Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / БОТУРТЕППА

БОТУРТЕППА

boturteppaБОТУРТЕППА, деҳаи кӯшкдорест, ки тахминан аср­ҳои 7-8 милод дар масофаи 14 километр дуртар аз самти шарқии шаҳри Панҷакент дар Дашти Малла, соҳили чапи дарёи Зарафшон бино ёфтааст. Ёдгори кӯшкдор, ки солҳои 1953-54 аз тара­фи бостоншинос А. М. Манделштам ва соли 1975 аз тара­фи Ю. Яъқубов ҳафр шудааст. Кӯшк дуқабата буда, қисми болоии он хонаҳои иқоматӣ дошт, ки баъдан вайрон шуда­анд. Шакли кӯшк мураббаъ, андозааш 15×15 буд. Дар қабати поин роҳрави дарозиаш 13 метр (дар марказ) сохта, дар ду тарафи он панҷтоӣ ҳуҷраҳои камарпӯш ҷойгир шуда буданд, ки онҳо ҳамчун анбор истифода мегардиданд. Кӯшк маҷмӯан аз хишти хоми 48 х 25 х 10 см бино ёфта, бори аввал дар асри 8 андаке хароб гаштааст. Дар асрҳои минбаъда кӯшкро тарк кардаанд.

Қисми ҷанубии кӯшк ҳафриёт нашудааст. Як иқдоми омӯзишии намунавию санҷишӣ нишон дод, ки биноҳои деҳа аз похса сохта шуда будаанд. Ботуртеппа боқимондаи деҳаи асрҳои 7-8 милод мебошад. Чунин деҳаҳо дар Дашти Малла вомехӯранд, ки дар замони Сомониён хеле обод будаанд. Ҳангоми ҳуҷуми муғулон ин деҳаҳо хароб гардида, дигар обод нашудаанд.

Адабиёт: Мандельштам А. М. Археологические работы в Таджикис­тане. Сталинабад, 1956.

Ю.Яъқубшоҳ.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …