Маълумоти охирин
Главная / Илм / БОЗЕ

БОЗЕ

boseБОЗЕ Шатендранатҳ (1.1.1894, Калкатта – 4.2.1974, ҳамон ҷо), физик ва риёзидони ҳинд, узви Ҷамъияти шоҳии Лондон (1958), профессор миллии Ҳиндустон (1958). Соли 1915 Ун-ти Калкаттаро хатм кардааст. Солҳои 1924— 25 дар Порис таҳти роҳбарии М Склодовская-Кюри кор кард. Профессор ун-тҳои Дакка (1926-45) ва Калкатта (1945 – 56). Бозе дар соҳаи механикаи квантӣ ва омори квантӣ таҳқиқот карда, формулаи Планк- ро барои тақсимоти энергияе, ки ҷисми мутлақ сиёҳ меафканад, татбиқ намуд ва сипас такмил дод. Ӯ чунин нуктаи назареро ба асос гирифт, ки мувофиқи он ду ҳолати силсила (система)-ро, ки бо ҷойивазкунии квантҳои ҳамгуна дар фазои фазавӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд, ба монанд ҳисобидан мумкин аст. Усули Бозеро А. Эйнштейн инкишоф дода, онро барон гази идеалӣ татбиқ намуд ва бо ҳамин омори квантии Бозе-Эйнштейн – ро асос гузошт (нигар Физикаи оморӣ). Зарраҳои тобеи ин оморро ба шарафн Бозе Бозе-зарра ё бозон меноманд. Ин зарраҳо ҳомили қувва мебошанд.

Н. Салимов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …