Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / БОЗДОШТ

БОЗДОШТ

arestБОЗДОШТ, дар ҳуқуқи ҷиноятӣ дастгир кардани шахс – ба мақомоти таъқиби ҷиноятӣ овардан ва ба муҳлати кутоҳ дар ҷойҳои махсус бо тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ нигоҳ доштан (аз озодӣ маҳрум сохтан)-и шахс, дар як вақт харакати тафтишотӣ ва чораи маҷбуркунии ҳуқуқи-мурофиавӣ буда, аз ҷониби таҳқиқкунанда ё муфаттиш бо мақсади дақиқ кардани ширкати вай дар ҷиноят, муқаррар намудани ҳолатҳои барои парванда аҳаммиятдошта ва ҳалли масъалаи марбути ӯ татбиқ намуда­ни чораи пешгирӣ ба амал бароварда мешавад. Шахсро мақомоти пешбурди таъқиби ҷиноятӣ дар доираи ваколатҳои худ дар содир намудани ҷиноят ба шарте гумонбар ҳисобида, Боздошт карда метавонад, ки яке аз асосҳои зе­рин мавҷуд бошад:

  • дар вақти содир кардани ҷиноят ё бевосита баъди со­дир кардани он Боздошт шуда бошад;
  • шоҳидони ҳодиса, аз ҷумла ҷабрдида, бевосита шахси ҷиноятсодирнамударо нишон диҳанд;
  • дар бадан, либос, ашёе, ки хамроҳи шахс бошад, дар чизҳои истифодакарда, манзил, ҷойи кор ё воситаи нақлиёти ӯ осори баръалои ҷиноят ошкор карда шуда бо­шанд, ки аз шарик будани ӯ дар содир намудани ҷиноят дарак диҳанд;
  • агар асосҳои дигари кофии гумонбар шудани шахс дар содир намудани ҷиноят мавҷуд бошанд, ба шарте ки вай кӯшиши аз ҷойи ҳодиса ё аз мақомоти таъқиби ҷиноят пинҳон шуданро карда бошад, ё шахсияташ муайян карда нашуда бошад (Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, моддаи 92).

Бо ин ҳолатҳо Боздошти шахс то оғоз  кардани парвандаи ҷиноятӣ мумкин аст. Бояд масъалаи оғоз  кардани парван­даи ҷиноятӣ аз тарафи мақомоти таъқиби ҷиноятӣ дар давоми 12 соат аз лаҳзаи Боздошт ҳал карда шавад. Дар сурати дар муҳлати муқарраргардида кабул накардани қарор оид ба оғози парвандаи ҷиноятӣ ва ё рад кардани оғози парвандаи ҷиноятӣ шахсе, ки Боздошт шудааст, бояд озод карда шавад (КМҶ, моддаи 94). Шахсро бо асосҳои зикршуда аз лаҳзаи Боздошт зиёда аз 72 соат нигоҳ доштан мумкин нест. Баъди гузаштани ин муҳлат шахсе, ки Боздоҳт шудааст, бояд аз ҳабс озод карда шавад ё дар хаққи ӯ чораи дигари пешгирии дар қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ пешбинишуда татбиқ карда шавад (КМҶ, моддаи 95).

Пас аз овардани дастгиршуда ба мақомоти таъқиби ҷиноят шахси мансабдор дар давоми се соат протокол тартиб дода, дар он асос, ҷой ва вақти дастгиркунии воқеӣ бо нишон додани рӯз, соату дақиқа, натиҷаҳои кофтукови шахсӣ ва вақти тартиб додани протоколро дарҷ менамояд. Протокол ба дастгиршуда эълон карда шуда, ҳуқуқҳоиӯ, аз ҷумла ҳуқуқ ба даъват намудани ҳимоятгар ва дар ҳузури вай додани нишондод бо сабти ин амал дар протокол фаҳмонида, дар он шахси протоколро тартибдода ва дастгиршуда имзо менамоянд.Таҳқиқкунанда ё муфаттиш вазифадоранд, ки дар давоми 24 соат аз лаҳзаи Боздошти гумонбаршуда дар ин бора ба прокурор тариқи хаттӣ хабар диҳанд (КМҶ, моддаи 94).

Боздошт дар ҳуқуқи маъмурӣ хамчун ҷазои асосии маъмурӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар шакли Боздошти маъмурии амали иҷозатнома барои машғул шудан ба намудҳои муайяни фаъолият ва Боздошти маъму­рии намуди муайяни фаъолият пешбинӣ шудааст (Кодек­си ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 36, кисми 1 зербандҳои 3 ва 6). Боздошти амали иҷозатномаи машғул шудан бо намуди муайяни фаъолият, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдор ба шахси воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ дода шудааст, ҳангоми аз ҷониби иҷозатномадор риоя на­кардани шарту талаботи иҷозатнома, танҳо бо ҳолатхои пешбининамудаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон мумкин аст. Муҳлати Боздошти маъмурии амали иҷозатномаи машғул шудан бо намуди муайяни фаъо­лият аз шаш моҳ зиёд буда наметавонад. Онро мақомоти иҷозатномадиҳанда таъйин менамояд (Кодекси ҳуқуқвай­ронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 40).

Боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият аз қатъшавии муваққатии фаъолияти шахси воқеӣ, ки фаъолияти соҳибкориро бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ анҷом додааст ва аз қатъшавии муваққатии фаъолияти шахси ҳуқуқӣ, фи- лиалҳо, намояндагиҳо, сохторҳои таркибӣ ва қитъахои истеҳсолии он, ҳамзамон истифодаи таҷҳизот, объектҳо, иморату иншоот, амалӣ намудани намудҳои муайяии фаъолият, кор ва хидматрасонӣ иборат мебошад. Он дар ҳолатҳои таҳдид ба ҳаёт ва саломатии одамон, рух додани эпидемия, эпизоотия, заҳролудшави (ифлосшавӣ)-и объектҳои таҳти карантин қарордошта ба воситаи объектҳои карантинӣ, сар задани садамаҳои радиатсионӣ ё фалокати техногенӣ, расонидани зарари ҷиддӣ ба ҳолат ва хусусияти муҳити зист ё ҳангоми содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи муомилоти маводди нашъадор, воситаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ, машрубот, маҳсулоти спиртдор, инчунин маҳсулоти тамоку ва дигар ҳолатҳои бевосита пешбининамудаи КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати то се моҳ муқаррар гардида, аз тарафи мақомоти ваколатдор дар асоси ҳолатҳо ва тартиби пешбинишуда таъйин мегардад (КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 43).

Боздошти тафтиши пешакӣ ё муҳокимаи судӣ дар ҳуқуқӣ мурофиавии ҷиноятӣ танаффуси муваққатӣ дар истеҳсолоти парвандаи ҷиноятӣ мебошад, ки онро қонун пешбинӣ намудааст ва сабабаш ғайби айбдоршаванда ва ғайримумкин будани иштироки ӯ дар баррасии парванда буда, барои идома ва хатми он монеа шуда метавонад. Тибқи талаботи қисми 1 моддаи 230 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми мавҷуд будани яке аз ҳолатхои зерин тафтиши пешакӣ Боздошт мешавад: вобаста ба муайян карда нашудани шахсе, ки бояд ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарӣ кашида шавад; дар ҳолате, ки айбдоршаванда аз тафтиш ё суд пинҳон шудааст, ё бо сабабҳои дигар маҳалли будубоши ӯ муайян карда нашудааст; дар сурати ба бемории рӯҳӣ ё бемории дигари вазнин гирифтор шудани айбдоршаванда, ки аз ҷониби духтури муассисаи табобатии давлатӣ тасдиқ карда шудааст; дар сурате, ки маҳалли будубоши айбдоршаванда маълум аст, вале во­баста ба ҳалли масъалаи маҳрум кардани айбдоршаванда аз масуният ё супоридани ӯ ба давлатӣ хориҷӣ, инчунин бинобар дар экспедитсия ё сафари хидматӣ зиёда аз ду моҳ буданаш имкони воқеии ширкати у дар кори парван­да мавҷуд нест.

Дар бораи Боздошти тафтиши пешакӣ муфатгиш қарори асоснок бароварда, нусхаи онро ба прокурор мефиристад. Дар ҳолати аз байн рафтани асосҳои Боздошт ё ба миён омадани зарурати пешбурди амали тафтишӣ, ки метавонад бе иштироки айбдоршаванда низ анҷом дода шавад, инчу­нин бо қарори асосноки прокурор, ки бо он қарори муфаттишро дар хусуси Боздошти тафтиш бекор намудааст, таф­тиши пешакии Боздоштшударо аз нав сар кардан мумкин аст (моддаи 233 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Ҳангоми муҳокимаи судии парванда агар судшаванда пинҳон шавад ё ба бемории рӯҳӣ, ё бемории дигари ваз­нин гирифтор шуда, яке аз ин ҳолатхо иштироки ӯро дар маҷлиси суд имконнопазир гардонад, суд пешбурди парвандаро нисбат ба ин судшаванда то кофтуков намудан, ё шифо ёфтани ӯ, ё гирифтани хулосаи экспертиза бозмедорад. Дар ҳолати нисбат ба якчанд судшаванда будани парванда пешбурди он нисбат ба дигар судшавандагон идома дода мешавад, вале агар муҳокимаи алохида ҳалли дурусти парвандаро мушкил гардонад, пешбурди парван­да пурра Боздошт мешавад. Дар хусуси Боздошти парванда ҳангоми муҳокимаи судӣ таъйиноти суд қабул ва эълон карда ме­шавад (моддаи 286 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Боздошти баррасии парванда дар ҳуқуқи мурофиавии граж­данӣ низ танаффуси муваққатӣ дар баррасии парванда ме­бошад, ки онро қонун пешбинӣ намудааст. Вале дар ҳуқуқи мурофиавии граждани қонунгузор ҳолатхои Боздошти бар­расии парвандаро ба ду гурӯҳи алоҳида: ухдадорӣ ва ҳуқуқи суд оид ба Боздошти баррасии парванда ҷудо намудааст.

Тибқи талаботи моддаи 220 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон суд уҳдадор аст, ки ҳангоми мавҷуд будани ҳолатҳои зерин баррасии парвандаро боздорад: фавти шаҳрванд, агар муносибатҳои баҳсноки ҳуқуқӣ ворисии ҳуқуқиро иҷозат диҳад; азнавташкилшавии шахси ҳуқуқӣ, ки дар парванда тараф ё шахси сеюми дороӣ талаботи мустақил мебошад; ғайри қобили амал эътироф намудани тараф ё набудани намояндаи қонунии шахсе, ки ғайри қобили амал эътироф шудааст; ширкати ҷавобгар дар амалиёти ҷангӣ, иҷрои вазифаҳо дар шароити вазъияти фавқулода ва ё ҳолати ҷангӣ, инчунин дар шароити муноқишаҳои мусаллаҳона, ё бо хоҳиши даъвогаре, ки дар амалиёти ҷангӣ иштирок мекунад, ё вазифаҳоро дар шароити вазъияти фавқулода ва ҳолати ҷангӣ, инчунин дар шароити муноқишаҳои мусаллаҳона анҷом медиҳад; имконнопазирии баррасии ҳамин парванда то ҳал намудани дигар парвандае, ки дар мурофиаи судии гражданӣ, ҷиноятӣ ё иутисодӣ баррасӣ карда мешавад; хангоми муроҷиати суд ба Су­ди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи конститутсионӣ будани қонуни татбикшуда, ё татбикшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда.

Ҳуқуқи судро оид ба Боздошти баррасии парванда қонунгузор дар моддаи 221 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш­бинӣ намудааст, ки инҳоянд: ҳангоми дар муассисаи табобатӣ будани тараф; ҷустуҷӯи ҷавобгар; аз ҷониби суд таъйин намудани экспертиза; таъйин намудани санҷиши шароити иқомат аз ҷониби мақомоти васӣ ва парастор оид ба парвандаҳои фарзандхонӣ ва дигар парвандаҳое, ки ба ҳуқуқ ва манфиатҳои кудакон дахл доранд; дар са­фари хидматӣ будани тараф; аз ҷониби суд ирсол наму­дани супориши судӣ.

Ширкатдорони парванда нисбат ба таъйинот оид ба Боздошти баррасии парванда метавонанд шикояти хусусӣ пешниҳод намоянд.

Адабиёт: Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2008; Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2009; Фарҳанги истилоҳоти хуқуқ. Душанбе, 2009; Кодекси хуқуқвайронкунии маьмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2013.                                                                                    

Д. Абдуллоев.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …