Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОРОВИНКАИ ТОШКАНДӢ

БОРОВИНКАИ ТОШКАНДӢ

borovinkaБОРОВИНКАИ ТОШКАНДӢ, навъе аз себҳои пешпазак. Ходимони Институти таҳқиқоти илмии боғу токдорӣ ва шаробкашии ба номи Р. Р. Шредер (шаҳри Самарқанд) рӯёндаанд. Дарахташ сершоху барг; то 7 м кад мекашад. Вобаста ба шароити иқлим аввали апрел гул карда, охири июл мевааш мепазад. Мевааш калон (вазнаш 140- 200 г), гирда ё байзашакл; рангаш зард, гулобии баланд, рахҳояш сурх. Пӯсти мевааш нарм, гӯшташ сафеди сабзтоб, сероб, нордон (10-11% қанд дорад), хушбӯй ва хуштаъм; 9-10 дона тухм дорад. Ниҳолаш дар ҳар гуна хок (масалан, дар заминҳои начандон шӯру обҳои зеризаминиашон наздик) сабзида, баъди 4-5 соли шинондан самар меоварад (сол дар миён ҳосил медиҳад). Давраи нашваш 220-230 рӯз. Аз як бех дарахти 6-7-солааш то 400-500 кг ҳосил гирифтан мумкин. Ҳангоми норасоии нам мева­аш майда ва пастсифат мешавад. Барои ба ҷойҳои дур кашондан ва нигоҳ доштан (то моҳи август) мувофиқ аст. Дар Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ парвариш мекунанд. Дарахташ ба сармо, ҳашароти зараррасон ва касапиҳо тобовар аст. Барои пайванди Боровинкаи тошкандӣ аз пайвандтакҳои себи ҷангалӣ (М – 9 ва ММ – 106) истифода мекунанд. Гулаш аз гарди гули себи Ренет Симиренко беҳтар гардолуд мешавад.

Адабиёт: Урунов Ф. У. Навъшиносӣ. Душанбе, 1999.

С. Маҳмадаминов. Ф. Урунов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …