Маълумоти охирин
Главная / Варзиш / БОЗИҲОИ МИЛЛӢ ВА МАРДУМӢ

БОЗИҲОИ МИЛЛӢ ВА МАРДУМӢ

bozihoi-milliБОЗИҲОИ МИЛЛӢ ВА МАРДУМӢ, фаъолиятҳоеянд, ки хамчун воситаи тафреҳӣ ва дилхушӣ дар байни мардум новобаста ба синну сол аз замонҳои қадим то имрӯз барои тарбияи варзишӣ, ахлоқӣ ва зебоишиносии инсон хидмат мекунанд. Бархе аз Бозиҳои миллӣ ва мардумӣ дар замони бостон (аҳди Сосониён) роиҷ буданд ва то имрӯз расидаанд. Дар китоби «Хусрав ва редак» (редак – ғулом) номи бархе аз Бозиҳои миллӣ ва мардумии тоҷикон омадааст: расанвозиг – расанбозӣ; занҷирвозиг – занҷирбозӣ, дорвозиг – дорбозӣ, морвозиг – морбозӣ, чамнбарвозиг – чанбарбозӣ, тирвозиг – тирандозӣ, тосвозиг – тосбозӣ (косабозӣ), вандвозиг – бандбозӣ, андарвойвозиг – муаллақ задан, зинвозиг – чобукӣ ва маҳорат дар ба кор бурдани ҷангафзор, гӯйвозиг — гӯйбозӣ, шамшервозиг – шамшербозӣ, дашнавозиг – ханҷарбозӣ, варзвозиг — гурзбозӣ, шишаквозӣ – шишабозӣ, яъне, бозӣ бо пиёла ва сурохӣ; кабигвозиг – маймунбозӣ, шатранҷ, нард, ҳаштбой ва ғайра Як бахши муҳимми Бозиҳои миллӣ ва мардумӣ бозиҳои кудакон мебошанд. Ин бозиҳоро капонсолон ба кудакон ёд медиҳанд ва худи онҳо раванди бозиро идора карда, онҳоро ба роҳи дуруст равона месозанд. Дар ин бозиҳо калонсолон таронаҳо хонда, суханҳои шӯхиомези кӯдакона мегӯянд ва ҳаракатҳои сода мекунанд. Масалан, бозиҳои сарак-сарак, ҳадурсӣ, ҳавзак-ҳавзак, лелак-лелак, додари додарон, шутури лӯкка, абулакам, дорбоз, сагакум, огулакум аз ҷумлаи чунин Бозиҳои миллӣ ва мардумӣ аст, ки калонсолон ба воситаи ҳаракати панҷаи даст, пой, лаб, даҳон, қиёфабозӣ кудакро саргарм ме­намоянд. Бахши дигари Бозиҳои миллӣ ва мардумӣ хосси наврасону ҷавонон буда, бештар барои нишон додани маҳорат, талошу кӯшиши дар байни ҳамсолон пайдо кардани мавқеи муайян раво­на карда шудааст. Онҳо неруи ақлонӣ, ҷисмонӣ, чусту чолокӣ ва таҳаммули хешро дар чунин бозиҳо нишон медиҳанд. Атал-матал, Сафедчӯбак, Сангчабозӣ, Тасмабозӣ, Бодпарак, Буҷулбозӣ, Шудбур, Аспгирак, Каппа-каппабозӣ, Кӣ зӯртар, Яккалингбозӣ, Гачабозӣ, Лолачинӣ, Давранишинӣ, Рустшавакон, Тухмбозӣ, Китфчанг, Зувбарак, Ваҷабпарак, Гушкашак, Мусичабозӣ, Ҷумъабозӣ, Гиргиракбозӣ, Бандбозӣ, Донакбозӣ, Фалахмонбозӣ, Камонбозӣ, Лойбозӣ, Қолбозӣ, Акколбозӣ, Лаклакбозӣ, Кабутарбозӣ, Ланкабозӣ, Аспакбозӣ, Иштибозӣ, Лаптабозӣ, Тухмҷанг, Хурусҷанг, Сагҷанг, Ҷаҳакбозӣ, Алафдаравак, Лашбозӣ, Таёқбурӣ, Кӯрабозӣ, Харбузапухт, Равотбозӣ, Чормағзбозӣ, Подшоҳбозӣ, Хаппакбозӣ, Гӯшакбозӣ, Аскарбозӣ, Чистонгӯӣ, Чистонбулбулон, Тутикал, Парид-парид, Мактаббозӣ, Меҳмонбозӣ, Барфбозӣ, Яхмолакбозӣ, Қадама, Тоқизанак, Бингина, Тезгӯяк, Қофиябозӣ, Мушоира, Байтбарак, Нардбозӣ, Шатранҷбозӣ аз ҷумлаи чунин бозиҳо мебошанд. Дар аксари ин бозиҳо духтарон хеле фаъолона иштирок менамоянд. Илова бар ин духта­рон боз бозиҳои махсуси худро, ба монанди лухтакбозӣ (зочабозӣ), арӯсбозӣ, сангчабозӣ, меҳмонбозӣ ва ғайра до­ранд, ки дар байни писарбачагон мавҷуд нест.

Бозиҳои миллӣ ва мардумии Бузкашӣ, Пиёдакашак, Лаклакбозӣ, Чавгонбозӣ, Сараспа, Зарбузӣ, Қабақ, Найзабозӣ ва ғайра бештар дар бай­ни калонсолон маъруф аст. Баъзе Бозиҳои миллӣ ва мардумӣ намоишианд, ки аз замонҳои қадим то имрӯз дар байни мардуми тоҷик роиҷ буда, аз ҷониби ҳунармандон, масхарабозон ва ширинкорони халқӣ дар маъракаҳо, маҳфилҳо ва ҷашну идҳо ҳамчун драмаи халқӣ иҷро карда мешуданд. Бозиҳои миллӣ ва мардумии Дорбозӣ, Масхарабозӣ, Қофиябозӣ (Аксия), Барфӣ, Аҷинабозӣ, Албастибозӣ, Девбозӣ, Шайтонбозӣ, Гургбозӣ, Сағирбозӣ, Ҷайрабозӣ, Уқоббозӣ, Кафтарбозӣ, Бедонабозӣ, Кабкбозӣ, Қучқорбозӣ, Аспакбозӣ, Харбозӣ, Шолбозӣ аз ҷумлаи чунин бозиҳои намоишӣ буданд. Бозиҳои миллӣ ва мардумӣ барои рушди ақл, идрок, эҳсос, тахайюл, ирода, диққат, хотира ва амсоли инҳо саҳми бузург мегузоранд.

Адабиёт: Турсунов Н. Бозиҳои сеҳаракати тоҷикӣ. Душанбе, 1961; Ҳамон. Бозиҳои миллии тоҷикӣ. Душанбе, 1983; Шермуҳаммадов Б. Назми халқии бачагонаи тоҷик. Душанбе, 1973; Нурджонов Н. Традиционный театр тад­жиков. Ҷ 1-2. Душанбе, 2002; Dawoud Monchi – Zadeh, «Xurov I Kavatan иt Retak», in Мопитепttит Georg Morgenstierne II (=Acta Iranica, 22). Leiden, 1982.

Р. Раҳмонӣ.

Инчунин кобед

futbol

ФУТБОЛ

ФУТБОЛ (англисӣ fоо1bаll, аз fооt— пой ва bаll — тӯб), як навъи спортро гӯянд, ки …