Маълумоти охирин

БОША

boshaБОША, дар меъморӣ ҷузви ороишии сутунҳои чӯбӣ. сангӣ, хиштӣ ва бетонист. Баъзан сарсутун ё сари сутун ҳам мегӯянд. Боша бо шакл, андоза ва нигориш аз дигар сутунҳо фарқ мекунад ва ҳамин ҷиҳат дар санъати меъмории атиқа низ ривоҷ дошт. Чунончи, дар Юнони Қадим ва Руми Қадим се навъи Боша ионӣ, дорӣ ва коринфӣ маъмул буд, ки бо андозаву сохт ва тарзи ороиш тафовут дош­танд. Дар санъати меъмории Мисри Қадим Бошаи сутунҳо ба шакли нилуфар оро меёфт ва дар Ҳиндустон бештар дар нусхаи шер ва гоҳо нилуфар (Бошаи шердор аз Сарпатх, асри 3 то милод) ба назар мерасид. Бошаи сутунҳои Эрони Қадим тарҳи сари барзаговро доштанд. Дар Осиёи Марказӣ аз қадим ба чанд навъи Боша нақшунигор кардани сутунҳо расм шуда буд, ки маъмултаринашон калламуқарнас ме­бошад. Бошаи сутунҳои чӯбиву сангиро аксар аз худи танаи сутуни яклухт мебароварданд ва танаи сутунҳоро чорқира ё шашқира метарошиданд. Чунин сутунҳои Бошадор дар Кӯлобу Бадахшон ва водиҳои Ҳисору Рашт бештар дучор меоянд. Бошаи сутунҳои ин маҳалҳо (сутуни айвонҳо) шакли кӯза ё гулдонро доштанд, ки ин анъана ҳоло ҳам идома дорад. Махсусан Бошаи сутунҳо бо нақшу нигори зебо оро меёфт. Нигар низ Сарсутун.

М. Рӯзиев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …