Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / БОТКАНД

БОТКАНД

batken-shaaryБОТКАНД, Бодканд, Баткен, шаҳр дар қисми ҷанубу ғарбии Ҷумҳурии Қирғизистон, маркази маъмурии ноҳия ва вилояти ҳамном. Аҳолиаш 13,1 ҳазор нафар (2012). Масоҳаташ 51,8 километр2.Дар баландии 1036 м аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Зичии миёнаи аҳолӣ -234 нафар дар 1 километр2 .Соли 1934 ҳамчун музофоти маркази ноҳияи Ботканд таъсис ёфтааст. Аз соли 2000 баъди таъсис ёфтани вилояти Ботканд мақоми шаҳрро гирифт. Шуғли асосии мардумаш кишоварзӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ. Дар Ботканд навъҳои беҳтарини нок, гелос, себ, шафтолу ва ангур парвариш карда мешавад.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …