Маълумоти охирин

БОЗИЧА

bozichaБОЗИЧА, ашё барои бозии бачаҳо мисли лухтак, тӯб, камонак, мошинча, образҳои ҳайвонот ва парандаҳои аз чӯб ва лой сохташуда ва ғайра. Бозичаҳо дастӣ ва истеҳсолӣ мешаванд. Онҳоро аз чӯб, лой, охан, пластмасса ва ғайра месозанд. Аз рӯйи истифода Бозичаҳо сенсорӣ, образнок, истеҳсолӣ, техникӣ, ҷамъиятӣ-маишӣ ва ғайра мешаванд. Бозичахо ба тарбияи фикрӣ, ҷисмонӣ ва зебоишиносии бачагон, ба­рои донистани ҳақиқати олами атроф ёрӣ мерасонанд. Бозича тафаккур, нутқ ва хотираи бачагонро инкишоф дода, ташаббуси эҷодии онҳоро бедор мекунад. Навъ, хусусият, мазмун ва ороиши Бозича ба синну сол, инкишоф ва вазифаҳои мушаххаси тарбиявии он вобаста аст. Бозичахо дар шакли образҳои одамон, хайвонот, олати меҳнат, ашёи рӯзгор аз давраҳои қадим маълум буданд: лухтакҳои аз чӯб ва матоъ сохташуда, шақлҳои ҳайвонот, тӯбҳои чармин ва ғайра. Ҳар Бозича вазифаи ба худ хос дорад.

Адабиёт: Луғати тафсирии истилоҳоти педагогика Душанбе, 1988.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …