Маълумоти охирин

БОТИН

botinБОТИН (арабӣ — дарун, пинҳон, роз), истилоҳест дар фарҳанги исломӣ роҷеъ ба дорои маънои нуҳуфта ва аслӣ будани ашёву мавҷудот. Роҷеъ ба Ботин дар тасаввуф назари­яи махсус вуҷуд дорад. Орифон Ботинро хештани хеши одамӣ ва ҷаҳону инсон ва ҳама ашёву падидаҳоро дороӣ зоҳиру Ботин дониста, муътақид ба олами зоҳир ва олами Ботин, илми зоҳир ва илми Ботин, уламои зоҳир ва уламои Ботин, иқомати зоҳирӣ ва ботинӣ, таҳорати зоҳирӣ ва ботинӣ, неъматҳои зоҳирию ботинӣ ва ғайра мебошанд. Аз нигоҳи онҳо зоҳир шариат аст, Ботин – ҳақиқат; иқомати зоҳирӣ риояи шариат ва иқомати ботинӣ нафйи мосиваллоҳ аст. Олами зоҳир ҷаҳони ҳастӣ ва олами Ботин маънавиёти инсон аст. Масалан, Маҳмуди Шабистарӣ шариатро пӯст (зоҳир), ҳақиқатро мағз (Ботин) ва тариқатро равиши махсуси сайр аз зоҳир ба Ботин мешуморад:

Шариат пӯсту мағз омад ҳақиқат,

Миёни ину он бошад тариқат.

Илми Ботин дониш ба макнунот (чизҳои пинҳону нуҳуф­та), моварои маҳсусот, берун аз фаҳми аксари мардум, воридоти зеҳнӣ ва аҳволи қалб дониста мешавад, ки ҳар кас ба воситаи тарбияи нафс ва муҷоҳадаи зеҳнӣ метавонад онро касб намояд. Илми Бахволро Ҳориси Муҳосибӣ дар таълифоти худ муфассал баён кардааст. Ҳаким Тирмизӣ мафҳуми ирфонии илми Бахволро дар таълимоти ҳикмати илоҳии худ ворид кард. Дар маъхазҳо суфиён ҳамчун асҳоби Ботин ёд мешаванд. Дар осоре, ки барои роҳнамоии суфиён таълиф шудаанд, аз ҷумла дар таълифоти Абубакри Калобозӣ, Абунасри Сарроҷ, Абутолиби Маккӣ, илми Ботин ба ҳайси сарчашмаи аслии тасаввуф арзёбӣ гаштааст. Имом Муҳаммади Ғаззолӣ дар «Эҳёу улуми-д-дин» илми Ботинро ба ду мақула тақсим мекунад: илми тасқилу-л-қалб (дониши зангорзудоӣ аз дил), ки машқ ва риёзати тарбиявӣ буда ва илми мукошафа, ки ишроқи худододи қалб аст. Ибни Арабӣ низ бар ҳамин назар аст. Аз нигоҳи Ҷалолуддини Румӣ инсонро зоҳире ҳаст ва ботине; Ботини инсон рӯҳи ӯст, ки онро ҷон гуянд ва дидани он дастур нест. Шиори асосии тариқати нақшбандия «Ба зоҳир ба халқ ва ба Ботин ба Ҳақ будан» аст. Яъқуби Чархӣ дар тафсири лафзи Қуръонии «иқомат» онро ду намуд: зоҳирӣ ва ботинӣ арзёбӣ карда, иқомати зоҳириро риояи аҳкому муқаррароти шаръӣ ва иқомати ботиниро нафйи мосиваллоҳ медонад. Ба андешаи ӯ ориф бояд зоҳиру Ботини худ­ро пок дорад ва аз илтифот ба ғайри ҳазрати Улуҳият дур бошад, то Ботини ӯ чун зоҳираш гардад.

Аз нигоҳи муътақидони назарияи Ботин сарчашмаҳои ас­лии исломӣ – Қуръон ва Ҳадис дороӣ ду ҷанба: зоҳир ва Ботин буда, бояд бо такя ба хирад ва истифода аз шеваи мах­суси таъбиру тафсир дар паси зоҳир маънои ҳақиқии оёту аҳодис чустуҷӯ карда шавад. Андарёфти маънои ботинии онҳо ба ҳама муяссар нагашта, балки ин кор вежаи хавосси мардум аст ва авомуннос аз он маҳрум мебошанд. Барои чунин ақида ба ҳадисе истинод карда меша­вад, ки тибқи он Қуръон дорои «заҳр» (маънои зоҳирӣ) ва «батн» (маънои ботинӣ) буда, батни он низ батне дорад, то ҳафт батн ва дар ривояте то ҳафтод батн. Ҳадиси мазкурро Ҷалолуддини Румӣ дар «Маснавӣ» (дафтари сеюм) чунин тазмин кардааст:

Ҳарфи Қуръонро бидон, ки зоҳирест,

Зери зоҳир ботине бас қоҳирест.

Зери он ботин яке батни дигар,

Хира гардад андар ӯ фикру назар.

Зери он ботин яке батни севум,

Ки дар ӯ гардад хирадҳо ҷумла гум,

Батни чорум аз нубо худ кас надид,

Ҷуз Худои беназиру бенадид.

Манзур аз зоҳири Қуръон маънои аввалӣ ва мафҳумест, ки дар нахустин бархурд аз вожаҳои он дар зеҳн пайдо мегардад. Он махсуси авом дониста мешавад. Мурод аз батн маънои истилоҳии вожаҳо буда, махсуси хавос ба шумор меравад ва ба авом дахл надорад. Масалан, во­жаи «иставо» (Қуръон: 2:29; 7:54; 10:3; 13:3; 20:5; 25:59; 32:4; 41:11; 57:4) аз ҷониби уламои дин ба шеваҳои гуно­гун ва дар баъзе мавридҳо мухталиф тафсиру таъвил шу­дааст. Ҳадисҳои қудсӣ ва гуфтаҳои Пайғамбар (с) низ ба мисли Қуръон аз лиҳози маъно ва мафҳум дорои маротиб дониста мешаванд. Яке аз номҳои накӯи Худованд Бо­тин аст.

Дар баробари ин назарияи муътадил баъзе фирқаҳои тундрави динӣ, аз қабили кайсония ва ҳарбия, роҷеъ ба Ботин афкору ақидаҳои ифротӣ баён доштаанд, ки мавриди интиқоди шадид қарор гирифтаанд. Исмоилия, ки ба як силсила таълимоти ботинии дорои ҷанбаи ошкоро сиёсӣ-эътиқодӣ таъкид меварзад, бо номи ботиния ё исмоилияи ботиния низ маъруф аст. Ибни Ҳалдун сабаби чунин номи да шудани исмоилияро дар эътиқоди он ба вуҷуди имоми Ботин ё имоми пинҳон медонад.

Адабиёт: Румӣ Ҷалолуддин. Маснавии маънавӣ. Душанбе, 2001; Шабистарӣ Маҳмуд. Гулшани роз. Душанбе, 2011; Маҳмадуллоев С. Мавлоно Яъкуби Чархӣ. Зиндагӣ, осор ва афкор. Душанбе, 2013.

С. Маҳмадуллоҳ.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …