Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / БОТА ЛИВИУ

БОТА ЛИВИУ

bota-leeviuБОТА ЛИВИУ, Bota liviu (таваллуд 22.12.1936, Руминия), роҳбарӣ намояндагии нозирони СММ дар Тоҷикис­тон. Таҳсилоти олиро дар Бухарест касб карда, дар шаҳрҳои Бухарест, Маскав, Ню-Йорк ва Гаага ба таҳқиқоти илмӣ пардохтааст. Ширкаткунандаи конференсияҳо, симпозиумҳои байналмилалӣ ва байнидавлатӣ тахти сарпарастии СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ. Му­аллифи асар ва мақолаҳои гуногун доир ба масоили си­ёсӣ, халъи силоҳ, фазои коинот, ҳуқуқи байналмилалӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ. Солҳои 1961 -71 корманди дипломатии Руминия дар СММ (Ню-Йорк), 1971-92 ходими муассисаҳои гуногуни СММ, 1993-95 намояндаи Дабири кулли СММ дар Тоҷикистон, роҳбари Намояндагии нозирони СММ оид ба Тоҷикистон будааст. Барои саҳми арзанда дар раванди ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ва ба муносибати 10-умин солгарди ба имзо расидани Со­зишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ бо Фармони Президенти Тоҷикистон аз 22 июни 2007 бо ор­дени «Дӯстӣ» сарфароз гардонда шудааст.

Адабиёт: Усманов И. Миростроительство в Таджикистане. Душанбе, 2006.

С. Саъдиев.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …