Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / БОСТОНДЕҲ

БОСТОНДЕҲ

dehaБОСТОНДЕҲ (то 14.12.12 Уртақишлоқи Боло ва По­ён), деҳа дар ҷамоати деҳоти Саразми ноҳияи Панҷакент. Аз деҳа то марказӣ ноҳия 7 километр; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 2610 нафар (январи 2013). Мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, клуб, 4 нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: сабзавоткорӣ, тамокупарварӣ, пилапарварӣ, чорводорӣ. Заминҳо аз наҳри Тӯқсанкорез обёрӣ мешаванд. Ёдгори таърихии Шаҳртеппа дар ҳамин деҳа маҳфуз мондааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …