Маълумоти охирин

БОТИНИЯ

botiniyaБОТИНИЯ (дарун, ниҳон), маҷмӯи фирқаҳои исмоилия, ки бар хилофи таълимоти зоҳирия маънои бо­тинии Қуръонро таъвил мекунад. Инсон мавҷудест ибо­рат аз рӯҳу модда ва табъан зиндагиаш низ бояд бар асо­си дуҷониба – моддӣ (ҳаёти моддию дунявӣ) ва маънавӣ (ҳаёти маънавӣ ва ҷовидонӣ) танзим гардад. Дар ҳамин асос ботиниён иддао доштанд, ки баробари улуму фунуни расмии зоҳирӣ, ки ҳадафи онҳо рафъи ниёзҳои зиндагии моддист, улуму маорифи ҳақиқӣ низ вуҷуд доранд, ки инсонро ба ҳаёти абадию ҷовидонӣ мерасонанд.

Муҳаммади Ғаззолӣ толибони ҳақиқатро ба 4 гурӯҳ – мутакаллимон, ботиниён, файласуфон ва суфиён ҷудо карда, роҷеъ ба Ботинияи исмоилия таъкид мекунад, ки онҳо аҳли таълиманд ва аз тариқи улуму маорифи имомони маъсум ба ҳақиқатҷӯй мепардозанд, яъне, онҳо дар айнӣ ин ки ба ақлу истидлол аҳаммияти фаровон қоиланд, ба таълими муаллимин ё худ имомон ниёз доранд:

Ниҳони ошкоро кас набинад,

Ба ҷуз таълими ҳурри номдоре.

Яъне, ботини умур маълуму ошкор намегардад, магар ин ки инсони комил ва озодае аз тариқи таълим онро зоҳиру ошкор созад. Аз ин рӯ, андешмандони исмоилӣ ба масъалаи ботин аҳаммияти махсусро қоиланд. Аз нигоҳи онҳо, агар ботини умур бо роҳи таълими имом муяссар гардад, ботини матнҳои динӣ бо таъвилу тааммул сурат мегирад. Аз роҳи таълиму иқтибос аз имомон (пайравӣ аз ақлгароӣ) ва таъвили матнҳои Қуръон (нигаристан аз оинаи зоҳир ба ботини ашё ва хақоиқи кулли ҳастӣ) касро аз ҳар гуна таноқузу ихтилоф эмин нигоҳ медорад. Носири Хусрав борҳо дар ашъораш ба масъалаи таъвил ва аҳаммияти он ишора кардааст, аммо Абуяъқуби Сиҷистонӣ улуми ҳақиқиро маҳфуз дар хизонаи ғайби Худо­ванд медонад.

Ба ақидаи Ботиния ҳар дине дорои ду ҷиҳат – зоҳиру ботин мебошад. Дарки зоҳири дин аз пайравони он риояи аҳкоми шариатро тақозо дорад, вале матни Қуръонро дар батн ботине ҳаст ва он батнро низ ботинест, ки маротиби он то ба 7 батн мерасад. Воқиф шудан аз ин батнҳо ноил шудани инсон ба моварои ҳиҷобҳои зоҳириро ифода ме­кунад. Ба ибораи дигар, зоҳири дин ва Қуръон калиде ба­рои шинохти ботинии онҳо мебошад ва ба воситаи илми таъвил инсон метавонад аз сардаргумиҳои таърихию забоии ва рӯҳию равонӣ озод шуда, фаротар аз онҳо биравад ва ҳақиқати ботинии дурахшандаи ҳар динро, ки ҳамон ҳақиқати мутлақ аст, бишиносад. Ҳақиқати мутлақ на фақат худро бар вуҷуди ҳар чиз дар ҷаҳон бар ҳасби истеъдоди пазириши он ҷилвагар мекунад, балки ӯ, дар айнӣ хол, рӯҳу ботини ҳар чизе низ мебошад. Ин матлабро яке аз суфиёни асри 12 Кошонӣ чунин тасвир намуда, ки «ҳақ дар ҳар мафҳуме (ашё ё инсоне) ба ҳамон андозае зоҳир аст, ки истеъдоди соҳиби фаҳми он ӯро тақозо до­рад ва ба ҳамон андоза ботинӣ ва ниҳону номаълум аст, ки истеъдоди соҳиби маърифат чунин фаҳму донишро тақозо надорад». Агар инсон он чиро, ки фаротар аз ҳадди ӯст, аз тариқи фикр биталабад, қалби ӯ ба изтиробу инҳироф меафтад, зеро танҳо қалб метавонад аз ин ҳад берун ҷаста, ба дарки ҳақиқати мутлақ ноил гардад, ҷаҳонро сурату ҳувияти Ҳақ ба эътибори исми зоҳир бидонад.

Ботиния на фақат ба маҷмӯи фирқаҳои исмоилӣ, балки ба ақоиди суфиён ва дигар фирқаву ҷараёнҳо низ марбут аст. Масалан, Шаҳобуддини Суҳравардӣ дар ин бора навишта, ки «чун дидаи андарунӣ кушода шавад, дидаи зоҳир бар ҳам бояд ниҳодан ва лаб бар ҳама бастан ва ин панҷ ҳисси зоҳирро даст бояд кӯтоҳ кардан ва ҳавосси ботинро дар кор бояд андохтан, то ин бемор агар чизе гирад, ба дасти ботин гирад ва агар бинад, бо чашми ботин бинад, агар шунавад, бо гӯши ботин шунавад, агар бӯяд, завқи вай аз хулқи ҷон бошад. Чун ин маънӣ ҳосил омад, пайваста мутолаба (талаб)-и сирри осмонҳо кунад ва аз олами ғайб ҳар замон огоҳонида шавад».

Дар низоми вуҷудшиносии Ибни Арабӣ ҳақро аз он сабаб рӯҳу ботини ҳар чиз медонанд, ки он ҳам дар зоҳир ва ҳам дар ботин таҷаллӣ хоҳад кард ва ашёву падидаҳои олами моддӣ танҳо сурати муқаййад (аразии)-и ҳаққанд. Ибни Арабӣ дар «Фусусу-л-ҳикам» менависад:. «Чунонки ӯ дар маънои рӯҳ он чизест, ки зуҳур ёфта ва нисбати ӯ ба он чӣ аз суратҳои олам зуҳур ёфтааст, нисбати рӯҳи тадбиргари сурат аст». Ба воситаи исмҳои зотии Худо­ванд суратҳои зотии исми илоҳӣ дар зеҳнӣ Худованд пайдо мешаванд, ки онҳо ду хусусият доранд: а) аз зоти Ху­дованд ҳамчун илми илоҳи ба вуҷуд омадааид ва б) гурӯҳе аз ин сифатҳо зимни таҷаллии Ҳақ дар олами моддӣ ҳамчун маҳзари илми илоҳи таҳаққуқ пайдо мекунанд. Бинобар ин Қуръон Худоро латиф ва дар айнӣ замон, хабир (аз ҳама чиз бохабар) мешуморад. Дар ин ҷо латиф ишора ба робитаи Ҳақ бо ашёи зоҳирист ва хабир ишора ба алоқаи ӯ бо ботин (ё сурати куллии хастии ҳақиқии дорои қалб) аст.

Ботиния тақрибан дар аввали асри 10 ҳамчун таълимот арзи вуҷуд кард, зеро Навбахтӣ ва Ашъарӣ барин муаррихони дину ҷараёнҳои ғоявӣ номи онро дар осорашон зикр накардаанд, вале Абдулқоҳири Бағдодӣ дар «Фарқ байна-л-фирақ» роҷеъ ба Ботиния маълумоти кофӣ додааст. Бино ба маъ­лумоти маъхазҳои таърихию ғоявӣ Ботиния тақрибан дар аҳди Аббосиён қувват гирифт ва бисёр андешамандон ба таъвилу тафсири Қуръон пардохтанд. Яке аз чунин шахсон Ҳасани Саббоҳ буд, ки дар Миср тарафдорони бисёре пайдо кард. Дар Хуросону Ироқ ва Шому Эрон низ ботиниён ба воситаи доиёнашон ба тарғиби таълимоти худ машғул буданд. Носири Хусраву Ҳасани Саббоҳ «соҳиби ҷазира» ё худ «ҳуҷҷати ҷазира» (мартабаи бузургтарини исмоилиён) шинохта шудаанд. Аввалин доиён дар ҳудуди Хуросон Абуабдуллоҳи Ходим ва Абусаиди Шерозӣ бу­данд. Бино ба маълумоти Муҳаммади Шаҳристонӣ пайравони Ботинияро дар Ироқ «ботиниён», «қарматиён», «маздакиён», дар Хуросон «таълимиён» меномиданд, вале аксаран ботиниён худро «исмоилия» ном ниҳода буданд.

Муаллифи «Тадбиси Иблис» Ботинияро аз ҳашт фирқа (бо­тиния, исмоилия, сабъия, бобакия, муҳаммира, қарматия, хуррамия ва таълимия) иборат медонад. Ҳамаи онҳоро чунин ақида муттаҳид месозад, ки гуё моҳияти асосии Қуръон ва илми ботинро Алӣ ибни Абитолиб ва асҳоби ӯ ҳамчун ифодаи иродаи Илоҳӣ аз Муҳаммад ба ирс гирифтаанд. Ҷараёнҳои Ботиния вобаста ба диди ғоявӣ, мавқеи идеологӣ ва дараҷаи таъбиру таъвил аз ҳам фарқ мекар­данд. Ботинияи исмоилия аз Ботинияи шиаҳои ифротӣ ва шиаҳои ифротӣ аз Ботинияи тасаввуф тафовути зиёд доранд. Масалан, Ботинияи фотимиён бисёр унсурҳои навафлотунияро пазируфта, анъанаҳои пешазисломиро ба тавассути шарҳу таъбири Қуръон ба дини ислом ҳамчун афкори ақлию истидлолӣ ворид намуда буд. Афкори ботинии суфиён аз Ботинияи исмо­илия бо он фарқ мекард, ки намояндагони афкори ирфонӣ бо роҳи сайру сулуки суфиёна аз тариқи тай намудани «мақомот» ва «аҳвол» дарки ҳақиқатро имконпазир медонистанд ва чун ҳадафи Ботиния ва тасаввуф ягона аст, бо ҳам ҷиҳатҳои муштараки фаровоне доранд.

Адабиёт: Петрушевский И. П. Ислам в Иране в 7-15 веках. Москва,  1966; Аш-Шаҳристани. Книга о религиях и сектах. Москва,  1984; Додихудоев X. Философия крестьянского бунта. Душанбе, 1987.

М. Ҳазротқулов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …