Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОРУСӢ Салм

БОРУСӢ Салм

imagesБОРУСӢ Салм (ё Солим) ибни Ҳасан, аз суфиёни асри 9-и Нишопур. Аз рӯйи маълумоти Самъонӣ дар китоби «ал-Ансоб» нахустин нафаре, ки аз Борусӣ ёдовар шу­дааст, Сулламӣ мебошад, ки дар «Таъриху-с-сӯфия» ӯро устоди ҳамдуни Қассор ва фарде мустаҷобуддаъва муаррифӣ кардааст. Китоби мазкури Сулламӣ дар даст нест, вале ӯ дар китоби дигари худ «Табақоту-с-сӯфия» барои Борусӣ унвони алоҳидае ҷудо накарда бошад ҳам, дар зайли унвони ҳамдуни Қассор ва Маҳфуз ибни Маҳмуд аз ӯ ба ҳайси мусоҳиби он ду ёдовар шудааст. Аз гуфтугӯи Борусӣ бо пешвои мазҳаби карромия Муҳаммад ибни Карром бармеояд, ки ӯ нисбат ба зуҳдгароии ифротии замони худ назари интиқодӣ доштааст. Интиқод аз равиши зоҳидонаи тасаввуф дар он рӯзгор ривоҷ дошта ва Абунасри Сарроҷ ҳам сабаби таълифи китоби «ап-Лумаъ»-и худро баррасӣ ва нақди ҳамин гуна интиқодот арзёбӣ кардааст. Дар қавли ӯ, ки Абдурраҳмони Ҷомӣ дар «Нафаҳоту-л-унс» овардааст, пайравӣ аз суннат ва канорагирӣ аз бидъат сахт таъкид шудааст.

Дар баъзе китобҳо Борусиро аз бунёдгузорони маломатия гуфтаанд, вале бештари муҳаққиқон ин суханро напазируфтаанд, ба ин далел, ки дар сарчашмаҳои муътабари тасаввуфӣ, чун «ал-Лумаъ»-и Абунасри Сарроҷ, «ат-Тааррӯф»-и Калобозӣ, «Ҳиляту-л-авлиё»-и Абунуайм зикре аз ӯ нарафтааст. Дар «Рисолату-л-маломатийя»-и Сулла­мӣ, ки шояд нахустин асар дар бораи маломатия бошад, аз нақш ва ё таъсири Борусӣ дар ташаккули маломатия ёде ҳам нарафтааст, дар ҳоле ки Абуҳафси Ҳаддод, ҳамдуни Қас­сор ва Саъид ибни Исмоили Воиз ба ҳайси машоихи маломатӣ ва бунёнгузорони ин тариқа муаррифӣ шудаанд.

С. Маҳмадуллоҳ.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …