Маълумоти охирин
Главная / Варзиш / БОУЛИНГ

БОУЛИНГ

boulingБОУЛИНГ (англисӣ bowling – бозӣ бо саққо ва кегелҳо), бозии варзишӣ – фароғатӣ. Мақсади бозӣ аз масофаи муайян бо ғелондани миқдори ками саққоҳо тавассути роҳчаи чубини девордор бештар зада афтондани чиллакҳои дар майдончаи охи­ри роҳча бо тартиби муайян гузошташуда мебошад. Саққоҳо аз маводди синтети­кӣ ва пахта сохта ме­шаванд. Дар саққоҳхо барои бо ангӯштон доштан якчанд чуқурча мавҷуд аст. Мусобиқаҳо дар толорҳои махсус – кегелбанҳо доир мегарданд. Бозӣ дар мамлакатҳои мутамаддини Дунёи Қадим пайдо шуда, дар асрҳои миёна дар Аврупои Ғарбӣ паҳн гардид. Боулинг дар шакли ҳозирааш охири асри 19 дар ИМА ташаккул ёфт. Федератсияи байналмилалии Боулинг соли 1952 таъсис ёфт, ки 125 федератсияи миллиро муттаҳид месозад (2005). Аз соли 1954 чемпионатҳои ҷаҳон ва байниқитъавӣ дар байни мардон ва занон барои гирифтани ҷойи якум (фардӣ ва даставӣ) доир мегарданд. Дар Бозиҳои олимпии солҳои 1932 ва 1976 бозиҳои намунавии Боулинг муаррифӣ гардид.

Адабиёт: Новая российская энциклопедия. Т. III (1). Москва,  2007.

Инчунин кобед

futbol

ФУТБОЛ

ФУТБОЛ (англисӣ fоо1bаll, аз fооt— пой ва bаll — тӯб), як навъи спортро гӯянд, ки …