Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / БОУТС (Bouts) Дирк

БОУТС (Bouts) Дирк

dirk-boutsБОУТС (Bouts) Дирк (тақрибан 1415 – 6.5.1475), рассоми нидерландӣ. Асари маъруфтаринаш – Меҳроби калисои Пётри Муқаддас дар Лёвен мебошад. Боутс анъанаи Рогир ван дер Вайденро инкишоф дод, лекин симоҳои офаридаи Боутс пурмазмуну ором буда, зудҳаракат нестанд ва қиёфаи муассир доранд. Ҳамасрони Боутс ӯро ҳамчун рассоми моҳири манзараҳои табиат мешинохтанд. Ба шарофати дарки нави манзара фазо дар расмҳои Боутс ваҳдат ва умумият пайдо мекунад («Парастиши ҷодугарҳо», Мюнхен, Пинакотекаи Кӯҳна). Боутс дар Нидерландия яке аз аввалинҳо шуда перспективаи хаттиро ба ҷойи тақсимкунии анъанавии расм ба се нақша бо як нуқтаи фуровард истифода бурд. Бисёр рассомон равияи ӯро маъқул шумориданд, аз ҷумла писари ӯ Алберт, ки ба Боутс тақлид карда, ба чандин асари ӯ намунаҳо офарид.

Адабиёт: Новая российская энциклопедия. Т. 2. Москва, 2005.

Р. Раҳмонӣ.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …