддас эълон карда мешуд. Дар мусобиқа варзишга­рон аз рӯйи вазнбардорӣ, шамшерзанӣ, найзапартоӣ, камонварӣ, муштзанӣ (бокс), давидан ва ғайра қувваозмоӣ намуда, анъанаҳои гуногунро иҷро мекарданд. Дар мусобиқа фақат мардҳо иштирок менамуданд. Барои занҳо бозиҳои алоҳида ташкил мекарданд. Ғолибон бо мукофотҳо сарфароз мегардиданд. Туҳфаи асосӣ тоҷи сари аз навдаҳои дарахти зайтун бо корди тилоӣ буридашуда буд. Баргузории Бозиҳои олимпӣ дар асри 4 баъди ба ҷойи бутпарастӣ густариш ёфтани дини масеҳӣ манъ карда шуд. 2) Калонтарин маҷмӯи мусобиқаҳои байналмилалии замони ҳозира. Асосгузори Бозиҳои олимпии муосир – шаҳрванди Фаронса Барон Пер де Кубертен. Шарт, қоида ва низомномаҳои Бозиҳои олимпиро конгресси байналмилалии соли 1894-уми Порис, ки дар он намояндагони 34 мамлакат ширкат доштанд, муайян кардааст. Мақоми роҳбарикунандаи Бозиҳои олимпии муосир Кумитаи байналмилалии олимпӣ мебошад. Нахустин Бозиҳои олимпии муосир соли 1896 дар шаҳри Афина (Юнон) баргузор гардид. Аз соли 1924 то имрӯз Бозиҳои олимпии зимистона низ бар­гузор мегарданд. Бозиҳои олимпии VI (1916), XII (1940) ва XIII (1944) аз сабаби ҷангҳои якум ва дуюми ҷаҳонӣ баргузор нашудаанд. Аввалин ширкатдори Бозиҳои олимпӣ аз Тоҷикистон варзишгар – қаиқрон Иброҳим Ҳасанов (соли 1960, дар Бозиҳои олимпии XVII шаҳри Руми Итолиё) мебошад. Варзишгар Юрий Лобанов дар Бозиҳои олимпии XX Мюнхен (1972) оид ба қаиқронӣ ғолиб омад. Зебунисо Рустамова дар Бозиҳои олимпии XXI Монреал (1976) оид ба камонварӣ соҳиби медали биринҷӣ гардид. Дар Бозиҳои олимпии XXII Маскав (1980) Анатолий Старостин оид ба панҷҳарбаи муосир соҳиби ду медали тилло (дар ҳайати даста ва шахсӣ) ва Юрий Лобанов соҳиби медали биринҷӣ гаштаанд. Соли 1992 варзишгари тоҷик Андрей Абдувалиев дар гурзпартоӣ чемпиони Бозиҳои олимпии шаҳри Барсело­на (Испания) шуд. Дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии XXIX Пекин (2008) Юсуф Абдусаломов оид ба гӯштини тарзи озод ҷойи 2-юм, Расул Боқиев оид ба гӯштини дзюдо ҷойи 3-юм ва муштзандухтари тоҷик Мавзуна Чориева дар Олимпиадаи Лондон (2013) соҳиби медали биринҷӣ гардиданд.

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

borndalen

БОРНДАЛЕН

БОРНДАЛЕН, Бёрндален (Bjorndalen) Уле Эйнар (27. 1.1974), варзишгари норвегӣ (биатлон, лижаронӣ). Чемпиони Бозиҳои олимпӣ дар …