Маълумоти охирин
Главная / Илм / БОЗДОРӢ

БОЗДОРӢ

bozdori-2БОЗДОРӢ, дар физиология, фаьолияти асаб, ки ангезишро суст ё пешгирӣ мекунад. Боздориро соли 1862 физио­логи рус И. М Сеченов кашф кардааст. Вобаста ба маҳалли пайдоиш Боздорӣ канорӣ (дар мушакҳо ё аносири ғадуддор) ва Марказӣ (дар доираи силсилаи асаби марказӣ) мешавад. Боздорӣ ба воситаи моддаҳои махсуси кимиёӣ, ки нуги торҳои асаб ҷудо мекунанд, ба вуҷуд меояд. Медиаторҳо (моддаҳое, ки ангезишро аз нуги торҳои асаб ба узвҳо ва аз як ҳуҷайраи асаб ба ҳуҷайраи дигари асаб мебаранд) ба молекулаҳои мембранаҳои ҳуҷайраи асаб таъсир кар­да, ҳадди ҳаяҷонпазирии онҳоро паст ё ҳаяҷони бархестаро «хомӯш» месозанд. Тарзи Боздорӣ пурра омӯхта нашудааст, вале аҳаммияти он дар танзими фаьолияти физиоло­гии организм маълум мебошад. Масалан, Боздории афферентӣ ҳаяҷони унсурҳоеро, ки акси якдигар фаъолият доранд, суст мекунад ва боиси ҳамамалии онҳо мегардад. Аз ҷумла, ангезише, ки дар унсурҳои асаб ба вуҷуд меояд, фақат мушакҳоро таҳрик дода, боиси Боздории мушакҳои ба ҳам зид (масалан, мушакҳои хаму росткунандаи буғумҳо) мешавад. Боздории бозгарданда, ки ба воситаи торҳои бозгардандаи аса­би нейронҳои эфферентӣ ва ориятӣ ба вуҷуд меояд, ба­рои тасбити ин ё он гурӯҳи нейронҳо мусоидат мекунад. Боздорӣ монанди ҳаяҷон метавонад дар асоси рефлексҳои шартӣ низ пайдо шавад (нигар Фаьолияти олии асаб). Физиоло­ги рус И. П. Павлов фаьолияти рефлексҳои шартиро омӯхта, ду навъи Боздорӣ – берунӣ (ғайришартӣ) ва дохили (шартӣ)-ро ҷудо кард. Павлов Боздории муҳофизро, ки силсилаи асабро аз ангезиши барзиёд ё хастагӣ дифоъ мекунад, шакли асосии Боздорӣ гумон мекард.

Фаъолияти муҳофизию мугобиқгардонии Боздорӣ барои тиб аҳаммияти калон дошта, ба туфайли он комёбиҳои назаррас ба даст оварда шуданд. Аз ҷумла, ба ин васила татбиқи доруҳои хобовар ва таскинбахш ҳангоми муолиҷаи шоки садамавӣ ва баъзе намудҳои невроз роҳи ҳалли худро пайдо кард. 

ф. Шукуров.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …