Маълумоти охирин
Главная / Варзиш / БОЗИҲОИ ДИДАКТИКӢ

БОЗИҲОИ ДИДАКТИКӢ

didakticheskie_igriБОЗИҲОИ ДИДАКТИКӢ, бозиҳое, ки махсус барои амалӣ гардондани ҳадафҳои таълими бачагони синни томактабӣ ва хурди мактабӣ муқаррар шудаанд. Онҳо қобилияти эҳсос намудани шакл, андоза, ранг, ҷойгиршавии ашё дар фазо, мушоҳидакорӣ, диққат, хотира, тафаккур, малакаи ҳисобкунӣ, нутқ, тасаввурот оид ба муҳити беруна ва дигар хусусиятҳои равонии бачагонро инкишоф медиҳанд. Бозиҳои дидактикӣ дар тарбияи маънавию ахлоқии кудакон низ аҳаммияти бузург доранд. Бозиҳои дидактикӣ ба воситаи коғазчаҳои ранга, картон, қутичаҳои расму ҳарфдор, лото, манорачаҳои чубӣ ва ғайра сурат мегиранд. Онҳо дар кудакон эҳсоси коллективизм, мустақилӣ, ҳадафмандӣ, рафтор мувофиқи меъёрҳои ҷамъиятӣ ва ғайраро бедор менамоянд.

Адабиёт: Луғати тафсирии ислоҳоти педагогика. Душанбе, 1988; Қодиров Қ. Б., Давлатов М. Т., Расулов С. X. Вожаномаи тафсирии истилоҳоти психологӣ ва педагогӣ. Душанбе, 2008.                     

X. Рахимов.

Инчунин кобед

futbol

ФУТБОЛ

ФУТБОЛ (англисӣ fоо1bаll, аз fооt— пой ва bаll — тӯб), як навъи спортро гӯянд, ки …