Маълумоти охирин
Главная / Варзиш / БОЗИҲОИ БАЧАГОН

БОЗИҲОИ БАЧАГОН

detskie-igryБОЗИҲОИ БАЧАГОН, яке аз воситаҳои тарбияи фикрӣ, ахлоқӣ, ҷисмонӣ ва зебоишиносии бачахо. Дар бозӣ ҳолатхои рӯҳӣ: эҳсосот, идрок, тафаккур, хаёл, хотира, ирода ва ғайра инкишоф меёбад. Дар Бозиҳои бачагон мазмуни фаъолияти калонсолон инъикос меёбад ва онҳо се хусусият доранд: бача бозиро озод ва бо майли худ иҷро мекунад; дар бозӣ ширкат карда, эҷодкорӣ менамояд; дар бозӣ саргарм шуда ба завқ меояд ва дар вай ҳисси дӯстию рафоқат меафзояд. Бозиҳои бачагон ба бозӣ бо бозичаҳо, бозиҳои тақлидӣ, серҳаракат ва бозиҳои дидактикӣ тақсим мешавад: 1) бозӣ бо бозичаҳо асосан ба бачаҳои синну соли мактабӣ хос аст (масалан, шакшакабозӣ, регбозӣ ва ғайра); 2) дар бозиҳои тақлидӣ бачаҳо ба фаъолияти бузургсолон тақлид мекунанд (ронанда, духтур, фурӯшанда ва ғайра). Ин бозиҳо воқеаҳои муҳити атрофи бачаҳоро акс менамоянд. Баробари камолоти бачаҳо бозиҳояшон ҳам мураккаб мешавад; 3) бозиҳои серҳаракатро бачаҳо танҳо ё гурӯх-гурӯҳ иҷро мекунанд (масалан, чашмбандак, акколбозӣ, аскарбозӣ ва ғайра). Ин бозиҳо бештар ба бачаҳои синни мактабӣ хос буда, саломатию иродаи онҳоро мустаҳкам ва қобилияташонро афзун мекунанд; 4) бозиҳои ди­дактикӣ барои тарбияи ақлии бачаҳо аҳаммият доранд ва бештар ба бачаҳои гурӯҳи калони боғча ва талабагони синфҳои ибтидоӣ хоссанд (лотобозиҳои махсус, чистон ва ғайра). Дар ин бозиҳо эҳсос, идрок, диққат, хотир инкишоф меёбад.

Адабиёт: Луғати тафсирии истилоҳоти педагогика. Душанбе, 1988.

Инчунин кобед

futbol

ФУТБОЛ

ФУТБОЛ (англисӣ fоо1bаll, аз fооt— пой ва bаll — тӯб), як навъи спортро гӯянд, ки …