Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / БОЗИ ПАРОН

БОЗИ ПАРОН

bozi-paronБОЗИ ПАРОН, деҳа дар ҷамоати деҳоти Чилдухтарони ноҳияи Муъминобод. Аз Бози парон то маркази ҷамоат 12 км, то маркази ноҳия 42 км; роҳ автомобилгард. Ахолиаш 63 нафар (2013). Дар деҳа филиали мактаби рақами 51-и деҳаи Синҷӣ бо як дарсхона бунёд шудааст. Талабагон таҳсилро минбаъд дар мактаби деҳаи Синҷӣ идома медиҳанд. Соҳахои асосии хоҷагӣ: сабзавоткорӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз чашмаҳо обёрӣ мешаванд. Таърихи пайдоиши Бози парон номаълум. То ҳол ҳафриёти бостоншиносӣ сурат нагирифтаанд. Мардумаш ҳангоми сохтмони биноҳо аз умқи замин устухони одамӣ пайдо мекардаанд.

Солхои 1949-50 аҳолиаш пурра ба ноҳияҳои Кулобу Восеъ муҳоҷир шуда, деҳа беодам монда буд. Солҳои 60-ум як қисми аҳолӣ баргашта деҳаи Бози парон (10 буна) дубора дар ҳайата к-зи Томини ноҳияи Восеъ бо сарварии раиси к-зи онвақта Карим Уроқов (Карим Ғурак) барқарор гардид.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …