Маълумоти охирин

БОТИЛ

lie-detectorБОТИЛ (арабӣ нодуруст, дурӯғ, беҳуда), истилоҳест дар фарҳанги исломӣ, ки дар муқобили ҳақ қарор дошта, барои ифодаи падидаву ашё ва умуру амалҳои нодурусту манфӣ ва ношоиставу номақбул, инчунин радду инкори онҳо ба кор бурда мешавад. Ботил ва ҳамрешаҳои он 35 бор дар Қуръон (25 бор Ботил, 5 бор «мубтилун», 2 бор «ботилан» ва 3 бор сиғаҳои феъли замони гузашта ва ҳозира-оянда) асосан ба маъноҳои зайл омадааст: ширк ва куфр, зулм, парастиши буту тоғуту Шайтон, аз байн бурдан, такзиб (ба дурӯғ нисбат додан), буҳтон, рибову ришваву қимор, он чи муқобили ҳақ воқеъ шавад, ҳар чизи бесубот, сусту фасодпазир, шакку шубҳа, кирдори зишту нописанд, баноҳақ хурдани моли дигарон, шаҳодати дурӯғ. Тибқи оёт Ботил харчанд дар замоне кӯтоҳ зуҳур намояд, маҳкум ба нобудӣ ва завол аст (Қуръон: 17:81); Худо бо фиристодани пайғамбарон ва арза кардани ҳақ роҳро бар Ботил мебандад ва Ботил дар баробари ҳақ тавони истодагарӣ надорад (Қуръон: 21:18; 34:49); иродаи Худо бар он аст, ки ҳақро устувор кунад ва Ботилро аз миён бардорад (Қуръон: 8:8). Ботил дар Қуръон ба кафки рӯйи об, ки ҳеҷ суде надорад, ташбеҳ шудааст, бар хилофи ҳақ, ки монанди борони судманд буда, ба мардум баҳра мерасонад (Қуръон: 13,17).

Дар ҳадисҳо Ботил ба маъноҳои буҳтон, ифтиро (дурӯғ барбастан), такаббур ва худбинӣ корбурд шуда, баъзе амалҳо ба таври ошкор Ботил хонда шудаанд, аз ҷумла мадҳу ҳаҷве, ки василаи ба даст овардани чизе бошад; инчунин ҳар он чи, ки мусулмонро ба беҳуда саргарму машғул ме­созад. Тибқи ҳадиси саҳеҳе ба ривоят аз Абуҳурайра (рз) Паёмбар (с) матлаи қасидаи Лабид ибни Рабиъа: «А ло куллу шайъин мо халаллоҳа ботилун» (яъне: ҳама чиз чуз Парвардгор Ботил аст)-ро росттарин сухани араб гуфтааст.

Ботил дар илми балоғат ва мантиқ дар мавриди сидқ ва кизб (рост ва дурӯғ будан)-и сухан; дар фиқҳ ва усул зимни баҳси сиҳҳат ва фасод (дурустӣ ва нодурустӣ); дар фалсафа дар мавриди чизе, ки ба асли худ саҳеҳ набошад; дар илми калом ҳангоми накди ақидаву андешаҳо; дар ирфон дар мавриди маъдум ва нафйи мосивои Ҳақ корбурд мешавад.

С. Маҳмадуллоҳ.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …