Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОЗДОРӢ

БОЗДОРӢ

bozdoriБОЗДОРӢ навъи сайд бо парандагони шикорӣ. Истилоҳи «Боздорӣ» аз калимаи «боз» пайдо шудааст. Дар сартосари Ховарзамин аз қадимулайём аҳли фан нисбат ба дигар парандагони шикорӣ ба боз (ё шоҳбоз) таваҷҷуҳи бештар доштанд. Боз парандаи бумии Осиёи Марказӣ буд ва фанни шикор бо паранда аз ҳамин боз падид омадааст. Бинобар ин Боздорӣ танхо ба боз хос набуда, ба мафҳуми умумии шикор бо парандагони шикорӣ ба кор рафтааст, чунки боз номи умумии чанд намуд парандагони соҳибчанголи шикорӣ (шоҳин, чарғ, шунқор, боша ва ғ.) аст (нигар Боз).

  Боздорӣ собиқаи бисёр қадим дорад. Ишороти афсонавӣ ва бархе аз шавоҳиди таърихӣ ҳикоят мекунанд, ки Боздорӣ (ши­кор бо парандагони шикорӣ) воситаи саргармӣ ва варзиши хосси ҳукмронон ва бузургони Машриқзамини пеш аз ислом будааст. Бино бар нақли Фирдавсӣ, шоҳи асотирии Эрон Таҳмурас нахустин касе буд, ки боз, шоҳин, юз ва сиёҳгӯшро барои шикор ром кард. Дар бораи арзиш ва қадри боз дар машриқзамини пеш аз ислом Умари Хайём дар «Наврӯзнома» ривоят мекунад, ки дар маросими дарбории Наврӯз мубади мубадон ҳадяҳои гаронбаҳое, аз ҷумла чоми зарини пур аз май, шамшер, асп ва бозе ба шоҳ тақдим мекард ва дар мавриди боз дар хитобаи худ чунин метуфт: «Шаҳо… бозат гиро бод ва хуҷаста ба шикор!»

  Дар даврахои баъдӣ низ шикор бо боз мисли пешин саргармии амирону бузургони мамлакат буд. Амирони Сомонӣ, султонҳову бузургони силсилаи турку муғул, ки дар Машриқзамин, аз ҷумла Осиёи Марказӣ ҳукмронӣ кардаанд, ба Боздорӣ шавқи зиёд доштанд. Онҳо дар дарбори худ ба унвони «Мири шикор» раёсате созмон медоданд. Дар «Наврӯзнома» дар ситоиши боз ва маҳбубияти он назди мулук омадааст: «Боз муниси шикоргоҳи мулук бувад аз бузургманишӣ ва покизагӣ. Ва пешиниён чунин гуфтаанд, ки шохи ҷонварони гӯштхор боз аст ва шохи чаҳорпоёни гиёҳхор асп аст ва аз баҳри ин ҳол боз ба му­лук махсустар аст, ки ба дигар мардумон. Ва мар-бозро ҳашматест, ки парандагони дигарро нест. Уқоб аз вай бузургтар аст, валекин вайро он ҳашмат нест, ки бозро».

  Нигоҳдорандаи мурғони шикориро «боздор» ва нигоҳубинкунандаи онҳоро «бозвор» мегуфтанд. Нигоҳубини мурғони шикорӣ ба уҳдаи ғуломони бозвор буд. Онҳо ба­рои тағзия ва таълими боз кабӯтар ва дигар парандагонро парвариш мекарданд. Фанни таълим вобаста ба навъи па­рандагони шикорӣ зери салоҳияти боздор низ буд. Боз­дор аз кумаки мутасаддиёни сагони тозӣ истифода ме­кард. Онҳо сагони тозии худро аз пайи оҳу ё харгуш сар медоданд ва боз ё чарғ дар ҳаво чархзанону парвозкунон аз дастаи сагон пеш рафта, нахчирро «кӯр» мекарду аз ҳаракат (давидан) бозмедошт.

  Боздорӣ дар давраи Сафавиён низ равнақ дошт. Шоҳаббоси аввал, ки монанди бобояш Таҳмосби аввал шефтаи Боздорӣ буд, ба бози маҳбуби худ лақаби «бози лаванд» дода буд. Соли 1622 ҳангоми шикор дар наздикии Натанз (Эрон) ин боз дар таъқиби кабке, ки аз бими ҷон худро ба даруни чоҳе афканд, дар об афтод ва пас аз соате, ки ӯро ба заҳмат аз чоҳ берун карданд, мурд. Шоҳ аз марги ин боз бисёр ғамгин шуд ва ба волии Натанз дастур дод, ки бар фарози куҳе аз самти шарқи Натанз барои ин боз мақбараи кӯчак, вале намоён бисозад. Ин мақбара ҳанӯз боқист.

  Дар Шарқ парандагони шикориро аз рӯйи ранги сиёҳ ё зардии чашмонашон табақабандӣ мекарданд. Парандаго­ни «сиёҳчашм» танхо ба оилаи шоҳиниёни чашмашон сиёҳ тааллуқ доштанд. Инҳо парандагони дарозболу баландпарвоз буданд. Аммо «зардчашмон», ки танҳо бозёр онҳоро тарбият мекард, беш аз анвои дигар барои шикор ба кор мерафтанд. «Зардчашмон» парандагони кутоҳболи баландпарвоз буда, махсус барои шикори парандаго­ни пастпарвоз истифода мешуданд.

  Дар бораи боз ва Боздорӣ асарҳои зиёде таълиф шудаанд, ки бештари онҳо то ба мо нарасидаанд. Ибни Надим дар асари худ «ал-Фехрист» даҳ асарро зикр кардааст (нигар Бозномаҳо). Маълумоти дақиқтарро дар бораи боз ва хусусиятҳои он дар «Наврӯзнома»-и Умари Хайём пайдо мекунем: «Анвои боз бисёр аст, валекин аз ҳама сапедчарда беҳтар ва бози сурхфому бози зарди тамом; ва пас аз вай зард ҳаристару тандурусттар, лекин бадхӯ бувад ва ба колбад аз ҳама бузургтар бувад».

Равишҳои сайд ва тарбияти ҳама парандагони шикорӣ яксон будааст. Бозро дар чӯҷагӣ, ки ҳанӯз пар набаровардааст ё вақти каме қувват гирифтану аз як шоха ба шохаи дигар ё аз як сахра ба сахраи дигар парида тавонистанаш, аз лона гирифта (бозҳои болиғро бо дом, тӯр ва ғ. мегирифтанд), зуд ба ром кардану тарбияти он мепардохтанд: аввал пилкхои чашмашро дӯхта, онро гурусна нигоҳ медоштанд, сипас батадриҷ пилкҳои чашми вайро боз карда бо луқма-луқма хӯрондани туъма ӯро мефирефтанд, то ки рӯйи дасти бозёр нишинад. Вакте ки омӯхта мешуду ба нидои бозёр пеш омада, рӯйи дасташ менишаст, ӯро ба «шикорбанд» мебастанд ва он гоҳ тарбияти ӯ барои шикори ин ё он нахчир оғоз мешуд. Вакте яқин мукарданд, ки бози навомӯз комилан ром шудааст, ӯро ба ду почабанд ва зангӯлаҳо муҷаҳҳаз мекарданд, сипас ба доштани «кулоҳ» ва пӯшидани «қабо» одат медоданд ва баъд ба унс додани вай мепардохтанд, яъне, вайро соатҳо дар кӯчаву бозор мегардонданд, то ба мардуму ҳаёҳуи онҳо хӯ бигирад. Пас аз он ки бо мардум, аспону сагон ва дигар ҷонварони хонагӣ унс мегирифт, вайро ба шикоргоҳ мебурданд, то парандагони обӣ ё парандагоне аз оилаи қапоғро худаш озодона шикор кунад. Он гоҳ бо бонги табле, ки ҳамвора ба зини аспи бозёр баста буд, бозмегашт ва ӯро иҷозат медоданд, ки бо яке аз сайдҳояш худро сер кунад. Боздорӣ баъди пайдо шудани силоҳҳои шикории нав тадриҷан мавқеи худро аз даст дод.

Адабиёт: Умари Хайём. Наврӯзнома. Душанбе, 2012

                                                                                                            Н. Шарапов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …