Маълумоти охирин
Главная / Варзиш / БОЗИҲОИ ҒОИБОНА

БОЗИҲОИ ҒОИБОНА

bozii-goibonaБОЗИҲОИ ҒОИБОНА, чанд намуд аз мусобиқахои шоҳмот, ки ширкатдорони он дар фосилаи муайяне аз ҳам қарор доранд ва онҳо бо истифода аз кумаки ин ё он васоити мухобира бо ҳам бозӣ мекунанд. Бозиҳои ғоибона бар чанд навъанд: бозии мукотибаӣ, мусобиқа аз тариқи телеграф, мусобиқаи телефонӣ, мусобиқаи радиоӣ. Дар қиёс бо шоҳмоти маъмулӣ дар Бозиҳои ғоибона назорати катъии замон (барои андеша ба ҳар ҳаракат на соат, балки рӯзҳо дар назар аст) сарфи назар шудааст; дар ҷараёни бозӣ пешу пас рондани муҳраҳо, истифода аз қомуси адабиёти шоҳмот ва ғайра иҷозат дода мешавад. Бозиҳои ғоибона воситаи муҳиммест барои такмили маҳорати бозигар, бавижа дар баррасии мавқеъҳо ва омӯзиши назарияи дебютҳо.

Адабиёт: Шахматы. Энциклопедический словарь. Москва, 1990.

Инчунин кобед

futbol

ФУТБОЛ

ФУТБОЛ (англисӣ fоо1bаll, аз fооt— пой ва bаll — тӯб), як навъи спортро гӯянд, ки …