Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / БОРЖОМИ

БОРЖОМИ

borjomiБОРЖОМИ, шаҳр, маркази музофоти Боржомии Ҷумҳурии Гурҷистон. Дар бешазори дараи Боржомии Қафқоз, дар баландии 800-1000 м аз сатҳи баҳр, дар водии д. Кура, ба самти ҷануб-ғарби шаҳри Тбилиси (Тифлис) воқеъ аст. Аҳолиаш 14 ҳазор нафар (2010). Иқлимаш муътадили субтропикӣ бу­да, зимистонаш нарми камбарф (ҳарорати миёнаи январ – 2°С), тобистонаш салқин (ҳарорати миёнаи август – 20° С). Боржоми асосан бо чашмаҳои маъданиаш, ки ошомиданию муолиҷавианд, машҳури ҷаҳон буда, аз ҷиҳати содироти он мавқеи асосиро соҳиб аст. Оби минералии Боржоми дар саросари давлатҳои пасошӯравӣ маъмул мебошад. Дар Боржоми осоишгоҳҳои иқлимӣ, табобатгоҳҳо (Сагвери, Семи, Ли-кани, Патара Семи), истироҳатгоҳҳои алоҳида (Аҳалдаба, Даба, Двири, Маҷартсхами, Мзета-Мзе, Тба, Тсинубани, Тсихиҷвари) мавҷуданд, ки дар онҳо бемориҳои меъдаву рӯда, ҷигару гурда, масонаву талхадон, дилу раг, силсилаи асаб ва роҳҳои нафас муолиҷа карда мешаванд. Боржоми истгоҳи охирини роҳи оҳани камбари Боржоми – Бакуриани аст. 22 июни 2005 Гурҷистон Боржомиро яке аз довталабони баргузории Бозиҳои олимпии зимистонаи соли 2014 эълон намуд. Боржоми ягона шаҳрест, ки дар иҳотаи силсилакӯҳҳои паст ҷой гирифта, бешаҳои сӯзанбаргу паҳнбарг дорад. Дар Боржоми зиёда аз 200 ёдгори таърихӣ, аз ҷумла қалъа, дайр ва калисо мавҷуданд. Дар байни онҳо Қасри шоҳо­ни Рус – Романовҳо, ки дар асри 18 бунёд шудааст, мавқеи махсус дорад. Осорхонаи кишваршиносӣ, боғи шаҳрӣ, боғи миллӣ, мамнуъгоҳҳо, театри миллӣ, заводдҳои шиша ва обҳои маъданӣ дорад.

Адабиёт.: Новая российская энциклопедия. Т. III (1). Москва, 2007.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …