Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / БОТСВАНА

БОТСВАНА

botsvanaБОТСВАНА (Botswana), Ҷумҳурии Ботсвана, дав­лат дар Африқои Ҷанубӣ. Бо Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ (ҶАҶ), Намибия, Замбия ва Зимбабве ҳамсарҳад буда, роҳи баҳрӣ надорад. Масоҳати он 600,4 ҳазор км2. Аҳоли­аш 2,1 млн нафар (2012). Пойтахташ шаҳри Габороне. Ба 9 округ (дистрикт) ва 5 шаҳри мунисипалӣ: Габороне, Франсистаун, Селеби-Пхикве, Лобатсе ва Ҷванен тақсим шудааст. Иди миллиаш Рӯзи истиқлол – 30 сентябр (аз 1966). Асъори миллӣ – пула.

Сохти давлатӣ. Ботсвана – ҷумҳурии парламентӣ дар ҳайати Иттиҳоди Британия. Тибқи конститутсияи соли 1966 қабулгашта ҳокимияти қонунбарор-парламенти дупалатагӣ дар ҳайати Ассамблеяи (Маҷлиси) миллӣ ва Пала­таи пешвоён мебошад. Ассамблеяи миллӣ аз 64 намоянда иборат аст, ки 57 нафарашон дар раъйпурсии умумихалқӣ ба муҳлати 5 сол интихоб гардида, 4 нафари дигар аз та­рафи Президент таъйин мешаванд. Дар ҳайати парламент, ҳамчунин Президент, прокурори генералӣ ва сарвазир до­хил мешаванд. Палатаи пешвоён аз 15 узв иборат буда, мақоми машваратии парламент ба ҳисоб меравад. Мақоми олии қонунбарор – ҳукумат. Сардори давлат ва ҳукумат – Президент, ки аз тарафи Ассамблеяи миллӣ ба муҳлати 5 сол интихоб мешавад ва ҳуқуқи як бор аз нав интихоб шудан дорад. Ҳокимияти судӣ аз Суди олӣ ва Суди шикоятӣ (апеллятсионӣ) иборат аст. Ботсвана узви зиёда аз 30 созмони байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, Иттиҳоди Африқо, Созмони рушди Африқои Ҷанубӣ мебошад.

Табиат. Ботсвана масоҳати зиёди пастхамии Калахари ва пуштакӯҳҳои атрофи онро ишғол кардааст. Релqефаш ҳамвор, қисми шарқӣ – сертеппа. Баландии миёнааш аз сатҳи баҳр 800 – 1200 метр, нуқтаи баландтаринаш кӯҳӣ Содило (1370 м). Иқлимаш дар ҷануб субтропикӣ ва хунук, дар шимол – тропикӣ. Ҳарорати миёнаи январ 21-27°С, июл 16°С. Боришоти солона – 500-600 мм (дар Калахари камтар аз 250 мм). Дар қисми бештари ҳудуди Ботсвана дарёи доимӣ мавҷуд нест. Дар шимоли ғарб дарёи Окаванго (дарозиаш 1600 километр) ба кули Окаванго мерезад ва дуртар аз он кӯли шӯри Макгадикгади мавҷуд аст. Дарёҳо асосан ба ҳавзаи Лим­попо тааллуқ доранд. Хокаш серсанги биёбонӣ, дар Ш. хоки регдор ва шӯразамин ба назар мерасад. Набототаш даштӣ ва даштию биёбонӣ буда, дар он бештар буттаву нимбуттаҳо, дарахтони ақоқиё, баобаб ва ғайра мерӯянд. Дар резишгоҳи дарёи Окаванго рустаниҳои тропикӣ зиёданд, инчунин 60 намуди рустаниҳои эндемикӣ (тарбузи худрӯй, сабр) вомехӯранд. Олами ҳайвоноти Ботсвана гуногун аст; фил, шер, паланг, шағол, ғизол, кафтор, аблақ, заррофа. Калтакалос ва морҳо (морҳои печон, айнакдор ва ғайра) хеле бисёранд. Ҳудудҳои ҳифзшавандаи Ботсвана 4 боғи миллӣ, 60 парваришгоҳ (мамнӯъгоҳ) мебошанд. Хатарҳои табиии Ботсвана – хушкиҳои мавсимӣ, шамоли сергарду ғубор, ки дар моҳи август аз тарафи биёбони Калахари мевазад. Масоили экологии Ботсвана: чарондани зиёди чорво, биёбоншавӣ, норасоии оби ошомиданӣ. Аз сарватҳои зеризаминӣ маъданӣ манган, асбест, маъданӣ мису никел, конҳои алмос ва ангиштсанг мавҷуданд. Ботсвана бо захи­раи калони алмос (155 миллион қирот) дар ҷаҳон ҷойи дуюмро ишғол мекунад.

Аҳолӣ. Аксарияти аҳолии (94%) Ботсванаро халқҳои бантузабон ташкил медиҳанд. Бузургтарини онҳо тсвана (79%) мебошад, ки ба хашт қабила ҷудо мешавад. 2 дарсади аҳолӣ аврупоиҳо мебошанд. Забони расмии давлатӣ – англисӣ ва сетсванагӣ. Қариб 40 дарсади аҳолӣ пайрави мазҳабу динҳои анъанавии миллӣ, 60 дарсад насрониён (асосан протестантҳо) мебошанд. Шаҳрҳои бузургтаринаш: Габороне, Франсистаун, Молепололе, Селеби-Пхикве.

Таърих. Аҳолии маҳаллии мамлакат бушменҳо ва готтентотҳо буданд. Дар асри 17 онҳоро бантуҳои аз шимол омада танг намуда, ба биёбони Калахари ронданд. Дар охири асри 18 иттиҳоди қавии қабилаҳои сетсвана ба вуҷуд омад, ки онҳо ба муқобили халқҳои дигар меҷангиданд. Хусусан дар асри 19 ба муқобили қабилаҳои зулу (аз авлоди ҳолландиҳои Африқои Ҷанубӣ) задухӯрди шадид ба амал омад. Соли 1885 пешвоёни қабилаи месвана аз тарси зери зулми бурҳо мондан ҳукмронии Британияи Кабирро эътироф карданд ва Британияи Кабир заминҳои шимолии бечуанҳо бо номи Бечуаналендро протекторати худ эълон кард. Муборизаи аҳолии маҳаллӣ бар зидди ҳукмронии мустамликадорони англис дар солҳои 1933 ва 1948 авҷ гирифт. Солҳои 1961-65 ҳаракати озодихоҳии мамлакат ба марҳалаи нав дохил шуд; аввалин ҳизбҳои сиёсӣ ташкил ёфта, истиқлолиятро талаб мекар­данд. Соли 1966 Бечуаналенд Ҷумҳурии мустақили Ботсвана эъ­лон шуд ва пешвои Ҳизби демократии Ботсвана – Серетсе Кхама дар раъйпурсии аввалини умумихалқӣ ғолиб омада, Президенти нахустин интихоб гардид. Баробари эътибор пайдо намудани конститутсияи мамлакат Маҷлиси қонунбарор вазифаи Маҷлиси миллиро ба душ ги­рифт. Солҳои 1970-80 ҳудуди Ботсванаро ташкилотҳои озодибахши давлатҳои Родезия, Намибия ва Ҷумҳурии Афри­қои Ҷанубӣ (ҶАҶ) ба сифати паноҳгоҳи муҳоҷирони сиёсӣ истифода мебурданд. Ҳукумати Ботсвана барпо намудани ҷамъияти сернажоди демократӣ ва мустаҳкам кардани дӯстӣ бо давлатҳои мустақили Африқоро мақсади сиёсати дохилӣ ва берунии худ эълон кардааст; вай сиёсати аппартеидро маҳкум мекунад. Ноҳияҳои сарҳаддии Ботсвана ва ҳатто пойтахти он чандин бор дучори ҳамлаи сипоҳиёни Африқои Ҷанубӣ гаштаанд. Таҳдидҳои дохилӣ дар Ботсвана танҳо дар соли 1994 баъди барҳам хӯрдани низоми апартеид дар ҶАҶ ба поин расид. Ботсвана ягона давлатест, ки то имрӯз соҳибистиқлолии тибқи Конститутсия муқарраргаштаро нигоҳ медорад. Сиёсати дохилии муназзам Ботсванаро аз як давлати қафомондаи қашшоқ ба давлати демократӣ ва аз ҷиҳати иқтисодӣ тараққикарда табдил дод.

Иқтисодиёт. То ба даст овардани истиқлол Ботсвана ба ҳайати 20 давлати қашшоқтарини олам дохил мешуд, вале ба зуди дар солҳои 70 асри 20 ҳаҷми ММД дар як сол то 24% (яке аз баландтарин нишондиҳандаҳо дар ҷаҳон) ра­сид. Дар охири соли 1990 Ботсвана ягона давлати африқоӣ буд, ки Бонки ҷаҳонӣ онро аз қатори давлатҳои камбағал берун эълом дошта, дар зинаи «давлати даромаднокиаш аз дараҷаи миёна баландтар» ҷой дод. Соҳаи асосии иқтисодиёти Ботсвана саноати истихроҷи маъдан буда, дар Африқо аз ҷиҳати фурӯши ашёи хоми маъданӣ (мннералӣ) ҷойи сеюмро ишғол мекунад. Дар Ботсвана саноати истихроҷи алмос бартарӣ дошта (соле 34,2 ҳазор карат истихроҷ мешавад), содироти он 90 дарсади ҳаҷми ММД-ро ташкил медиҳад (2010). Ин яке аз омилҳои пешрафти иқтисодиёти Ботсвана нисбат ба дигар давлатҳои Африқо гардид. Дар Б Африко асосан ал­мос, инчунин маъдани мису никел, кобалт, ангиштсанг, намаки ош, сода истихроҷ карда мешавад. Кишоварзӣ низ яке аз соҳаҳои пешрафта ба ҳисоб рафта, 80 дарсади он­ро чорводорӣ ташкил медиҳад. Ботсвана дар Африқо аз ҷиҳати содироти гӯшти гов дар ҷойи аввал меистад. Дар Ботсвана сано­ати нассоҷӣ, либосворӣ, кимиё, истеҳсоли коғаз, пласгмасса, маҳсулоти оҳан, семент ва тахтасангҳои оҳану бетонӣ, равғани рустанӣ, орд, мебел, армуғон барои сайёҳон ба роҳ монда шудааст. Ду комбинати гӯшти бузургтарин дорад. Заводи васлкунии автомоби­ли Ботсвана автомашинами Кореяи Ҷанубӣ ва автобусҳои ширкати «Волво»-ро истеҳсол намуда, ба мамлакатҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Австралия содир мекунад. Шарикони тиҷоратии асосии Ботсвана – мамлакатҳои Иттиҳоди Аврупо, ҶАҶ. Сайёҳӣ низ яке аз соҳаҳои сердаромади Ботсвана буда, даромади солонаи он 250 млн доллари ИМА-ро ташкил медиҳад; ҳамасола ба Ботсвана 1,1 млн сайёҳ меояд. Аз ҳудуди Ботсвана роҳи оҳан мегузарад (888 километр), ки ҶАҶ-ро бо Зимбабве мепайвандад. Дарозии тамоми роҳҳои автомобилгарди Ботсвана 25,2 ҳазор километр. Ботсвана 86 аэропорт дорад (аэропорти байналмилалӣ дар Габороне).

Тандурустӣ. Соҳаи тандурустӣ дар Ботсвана суст тараққӣ кардааст; шифохона ва кпиникаҳо асосан дар шаҳрҳо ҷойгир буда, аҳолии музофот аз таҷҳизоти тиббии замонавӣ маҳруманд. Соли 2007-ум 23,9 дарсади аҳолӣ гирифтори СПИД буд. Ҳар сол аз ин беморӣ дар Ботсвана 26 ҳазор нафар мемирад. Дар Ботсвана ҳамчунин бемориҳои сироятии вараҷа, сил паҳн шудаанд.

Маориф ва илм. Ба соҳаи маориф қариб чоряки маблағи буҷети давлатӣ масраф мегардад. Баъди истиқлол (1966) дар тамоми мамлакат таълими ҳатмии асосӣ ба роҳ монда шуд, ки боиси аз байн рафтани норасоии омӯзгорон гардид. Низоми таълим аз мактабҳои ибтидоӣ (7 соли таҳсил) ва миёна (муҳлати таълим 5 сол) иборат мебошад. Дар Ботсвана ду коллеҷи омӯзгорӣ ва коллеҷи кишоварзӣ мавҷуд аст. Маьлумоти олиро донишҷӯён дар Донишгоҳи Ботсвана мегиранд. Дар назди донишгоҳ ду институти миллӣ оид ба рушд ва таҳқиқоти санъат амал мекунанд. Дар шаҳри Габороне Осорхонаи миллӣ ва нигористони бадеӣ, дар Мочуди осорхонаи мардумшиносӣ мавҷуд аст.

Матбуот, радио, телевизион. Тибқи конститутсияи мамлакат дар Ботсвана озодии сухан амал мекунад ва ҳукумат инро дастгирӣ менамояд. Як матбааи давлатӣ дар назди донишгоҳ ва чандин матбааи хусусӣ амал мекунанд. 13 номгуӣ нашрияҳои даврӣ мавҷуданд. Рӯзномаи ҳукуматӣ ба забони сетсвана – «Dikgang Gompieno» ва забони англисӣ – «Daity News» нашр мешавад. Агентии иттилоотии «Botswana Press Agenty» (ВОРА), пойгоҳи радиошунавонии давлатӣ, пойгоҳи телевизионӣ ва пойгоҳи радиошунавонии хусусии Ярона-FМ барномаҳои худро ба забонҳои англисӣ ва сетсвана пахш мекунанд.

Адабиёт: Новая российская энциклопедия. Т. 111 (1). Москва,  2007; Страны мира. Современный справочник. Москва,  2008.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …