Маълумоти охирин
Главная / Илм / БОСИРА

БОСИРА

bosiraБОСИРА, биноӣ, қувваи биниш, яке аз ҳиссҳои панҷгона; қобилияти дарки андоза, шакл ва ранги ашё, ҷойгирӣ ва масофаи байни онҳо. Чашми инсон фақат мавҷҳои нури дарозиашон тақрибан аз 390 то 760 нм-ро дарк мекунад. Бинобар ин, одам нурҳои дарозиашон кам (ул- трабунафш) ё зиёд (инфрасурх)-ро дида наметавонад. Нури рӯшноии ашё ба воситаи гавҳарак ба чашм гузашта, ба тӯрпардаи ҳисси рӯшноӣ – шабакия, аз ҷумла ба ҳу¬ҷайраҳои махрутшакл ва қаламчашакли он таъсир мерасонад ва торҳои асаби онҳоро меангезад. Ангезиш ба воситаи асаби биноӣ ба маркази қишри Босира, ки дар мағзи сар воқеъ аст, интиқол меёбад ва дар шакли образҳои муайян ва таассурот дарк карда мешавад.
Дар шабакия тақрибан 7 млн ҳуҷайраи махрутшакл ва 12 млн ҳуҷайраи қаламчашакл мавҷуд аст. Миқдори асосии ҳуҷайраҳои махрутшакл дар маркази шабакия, ки доғи зард ном дорад, ҷойгир шудаанд. Баробари аз марказ дур рафтан миқдори ҳуҷайраҳои махрутшакл кам мешавад, вале адади ҳуҷайраҳои қаламчашакл меафзояд. Дар канораи шабакия фақат ҳуҷайраҳои қаламчашакл мавҷуданд, ки нурро хеле хуб ҳис карда, барои дар шомгоҳон ё шаб дидан ёрӣ мерасонанд. Ҳангоми бо ҳар ду чашм дидани ашё тасвири он ба нуқтаҳои яксони шабакияи чашмон меафтад ва одам ашёро на ҷудо-ҷудо, балки яклухт мебинад. Агар тасвири ашё ба қитъаҳои яксони шабакияи чашмҳо наафтад, он гоҳ ҳар чиз дуто менамояд, яъне, ҳолати аҳвалӣ ба вуҷуд меояд.
Барои маҳфуз доштани Босираи мувофиқ фароҳам овардани шароити мусоиди беҳдошт аҳаммияти бузург дорад. Аз ин ҷиҳат равшании дурусту кофӣ басо муҳим аст. Ба¬рои бемонеа ба хона афтодани равшании рӯз шишаҳои тирезаро тоза нигоҳ доштан лозим; дар зертахтаи тиреза гулҳои баланд намегузоранд. Ба тирезаҳо барои рафъ намудани таъсири нурҳои рости офтоб бояд пардаи сафед овехт. Равшании табиӣ дар хона ба дараҷаи инъикоси рӯшноии рӯз дар сақф, деворҳо, мебел ва дигар ашё воба¬ста аст. Бинобар ин, онҳо бояд тобишҳои сафед ва бештар зарди сабзтоб дошта бошанд. Барои рӯшноии сунъӣ аз лампаҳои каммасраф истифода мебаранд. Рӯшноии онҳо ба рӯшноии рӯз наздик ва барои чашм безарар ме¬бошад. Дар хона барои кор бояд дар назди тиреза ҷойи равшан ҷудо карда шавад. Масофаи байни чашм ва китоб (ё дафтар) бояд 30-35 см бошад. Барои пешгирии хастагии чашм баъди ҳар 30-40 дақиқа кор 10 дақиқа истироҳат ме¬кунанд. Ҳангоми тамошои телевизор аз экрани он ҳадди аққал 2,5 метр дуртар мебояд буд ва ҳам хона бояд рав¬шан бошад. Нигар низ Чашм.
Адабиёт: Копаева В. Г. Глазные болезни. Москва, 2002; Сомов Е. Е. Оф-тальмология. Москва, 2008.

З. Аҳророва.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …