Маълумоти охирин
Главная / Илм / БОТЕ Валтер Вилҳелм Георг

БОТЕ Валтер Вилҳелм Георг

botheБОТЕ Валтер Вилҳелм Георг (8.1.1891, Ораниенбург – 8.2.1957, Ҳайделберг), физики олмонӣ. Хатмкардаи курсҳои тайёрии мактаби муқаррарӣ дар Берлин (1908) ва Университети Берлин (1913). Дар мактаби олии кишоварзии Бер­лин дарс гуфтааст. Сипас, дар муассисаи физикаву техникии империявӣ ба ҳайси корманди илмии ёрирасон ва дар лабораторияи радиоӣ, ки Ҳ. Гейгер асос гузошта буд, кор кардааст. Солҳои 1925-30 мудири лабораторияи номбурда. Якчо бо Гейгер эффекти Комптонро таҳқиқ ва усули мувофиқатро кашф кард. Дар таҷрибаҳои худ бо Гейгер нишон дод, ки қонуни бақои энергия ва импулс дар баъзе равандҳои атомии алоҳида низ иҷро мешаванд. Соли 1925 таҳти сарварии М. Планк рисолаи докторӣ дифоъ кард. Аз соли 1930 профессор ва директори Институти Гиссен. Аввалин маърӯзаҳоро оид ба механикаи квантӣ Боте карда­аст. Ҳамон сол ӯ ҳолати ангехтаи ҳастаи атомро кашф кард. Аз соли 1932 дар Университети Ҳайделберг фаъолият намуда, соли 1933 баъди ба сари давлат омадани фашистон аз сарварии институт даст кашид. Солҳои 1934-57 сарвари Институти физикаи таҳқиқоти тиббӣ буд. Аксари таҳқиқоти Боте ба таъсири таҷҳизоти радиофаъол ба организми зинда бахшида шудааст. Боте раҳнамои соҳаи физикаи ҳастаии муосир ва физикаи зарраҳои бунёдӣ буд. Маҳз ӯ бо усули мувофиқат мавҷудияти афканишоти гузарандаи кайҳониро собит намуд. Боте яке аз аввалин олимоне буд, ки ба кашфи нейтрон машғул шудаанд. 9 хусусиятҳои умдаи сохти атомро санҷидааст. Таҳти роҳбарии ӯ соли 1943 дар Ҳайделберг суръатфизои сиклотрон сохта шуд. Баъ­ди таслими Олмони фашистӣ тамоми ҳуҷҷатҳои ӯ аз ҷониби амрикоиҳо мусодира гардиданд. Дорандаи муко­фоти Нобел дар соҳаи физика (1954).

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …