Маълумоти охирин
Главная / Варзиш / БОТВИННИК Михаил Моисеевич

БОТВИННИК Михаил Моисеевич

mikhail_botvinnikБОТВИННИК Михаил Моисеевич (4.8.1911, шаҳри Куокала, Петроград – 5.5.1995, Маскав), шоҳмотбози рус, гроссмейстер» ИҶШС, устоди хидматнишондодаи варзиши ИҶШС (1945), гроссмейстери байналхалқӣ (1950). Чемпиони ҷаҳон (1948-57, 1958-60, 1961-63). Доктори илмҳои тех­никӣ (1951), профессор. Дар 12-солагӣ бо шоҳмот ошно шуд ва дар 14-солагӣ бори нахуст дар чемпионати ИҶШС иштирок кард. 7 карат чемпио­ни ИҶШС (1931-52). Баъди пирӯзӣ дар мусобиқаҳои калони байналмилалӣ дар Мас­кав (1935) ва Ноттингем (1936, ҳамроҳи X. Р. Капабланка) ҳамчун довталаб ба­рои соҳиб шудан ба ҷойи якум дар ҷаҳон эътироф гардид. Соли 1948 дар мусобиқа барои ҷойи якум дар ҷаҳон соҳиби унвони чемпиони ҷаҳон шуд. Дар 7 мусобиқаи ҷаҳонӣ барои гирифтани ҷойи якум ширкат кард: соли 1951 бо Д. И. Бронштейн (12:12); се маротиба бо В. В. Смислов – 1954 (12:12), 1957 (91/2: 121/2), 1958 (121/2: 101/2), ду бор бо М. Н. Тал – 1960 (81/2: 121/2) ва 1961 (13:8); соли 1963 бо Т. В. Петросян (91/2:121/2). Ғолиби бисёр мусобиқаҳои байналми­лалӣ ва шаш Олимпиадаи умумиҷаҳонии шоҳмот (1954— 64) дар ҳайати дастаи мунтахаби ИҶШС. Солҳои зиёд роҳбари мактаби шоҳмотбозони ҷавон буд, ки устодоне чун А. Е. Карпов, Г. К. Каспаров, Ю. Балашов, В. Б. Крамник, А. Юсупов, Е. Ахмиловская, Н. Иосемеани парвардаи онанд. Ӯ аз ибтидои солҳои 70 асри 20 роҳбарӣ барномаи шоҳмот барои компютер буд.

Нақши Ботвинник дар таърихи шоҳмот фавқулода бузург аст. Ӯ бо андешаҳои амиқи стратегӣ ва зарбаҳои ғайричашмдошти тактикӣ саъй мекард, ки бозии пурсамаре ба намоиш гузорад. Ботвинник дар рушди назарияи дебют (оғози бозӣ) ва поёни бозӣ саҳми бузург гузоштааст ва муаллифи асарҳои бисёр оид ба шоҳмот мебошад. Осори Ботвинник оид ба шоҳмот, энергетика, кибернетика ба чандин забони дунё баргардон ва мунташир шудаанд.

Осор: Аналитические и критические работы. Т. 1-4. Москва,  1984-87.

Адабиёт: Шахматы. Энциклопедический словарь. Москва,  1990; Линдер В. И., Линдер И. М. Короли шахматного мира. Москва,  2001; Бейлин М.,  Авербах Ю. Путешествие в шахматное королевство. Москва,  2006.

Н. Шарапов.

Инчунин кобед

futbol

ФУТБОЛ

ФУТБОЛ (англисӣ fоо1bаll, аз fооt— пой ва bаll — тӯб), як навъи спортро гӯянд, ки …