Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Бошишгоҳи СОИ САЙЁД

Бошишгоҳи СОИ САЙЁД

СОИ САЙЁД, бошишгоҳ, яке аз ëдгориҳои археологии давраи мезолит ва неолит, ки дар соҳили чапи дарëи Вахш воқеъ буд. Соли 1965 археолог А. X. Юсуфов онро кашф намуда, то соли 1972 ҳафриëт гузаронид. Қабатҳои маскуни асри санги Сои Сайëд аз гилреги ғафсиаш 1—3,1 м иборат буда, дар он харобаҳои биноҳо, ашёҳои мансуб ба асри биринҷӣ, ибтидои асри оҳан, атиқа ва асрҳои миëна (сафол, пайкон, дирафшу сӯзанҳои биринҷӣ, тангаи нуқрагии давраи Сосониён, асбобҳои ороиш — шаддаи марҷон, тугмаҳои баргшакли биринҷӣ) боқӣ мондаанд. Аз Сои Сайëд 2800 олати сангӣ, чақмоқсангӣ ва устухонӣ ба даст омаданд. Ҳафриёти бошишгоҳ оташдонҳои зиёд ва тавораҳои сангиро низ ошкор кард. Дар натиҷаи тадқиқи материали Сои Сайëд аëн гардид, ки асоси иқтисодии хоҷагии қабилаҳои маданияти Ҳисорро чорводории айлоқӣ ташкил мекардааст. Сои Сайëд ëдгории муҳим ба шумор рафта, дар бораи маданият ва хоҷагии қабилаҳои кӯҳистони Осиёи Миёна дар давраи мезолит ва неолит маълумот дод. Ҳоло дар ҷои Сои Сайëд обанбори Норак бунёд гардидааст.

                                                                                                       А. Юсуфов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …