Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОРНОМА

БОРНОМА

konosamentБОРНОМА, коносамент, ҳуҷҷати стандартӣ, ки дар амалияи байналмилалӣ барои бор кардану кашондан ва гирифтани мол (бор) ҳуқуқ медиҳад. Борнома барои роҳҳои байналмилалӣ пешбинӣ шудааст. Он коғази қиматнок буда, ҳуқуқи дар ихтиёр доштану кашондани борро тасдиқ менамояд. Ба Борнома ҳатман ҳуҷҷати суғуртаи бор ҳамроҳ карда мешавад. Ба он ҳуҷҷатҳои дигари зарурӣ (ҳифзу нигоҳдории бор, қайдҳои гумрук ва ғайра)-ро низ илова кар­дан мумкин аст. Дар Борнома ворид сохтани тағйирот имкон надорад. Реквизитҳои асосии Борнома: номи ҳомили бор (киштӣ, поезд, фура); номи фирмаи боркаш; ҷойи қабули бор; номи борфирист; боргир; номи бор ва тавсифи асосии он; вақт ва ҷойи дода шудани Борнома; имзои масъули ҳамл.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …