Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / БОШҚИРДИСТОН

БОШҚИРДИСТОН

bashkiriyaБОШҚИРДИСТОН, Ҷумҳурии Бошқирдистои (бошқирдӣ Башкортостан Республикасы), субъекти Федератсия Руссия. Дар доманаи кӯҳи Урали Ҷанубӣ ҷойгир буда, аз шимол бо вилоятҳои Перм ва Свердловск, аз шарқ бо Челя­бинск, аз ҷануб бо Оренбург, аз ғарб бо Ҷумҳурии Тотористон, аз шимоли ғарб бо Ҷумҳурии Удмурдистон ҳамсарҳад аст. Мансуби округи федералии Приволжск. Масоҳаташ 143,6 ҳазор км2. Аҳолиаш 4,1 млн нафар (2013). Пойтахташ шаҳри Уфа.

Сохти давлатӣ. Бошқирдистон ҷумҳурии президентист. Конститутсияи амалкунанда соли 1993 қабул шудааст. Сардори давлат президент, ки дар Маҷлиси давлатӣ – Қурултой бо пешниҳоди Президенти Федератсияи Руссия интихоб мешавад. Мақоми олии қонунбарор Маҷлиси давлатии дупалатагӣ – Қурултой, ки иборат аз Маҷлиси (палатаи) қонунбарор ва Маҷлиси (палатаи) намояндагон аст. Мақоми олии қонунбарор – Шӯрои вазирон бо сарварии сарвазир. Мақомоти олии судӣ – Суди олӣ ва Суди ҳакамӣ. Аз ҷиҳати маъмурӣ аз 21 шаҳри тобеи ҷумҳурӣ, 54 ноҳия, 40 шаҳрак ва 945 ҷамоати деҳот иборат аст.

Табиат. Қисми ғарбии Бошқирдистон ҳамвор буда, қисми шарқиаш асосан кӯҳсор аст. Дар ин ҷо Урали Ҷанубӣ хеле ба­ланд мебошад (қуллаи кӯҳи Ямонтов, 1640 метр). Иқлимаш континенталӣ. Ҳарорати миёнаи январ — 18°С, июл +18°С. Боришоти миёнаи солона дар наздикии Урал 400 500 миллиметр, дар паси Урал қариб то 300 миллиметр. Дарёҳои асосии Бошқирдистон: Белая (Агидел 1430 километр) ва шохобҳои он, Уфа (918 километр), Дёма (535 километр), Нугуш (235 километр), Сим (239 километр), Ашкадар (165 километр), Стерля (94 километр). Дар Урал кӯлҳои зиёде (қариб 2700) мавҷуданд, ки бузургтаринашон Асликӯл (18,5 км2) ва Кандрикӯл (12 км2) мебошанд ва дар онҳо 40 намуд моҳӣ ҳаст. Хокаш сиёҳзамин, хокистарранги ҷангалӣ, хокистарӣ ва чимзамини хокистарранг, гумусу карбонатдор ва ғайра. Бештар аз 40 дарсади ҳудуди Бошқирдистон ҷангалзор буда, захи­раи чӯб зиёд аст. Дарахтони санавбари паҳнбарг, булут, сӯзанбарги сиёҳ ва тӯс мерӯянд. Бошқирдистон аз ҷиҳати сарватҳои табиӣ ғанӣ буда, захираҳои бузурги нафт, гази табиӣ, ан­гиштсанг, маъдани оҳан, тило, намаксанг ва ғайра дорад. Ола­ми ҳайвоноти Бошқирдистон гуногун буда, ҳайвонот ва парандагон (286 намуд) бисёранд. Аз ҷумла, хирс, санҷоб, харгӯш, силовсин, савсор, бурундуқ, сагобӣ, юрмон, суғур, миримушон, харгӯши зард, кӯрмуш, чилмурғ, кабк, титав вомехӯранд. Дар кӯлу дарёҳои Бошқирдистон 47 намуди моҳӣ мавҷуд аст, ки 13 намуди он ба Китоби сурхи Бошқирдистон ворид карда шудааст. Аз ҷумла, тосмоҳӣ, гулмоҳии дарёӣ, озодмоҳии аврупоӣ, симмоҳӣ, рафидамоҳӣ, аломоҳӣ ва суфмоҳӣ мавҷуданд. Ҳудудҳои ҳифзшавандаи Бошқирдистон: Боғи миллии «Бошқирдистон», мамнӯъгоҳҳои Бошқирдистон, Ҷанубӣ Урал ва Шулган-Тош. Дар ҳудуди мамнӯъгоҳи Шулган-Тош яке аз ғорҳои бузургтарин дар Урал (машҳур бо номи Капова) мавҷуд аст, ки дарозиаш 3 километр аст. Масоили экологии Бошқирдистон: нобуд ва кам шудани бешазорҳо, олудашавии обанбору марғзор боиси кам шудани хуки ваҳшӣ (гуроз), хирс, қуқндуз, гавазн гардидаанд. Дар Бошқирдистон намудҳои зиёди парандагон (мурғи саққо, уқоби даштӣ, дуғдоғ) низ нобуд гаштаанд.

Аҳолӣ. Дар Бошқирдистон намояндагони 30 халқият зиндагонӣ мекунанд: аз ҷумла, бошқирдҳо (22%), русҳо (39%), тоторҳо (28%), чувашҳо ва марийҳо. Ду забони расмӣ – бошқирдӣ ва русӣ амал мекунад. Зичии миёнаи аҳолӣ дар 1 км2 28,41 нафар (2013). 60,4 дарсади аҳолӣ дар шаҳрҳо маскун буда, сокинони деҳот 39,6 дарсадро ташкил ме­диҳанд. Рӯҳониёни бошқирд асосан мусулмонони суннимазҳабанд. Дини православӣ низ паҳн гардида, мазҳабу ақидаҳои анъанавӣ нигоҳ дошта шудаанд. Шаҳрҳои бузургаш: Уфа, Агидел, Нефтекамск, Эшимбой, Белореск, Белебей.

Таърих. Маскуншавии нахустин дар ҳудуди Бошқирдистон ба дав­раи полеолит рост меояд. Дар асрҳои 3-2 то милод умумияти фарҳангӣ таърихии одамон муайян гардида буд. Авва­лин маълумоти хаттӣ дар бораи аҳолии Урали Ҷанубӣ дар дастхатҳои муаллифони қадим дар ҳазораи 1-и то милод қайд гаштааст. Дар ин давра аввалин шуда гунҳо ба ҳудуди Бошқирдистон зада даромаданд ва аз паси худ аҳолии маҳаллии бодиянишинро оварданд. Машғулияти асосии қабилаҳои маскуни Бошқирдистон дар асри биринҷӣ чорводорӣ ва зироат буд. Бошқирдҳо дар сарчашмаҳои хаттии арабӣ (Ибни Фазлон) дар асрҳои 9-10 бо номи «бошҷирд», «башгирд» ва «башгурд» ёд шудаанд. Онҳо дар асрҳои 10-13 ба ҳайати Волгаи Булғория дохил мешуданд ва дар биёбонҳои соҳили Баҳри Каспий, байни дарёҳои Волга ва Ёииқ зиндагони мекарданд. Бошкирдҳо дар замони қабл аз ислом бутпараст будаанд. Дертар ба ин сарзамин дини ислом ва хатти арабӣ ворид шуд. Соли 1229 ба Бошқирдистон муғулҳову тоторҳо ҳамла карданд ва он дар давоми 2 аср тобеи Ӯрдаи Тилоӣ буд. Дар нимаи 2-юми асри 15 қисми ҷануб ва ҷануби шарқии Бошқирдистон тобеи Урдаи Тилоӣ Нӯғай, қисми ғарбиаш зе­ри истилои хонигарии Қазон ва қисми шимолиаш дар ихтиёри хони Сибир қарор дошт. Соли 1557 баъди торумори хонии Қазон қисми бештари ҳудуди Бошқирдистон ихтиёран ба ҳайати Руссия дохил шуд ва баъд аз ин ҷангҳои тороҷгаронаи байни қабилаҳо қатъ гардид, бошқирдҳо аз ҳуҷуми мардумони кӯчии ҳамсоя эмин шуданд ва барои рушди иқтисоду маданият шароити мусоид фароҳам омад. Халқи бошқирд асосан дар асри 16 ташаккул ёфт. Зулми феодалӣ ва мустамликавӣ, сиёсати зуран русгардони (ба ди­ни насронӣ)-и аҳолии маҳаллӣ аз тарафи Руссияи подшоҳхи боиси қаҳру ғазаб ва норозигии оммаи бошқирд ва сабаби шӯришҳои бузург (асрҳои 17-18) гардиданд. Бош­қирдҳо дар Ҷанги деҳқонон бо сардории Е. И. Пугачёв фаъолона ширкат намуданд. Солҳои 1798-1865 дар Бошқирдистон усу­ли идоракунии кантонӣ ҷорӣ шуд, ки зимни он бош­қирдҳо ба табақаи махсуси ҳарбиён табдил ёфтанд. Баъди барҳам додани усули кантонӣ як қисми заминҳои Оренбург ба губернили Уфа, ки нав таъсис ёфта буд, дода шуд. Баъди инқилоби Феврали ва Октябри 1917, декабри 1917 Маҷлиси муассисони Бошқирдистон ҳукумати маҳаллиро таъсис дод. Июли 1918 чехҳои сафед ва гвардиягиёни сафед Челябинск, Уфа ва Оренбургро ишғол намуданд, ҳукумати гвардия­гиёни сафед ва эсерҳо ташкил шуд. Декабри 1918 бо қарори ҳукумати олии Руссия Артиши Сурх дар Бошқирдистон ба муқобили сипоҳиёни гвардиягиёни сафеди Колчак ҳуҷум на­муда, онро торумор карданд. Марти 1919 Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Бошқирдистон (аввалин ҷумҳурии мухтори шӯравӣ дар ҳайати ҶШСФР) таъсис ёфт ва пойтахташ шаҳри Стерлитамак гардид. Июни 1922 ҳудуди Бошқирдистон аз ҳисоби уездҳои губернияи Уфа васеъ карда шуда, пойтахт ба шаҳри Уфа кӯчид. 11 октябри 1990 Шӯрои Олии ҶМШС Бош­қирдистон истиқлоли давлатиро ба даст овард. Аз феврали 1992 Республикаи Бошқортостон ном гирифт.

Иқтисодиёт. Бошқирдистон мамлакати индустриявию аграрии тараққикардаи Руссия мебошад. Ҳаҷми ММД ба ҳиссаи маҳсулоти саноат 49,6 дарсад, соҳаи кишоварзӣ ва ҷангалларварӣ 8,2 дарсад рост меояд. Бошқирдистон яке аз минтақаҳои истеҳсолу коркарди нафти Руссия ва марказӣ муҳимми саноати кимиё ва мошинасозӣ мебошад. Заводҳои кор­карди нафт дар Уфа, Салават ва Эшимбоӣ, заводҳои коркарди гази табиӣ дар Туймази ва Приютово ҷой гирифтанд. Саноати коркарди чӯб, филиззот ва масолеҳи бинокорӣ низ ривоҷ ёфтааст. Марказҳои муҳимми саноати мамлакат шаҳрҳои Уфа, Стерлитамак, Эшимбой, Салават, Нефтекамск, Туймазӣ, Октябрский, Белореск мебошанд. Дар Бошқирдистон ба миқдори зиёд ғалла ва маҳсулоти хӯроки чорво, гандум, ҷавдор, сулӣ, марҷумак, арзан ва зироати лубиёӣ, инчунин лаблабуи қанд парвариш карда мешавад. Соҳаи асосии чорводорӣ парвариши гови гӯшту ширдеҳ, гусфанди гӯшту пашмдеҳ, инчунин парвариши бузу аспҳои хушзот аст. Дар Бошқирдистон занбурпарварӣ низ ривоҷ ёфта, аз ҷиҳати зиёд кардани оилаи занбур, истеҳсоли асали аълосифат дар Руссия ҷойи аввалро ишғол мекунад. Инчунин Бошқирдистон бо истеҳсоли шир, гӯшт, тухм, ғалладона ва картошка машҳур гаштааст. Бошқирдистон асосан бо 90 мамлакати дунё робитаи тиҷоративу иқтисодӣ дорад. Шарикони тиҷоратиаш Чехия, Бри­танияи Кабир, Қазоқистон, Нидерландия, Хитой, Лихтенштейн, Олмон, Финландия ва Украина буда, асосан маҳсулоти кимиёӣ ва нафт содир мекунад. Истеҳсоли нерӯи барқ 25 млрд кВт соатро ташкил мекунад, ки 90 дарсади он дар НБО ва боқимонда дар НГБ, ки асосан бо газ кор мекунанд, ба даст оварда мешавад. НБО-и бузургтарин Юмангузинск (иқтидораш 45 МВт).

Дар Бошқирдистон соҳаи сайёҳӣ тараққӣ кардааст, ки соле то 400 ҳазор сайёҳ барои истироҳат ва муолиҷа меоянд. Аз соли 1991 ширкати «Роҳҳои ҳавоии Бошқирдистон» фаъолият дорад. Аэропорти бузургтарини Бошқирдистон дар шаҳри Уфа ҷойгир аст. Бошқирдистон бо мамлакатҳои Юнон, Хитой, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Туркия хатти сайри ҳавоӣ дорад. Нақлиёти асосии Бошқирдистон роҳи оҳан буда, тариқи он бо шаҳрҳои Самара, Челя­бинск, Оренбург, Уляновск мепайвандад. Дарёҳои киштигардаш – Белая (Оқ Идил) ва Уфа. Аз Туймазӣ – Уфа, Эшимбой – Уфа ва Эшимбой – Орск лӯлаҳои нафту газ (4,5 ҳазор километр) мегузаранд. Дарозии роҳҳои автомобилгард 25 ҳазор километр.

Тандурустӣ. Дар Бошқирдистон 214 муассисаи тандурустӣ, 430 дармонгоҳу бунгоҳи тиббӣ ва зиёда аз 2 ҳазор бунгоҳи фелдшериву акушерӣ ба аҳолӣ хидмат мерасонанд. Дар Бошқирдистон зиёда аз 50 чашмаи обҳои маъданӣ, лойқаи табобатӣ, обҳои гарми зеризаминӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар за­минаи он осоишгоҳҳои иқлимӣ, табобаггоҳҳо («Асси», «Ёнғантов», «Юматово», «Яктикул», «Красноусолск», «Олховка», «Венетсия», «Агидел», «Берёзка») бунёд шуда, ба­рои муолиҷаи бемориҳои буғумдард, силсилаи асаб, меъдаву рӯда, ҷигару гурда, роҳи масонаву талхадон, дилу раг, роҳҳои нафас ва бемориҳои пӯст пешниҳод мешаванд.

Маориф ва маданият. Соли 2013 дар соҳаи маорифи Бошқирдистон 3,4 ҳазор муассисаҳои гуногуни таълимӣ фаъолият дошта, дар онҳо зиёда аз 871,7 ҳазор кӯдакро 161,5 ҳазор омузгор дарс медоданд. Ҳамчунин, дар мамлакат 1644 муассисаи томактабӣ (аз ҷумла, 12 муассисаи хусусӣ) мавҷуд буда, 25 муассисаи томактабии нав бунёд гардид. Дар муассисаҳои таълимии Бошқирдистон таълим ба забонҳои бошқирдӣ, русӣ, тоторӣ, чуваши, марийгӣ, удмурдӣ, олмонӣ, украинӣ ба роҳ монда шудааст. Китобҳои дарсӣ ба талабагон ройгон дода мешавад. Дар Бошқирдистон соҳаи маориф бо қонунҳои махсус танзим мегардад. Аз соли 2012 тибқи лоиҳаи афзалиятноки миллии «Маориф» барои мураббиёну омузгороне, ки шогирдони онҳо дар олимпиадаҳо, фестивалҳо, мусобиқаҳои варзишӣ, озмунҳои минтақавӣ, умумируссиявӣ ва байналмилалӣ ғолиб меоянд, мукофотҳои пулӣ муқаррар карда шудааст. Ба­рои шогирдони аълохону фаъоли синфҳои ибтидоӣ идрорпули (стипендия)-и ҳукумати мамлакат таъсис дода шудааст. Маълумоти касбӣ дар мактабҳои махсуси техникӣ, бадеӣ, кишоварзӣ, тиббӣ ва ғайра, ки ба барномаи комили мактаби миёна асос ёфтаанд, омӯзонда мешавад. Дар Бошқирдистон донишгоҳи давлатӣ, донишгоҳи тиббӣ, Донишгоҳи педагогии ба номи М. Акмулла, Донишгоҳи авиатсионӣ – техникии Уфа, академияи иҷтимоӣ – омӯзгорӣ, Академияи давлатии педа­гогии ба номи Зайнаб Биишева фаъолият доранд.

Адабиёт. Фолклори мардумии бошқирдро ҳамосаҳо, достонҳои таърихӣ, сурудҳои мардумӣ ва афсонаву қиссаву ривоятҳо ташкил медиҳанд, ки дар аввали асри 19 (асосан аз тарафи олимони рус) сабт ва нашр шудан ги­рифтанд. Дар шеъру сурудҳои озодихоҳонаи Салават Юляаев ҳаёти мардум тараннум мегардид. Нависандагони асрҳои 18-19 (Б. Т. Ялсигул, Гали Сокрий, Ш. Я. Закӣ, Г. Солеҳов) асосан ашъори динию аҳлоқӣ эҷод мекарданд.

Дар арафаи Инқилоби 1905-07 Маҷид Ғафурӣ ба арсаи адабиёт қадам ниҳода, тараннумгари инқилоб эътироф карда шуд. Маҷмӯаи «Парчами Сурх»-и ӯ ба лирикаи инқилобии мардуми бошқирд замина гузошт. Асарҳои М. Ғафурӣ ба хазинаи тилоии адабиёти бошқирд ва тотор ворид гардид. Ба адабиёти шуравии бошқирд адибон Д. Юлтий, С. Кудаш, Г. Ғумер, Б. Эшемгул, И. Носирӣ, Т. Янабӣ, Ҳ. Иброҳимов асос гузоштанд. Охири сол­ҳои 20-уми асри 20 нависандагон С. Агиш, Г. Амантай, А. Карнай, Р. Неъматӣ, Б. Валид, Г. Хайрӣ, С. Мифтоҳов, Б. Бакбай ва дигарон ба арсаи адабиёт ворид шуданд. Дар рӯзномаҳои ҳарбӣ аввалии асарҳои шоирон Шамун Фидоӣ, Ярлӣ Карим, мунаққид Ш. А. Худойбердин ба нашр расиданд. Солҳои 30-юм адабиёти бошқирд бо роҳи реализми сотсиалистӣ тараққӣ кард. Дар замони ҶБВ (1941-45) назм ривоҷ ёфт. Адибон С. Кудаш, Рашид Неъматӣ, Ҳ. Карим, М. Карим ва дигарон бештар дар мавзӯи ҷанг шеърҳо эҷод мекарданд.

Солҳои баъди ҷанг наср инкишоф ёфт, Повесту романҳои X. Давлатшина, С. Агиш, 3. Биишева, Қ. Мэргэн, А. Валӣ, А. Бикчентаев, С. Ф. Кудаш эҷод шуданд. Повести С. Ф. Кудаш «Ба истиқболи баҳор» (1952) ба муносибати дӯстии ади­бон Габдулло Туғай ва Маҷид Ғафурӣ эҷод шудааст. Дар соҳаи танқиди адабӣ, драматургия, адабиётшиносӣ, адабиёти бачагона низ пешравиҳо ба даст оварда шуданд. Нависанда­гон Н. Наҷмӣ, X. Гиляжев, Ғ. Рамазонов, Т. Арслон, И. Абдуллин, Н. Асанбоев, М. Ғалӣ, М. Каримов ва дигарон аз ҷумлаи асосгузорони адабиёти муосири бошқирд мебошанд. Эҷодиёти шоири мардумии Бошқирдистон Мустай Карим ба аксари забонҳо тарҷумаву маълум гардидааст.

Меъморӣ ва санъати тасвирӣ. Манзилгоҳи бошқирдҳои чорводор асрҳои зиёд юртҳои васлшавандаи намадӣ (тирмэ) ва чайла (каппа) дар минтақаи кӯҳистон буд. Баъди ихтиёран ба Руссия ҳамроҳ шудани мардуми бош­қирд дар биносозии иншоотҳои мазҳабӣ (масҷидҳо, марқадҳо ва оромгоҳҳо) таъсири санъати меъмории рус ва булғорҳо ба назар мерасад. Баробари биноҳои чӯбин хонаҳои сангин низ пайдо шуданд. Дар ҳудуди Бошқирдистон катибаҳои рӯйисангии қадимтарини даврони палеолит (дар минтақаи Шулган-Тош), дар дафинаву қӯрғонҳо миқдори зиёди зарфҳои сафолии сернақшу нигор, ашёи ороишии филиззии нақшин ва расми ҳайвонот бозёфт шудааст. Дар асрҳои 16-18 шаҳрҳои Стерлитамак, Белебей, Бирск, Уфа бунёд гашта, дар замони муосир азнавсозӣ карда шуданд. Дертар шаҳрҳои Эшимбой, Октябрский, Кумертов, Салават, Туймазӣ, Нефтекамск, Агидел, Белореск бунёд шуданд. Солҳои 30-40 асри 20 бунёди иморатҳо бо услуби меъ­мории классикӣ (Қасри фарҳанги ба номи С. Орҷоникидзе, Хонаи Саноат ва ғайра) ба ҳукми анъана даромад. Сол­ҳои 60 асри 20 сохтмони биноҳои замонавӣ (Театри ака­демии драмаи Бошқирдистон, Сирки давлатӣ, Қасри варзиш дар шаҳрҳои Уфа, Октябрск, биноҳои баландошёна дар шаҳрҳои Уфа ва Салават) авҷ гирифт.

Аз замонҳои қадим дар миёни бошқирдҳо ҳунарҳои мардумӣ – кашидадузӣ, гулдӯзӣ, бофандагӣ, нақшдузӣ дар рӯйсарӣ (рӯймол), дастмол, қолин ва парда, заргарӣ, кулолӣ, чармгарӣ ва кандакорӣ дар чӯб ривоҷ ёфта, то имрӯз ин анъана идома дорад. Дар ташаккули санъати тасвирии Бошқирдистон нақши бузургро рассомони тоинқилобӣ бозидаанд (намоишгоҳи соли 1916 дар шаҳри Уфа). Нахустин рассомони бошқирд К. А. Давлаткелдиев, М. Н. Елгаштина, А. Э. Тюлкин, А. П. Лежнев ва дигарон мебошанд. Соли 1920 дар шаҳри Уфа осорхонаи санъат, соли 1926 омӯзишгоҳи санъат таъсис ёфт.

Мусиқӣ. То Инқилоби Октябр мусиқии бошқирдӣ танҳо бо эҷодиёти мардумӣ робита дошта, сурудҳои мардумиаш асосан яковоза буданд.

Асбобҳои мусиқии мардумии Бошқирдистон – курай (найи дарозй монанд ба найи чӯпонӣ), гармон ва кубил (навъе аз созҳои мусиқии чӯбӣ ё оҳанӣ). Дар Бошқирдистон фарҳанги мусиқии касбӣ баъди барқарор шудани Ҳокимияти Шӯравӣ рушд кард. Асарҳои оҳангсозон З.  Исмоилов, X. Аҳмадов, Р. Муртазин, Н. Собитов шуҳрат доштанд. Соли 1938 дар шаҳри Уфа театри мусиқии Бошқирдистон (аз соли 1941 Театри опера ва балет), филармония ва оркестри асбобҳои мардумӣ ташкил ёфт. Дар заминаи пайванди мусиқии мардумии анъанавӣ ва аврупоӣ, пеш аз ҳама мусиқии классикии рус сабки хосси мусиқии миллии бошқирдӣ ба вуҷуд омад. Солҳои 40 асри 20 аввалин операшҳои бошқирди «Хакмар», «Мергэи» (Нишонзани моҳир) «Карлугас» (Парасту) ва ғайра рӯйи саҳна омаданд. Театри касбии бошқирдӣ баъди Инқилоби Октябр ташкил ёфт.

Театр. Соли 1919 дар Стерлитамак аввалин театри миллӣ ба фаъолият оғоз кард ва аз соли 1922 он ба Театри академии драмаи Бошқирдистон табдил дода, ба шаҳри Уфа кӯчонда шуд. Дар ин театр аз солҳои 30 то имрӯз асарҳои драматургони бошқирд ба саҳна гузошта мешаванд. Дар саҳнаҳои теат­ри сайёри Бошқирдистон драмаи М. Буронгулов «Ашкадар» (1920) ва мазҳакаи мусиқии драманавис ва оҳангсоз X. К. Иброҳимов «Кафшак» рӯйи саҳна омаданд. Дар Бошқирдистон театрҳои русӣ (Уфа, Стерлитамак), театри драма (Сабай ва Салават), театри лухтак (Уфа) мавҷуданд. Соли 1968 дар шаҳри Уфа донишгоҳи санъат ба фаъолият оғоз намуд. Дар байни арбоби ҳунари Бошқирдистон Артисти халқии ИҶШС А.К. Мубоков, Артистони халқии Федератсияи Руссия 3. И. Бекбулатов, Г. И. Мингалиев, А. К. Зубаиров ва ғайра бо маҳорати хоссаи хеш машҳур гашта буданд.

Воситаҳои ахбори умум. Бошқирдистон матбуоти даврии тараққикарда дорад. Машҳуртарин нашрияҳо – газетаҳои «Башкор­тостан», «Республика Башкортостан», «Қизил-Тан», «Мо­лодёжная газета» ва маҷаллаи «Ватандош». Шабакаи телевизионии моҳворавии шабонарузӣ фаъолият дошта, барномаҳои он ба забонҳои русӣ ва бошқирдӣ пахш мешаванд.

Адабиёт: Писатели Советской Башкирии. Уфа, 1955; Хисматов М. Ф. Очерки по географии Башкирии. Уфа, 1963; Очерки по истории Баш­кирской АССР. Т. 1 (ч. 1-2)-2. Уфа, 1956-66; Авижанская С. А., Бикбулатов Н. В., Кузеев Р. Т. Декоративно-прикладное искусство башкир. Уфа, 1964; Большая советская энциклопедия. Т. 3.3 изд. Москва, 1970; Новая российская энциклопедия. Т. 2. Москва, 2005.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …