Маълумоти охирин
Главная / Илм / БОСВОРТ Клиффорд Эдмунд

БОСВОРТ Клиффорд Эдмунд

c-e-bosworthБОСВОРТ Клиффорд Эдмунд. (Bosworth Cliffort Edmunt) (таваллуд соли 1928, Шиффелд, Англия), профессор, узви Академияи Британия. Бахши шарқшиносии Коллеҷи шаҳри Оксфордро хатм кар­да, забонҳои арабӣ, форсӣ ва туркиро омухтааст. Доктори илмҳои таърих (1956). Босворт дар донишгоҳҳои Сент-Эндрюс (Шот­ландия), Торонто (Канада), Манчестер (Англия), Уэлс, Ҳарвард (ИМА) тадрис намудааст. Самти фаъолияти илмии Босворт асосан таърихи асримиёиагии Эрон ва кишварҳои арабӣ буда, дар ин замина чанд асар ва даҳҳо мақолаву гузориши илмӣ ироа намуд. Дар пажӯҳиш ва муаррифии таърихи сулолаи Ғазнавиён осори Босвортро муҳаққиқон ба унвони таҳқиқоти камназир пазируфтаанд. Донистани се забони пурнуфузи шарқ ба ӯ имкон дод, ки дар заминаҳои таърих, адабиёт ва таърихи адён осори арзишманде биофарад. Китобу мақолаҳои Босворт перомуни авзои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Хуросону Мовароуннаҳри асрҳои 8-13, ки муҳимтарин марҳалаи таърихи халқи тоҷик ба шумор ме­равад, маълумоти нодир медиҳанд. Асари Босворт «Силсилаҳои исломӣ» (Эдинбург, 1967) ба даҳҳо забони дунё тарҷума гардидааст. Намунаҳои дигари осори ӯ дар Ҳиндустон, Эрон, Афғонистон, Лубнон, Ироқ, Сурия ва дигар кишварҳои арабӣ борҳо тарҷума ва нашр гардид. Босворт бештар аз панҷоҳ соли умри худро ба тадрис ва пажӯҳиши таъриху фарҳанги Машриқзамин бахшидааст ва номи ӯ дар радифи бузургтарин ховаршиносони дунё сабт гар­дидааст.

Осор: The later Ghaznavids, splendor and decay: the dynasty in Afghanistan and northern India 1040-1186. Edinburg, New Delhi, 1992, The Ghaznavids, their empire in Afghanistan and eastern Iran 994-1040. Edinburg, 1963; Sistan under the Arabs, from the Islamic conquest to the rise of the Saffarids, 650-864. Rome, 1968/ Тарҷума ба забони форсӣ: Ghaznavid MillitariOrganization // Der Islam. 1960. №1-2); Мусульманские династии / Перевод с англ. И примечю П. Н. Грязневича. Москва, 1971.

С. Муллоҷон.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …