Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОТУХОН

БОТУХОН

botukhonБОТУХОН (1206-1255 ё 1256), сипаҳсолор, хони муғул. асосгузори давлати Урдаи Тилоӣ (соли 1243). Писари Ҷуҷӣ ва набераи Чингизхон. Пас аз падараш (фавт 1227) сарвари улусиҶуҷӣ шуд. Ботухон соли 1235 аз ҷониби Уқтой барои забти кишварҳои Аврупои Шарқӣ сарфармондеҳи нерӯҳои муғул таъйин гардид. Баъди забти Булғория (соли 1236) дар иттифоқ бо подшоҳи он солҳои 1237-38 ба қисмати шимо­лу шарқии сарзамини Рус ҳуҷум овард. Соли 1239 князиҳои

Переяслав ва Чернигов аз ҷониби Ботухон забт шуданд. Ботухон соли 1240 ба Аврупои Марказӣ лашкар кашида, баъди забти ҳудудҳои Киев, Волин, Галисия, Маҷористон, Полша, Далмасия, қисман Чехия ба сарҳадди Фаронса наздик омад. Вале Ботухон бо шунидани хабари марги Уқтой (соли 1242) аз забти минбаъдаи Аврупо даст кашид. Ба воситаи Балкан ба Поволжеи Поинӣ омада, пойтахти Олтан Урда (Урдаи Тилоӣ) – шаҳри Саройро таъсис дод. Дар давраӣ Ботухон князҳои бузурги сарзамини Рус ба давлати Урдаи Тилоӣ тобеъ буданд. Ҳанӯз аз давраи лашкаркашӣ ба Аврупо дар байни писарони Уқтой ва Ботухон баъзе мухолифатҳо сар зада буданд, ки дар давраи Гуюкхон (1242-51) онҳо дубора шиддат ёфтанд. Пас аз марги Гуюкхон (1251) новобаста ба мухолифатҳои бархе хонҳои муғул Ботухон  гумоштаи худ Мангуро хони бузурги империяи Муғул эълон кард. Дар давраи Мангу (1251-1259) мавқеи Ботухон устувор гардида, фармони ӯ ба тамоми ҳудуди империяи муғул фиристода мешуд. Бо фармони Ботухон қисме аз қушунҳои ҳарбии Урдаи Тилоӣ дар лашкаркашии Ҳулогухон ба Эрон (1256) ширкат карданд.

Қ. Расулиён.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …