Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / БОРОДУЛИН Ригор Иванович

БОРОДУЛИН Ригор Иванович

ryhor_baradulinБОРОДУЛИН Ригор Иванович (таваллуд 24.2.1935, деҳаи Вересовкаи ноҳияи Ушачи вилояти Витебски Белоруссия), шоир ва тарчумони белорус. Нависандаи халқии Бе­лорус (1992). Баъди хатми Донишгоҳи давлатии Белоруссия дар муассисаҳои нашаротии «Белорус» ва «Мастаская литература» («Адабиёти бадеӣ»), г. «Советская Белоруссия» («Белоруссияи Советӣ»), маҷалаҳои «Бярозка» («Тӯс»), «Полимя» («Шуъла») кор кардааст. Узви ИН Белоруссия, узви ПЕН-маркази Белоруссия (солҳои 1990-99 президенти он). Солҳои 1995-97 дар садорати Бунёди Сороси Белоруссия фаъолият дошт. Шеърҳои нахустинаш дар матбуот соли 1953 ба табъ расидаанд. Маҷмӯаи аввалинаш «Моҳи ҳилол дар саҳро» (1959). Беш аз 20 маҷмӯаи ашъораш, аз он ҷумла «Куллиёт»-аш дар 4 ҷилд ба табъ расидаанд. Мавзӯи аксар шеър­ҳои Бородулин васфи дӯстии халқҳо мебошад. Дар мавзӯъ ва инъикоси воқеияти Тоҷикистон шеърҳо дорад: «Бузкашӣ», «Рақси духтари тоҷик», «Ҷавоб ба Файзулло Ансорӣ», «Биё ба диёри Витебск, Қаҳҳорӣ» ва ғайра «Қиссаи полки Игор» (асари адабиёти қадими рус), асарҳои Федерико Гарсиа Лорка, Габриэла Мистрал, рубоиёти Умари Хайём, асарҳои М. Турсунзода, Шекспир, Байрон, Пабло Не­руда ва дигаронро ба забони белорусӣ тарҷума кардааст. Дорандаи Мукофоти давлатии ба номи Я. Купала. Бо орденҳои «Дӯстии халқҳо», «Нишони Фахрӣ» ва ғайра сар­фароз гардидааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …