Маълумоти охирин

БОСТОН

bostonБОСТОН, шаҳр дар ИМА, пойтахти иёлати Массачусетс; яке аз марказҳои асосии саноатӣ, тиҷоратӣ-молиявӣ, илмӣ ва фарҳангии ИМА. Дар соҳили халиҷи Массачусетси Уқёнуси Атлантик, дар резишгоҳи дарёи Чарлз воқеъ гаштааст. Аҳолиаш 625 ҳазор нафар (бо аҳолии атрофаш зиёда аз 5,9 млн нафар, 2012). Марказӣ бузургтари¬ни нақлиётии шимоли шарқи ИМА; бандари муҳимми баҳрӣ (муомилоти бор 16 млн тонна дар як сол). Аэропорти байналмилалӣ (Логан) дорад. Бостон яке аз аввалин касабаи муҳоҷирони англису Амрикои Шимолӣ буд. Соли 1630 мустамликаи Массачусетс-Бэй. Аз аввали асри 17 то соли 1760 яке аз шаҳрҳои бузурги мустамликаи Англия дар Амрико ба ҳисоб рафта, баъдан мақоми аввалиятро ба Филаделфия дод. Севвумин бандари мубодилаи бори Империяи Британия ба ҳисоб мерафт. Ба таври расмӣ аз соли 1822 мақоми шаҳрро соҳиб гардид. Аз асри 19 Бостон яке аз шаҳрҳои бузургтарини ИМА ҳисоб меёфт. Соҳаҳои иқтисодиёти Бостони муосир бахши молиявӣ (хидматрасонии бонкӣ, ширкатҳои суғуртавӣ), тандурустӣ (16 беморхона ва 8 марказӣ илмии тиббӣ), саноати технологияи навин (радиоэлектроника, таҷҳизоти компютерӣ, воситаҳои автоматикунонӣ, телекоммуникатсия) ва табъу нашр мебошад. Асбобсозӣ (асбобу анҷоми тиббӣ), истеҳсоли муҳаррикҳои авиатсионӣ ва киштӣ, киштисозӣ ва таъмири киштӣ яке аз соҳаҳои пешрафтаи Бостон аст. Саноати чарму пойафзор, кимиё, нассоҷӣ, хурокворӣ, истеҳсоли резин ривоҷ ёфтааст. Дар Бостон метрополитени қадимӣ (аз 1897), шоҳроҳи нақлиётии Биг-Диг бо нақби назди бан¬дари баҳрӣ ва маҷмӯи таваққуфгоҳҳои зеризаминӣ (2004) мавҷуд аст. Бостон тарҳи меъмории аврупоиро дорост. Сол-ҳои 1960-90 қисми марказии шаҳр таҷдид гардида, иморатҳои осмонбуси Ҷон-Хэнко-Билдинг, Пруденшл-Сентер (50 ошёнаанд) бунёд гардиданд. Биноҳои асрҳои 18- 19, аз қабили Хонаи қадимии иёлат (1711-47), Фанейл-Холл (1742), Антенеум (китобхонаи қадимии ИМА, 1847), госпитали клиникии Массачусетс (1811) ва ғайра маҳфуз мондаанд. Бостон марказӣ бузургтарини илмӣ ва таълимии ИМА ба ҳисоб рафта, дар он Донишгоҳи Гарвард (Кембрич, 1636), Институти технологии Массачусетс (1861), Донишгоҳи Бостон (1869), Донишгоҳи Шимоли Шарқӣ (1898) ва донишгоҳҳои Брэндис, Тафте, Консерваторияи мусиқии Англияи Нав (1867), оркестри симфонии Бостон, театри опера ва ба-лет, осорхонаҳои саноеи нафиса, илмӣ, таърихи дақиқ, кӯдакона, Осорхонаи бадеии Изабелла Стюарт Гарднер, Осорхонаи таърихи Африқо ва Амрико мавҷуданд. Лавҳаҳои ёдгори Холокост, Ҷон Кеннеди, Боғи миллӣ-таърихӣ бо осорхонаи «Банкер-Хилл», истгоҳи киштии ҳозиразамони «Конститюшн» дар Бостон ҷойгиранд. Пойгоҳи флоти баҳрӣ дорад.
Адабиёт: Новая российская энциклопедия. Т. 3 (1). Москва, 2005.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …