Маълумоти охирин
Главная / Илм / БОРНИТ

БОРНИТ

mineral-bornitБОРНИТ, минерал, формулаи кимиёиаш Сu5FеS4. Ба ифтихори минералшиноси чех И. Борн номгузорӣ шуда­аст. Ду модификатсияи полиморфӣ: баландаҳарорат (аз 228°С баланд) – силсилаи булурбандиаш кубӣ-гексаоктаэдрӣ ва пастҳарорат (аз 228°С паст) – силсилаи булӯрбандиаш тетрагоналӣ-скаленоэдрӣ дорад. Бештар дар шакли ҷинсҳои зичи донадор ва зарраҳо вомехӯрад. Рангаш тираи сурхтоб. Ҷилояш филиззӣ, сахтиаш 3 – 3,5, зичиаш 4900 – 5300 кг/м3. Дар кислотаи нитрат (НNO3) ҳал мешавад. Таркиби кимиёиаш доимӣ нест. Аз рӯйи формулаи кимиёӣ бояд чунин бошад: Сu – 63,3 %, Fе – 11,2 %, S – 25,5 %. Аммо таркиби Борнит дар ҳудудҳои калон тағйир меёбад, зеро таркибаш маҳлули сахти халкоперит ва халкозин дошта метавонад. Дар рагҳои ҳидротермалӣ ҳамроҳи халкозин, галенит, офалерит, пирит дучор меояд. Дар натиҷаи оксидшавӣ аз Борнит минералҳои малахит, азурит, куприт ва ғайра ҳосил мешаванд. Дар табиат ба миқдори нисбатан кам мавҷуд буда, маъдани муҳимми мис аст. Борнит дар конҳои Руссия, Қазоқистон, ИМА, Словения, Полша ва Намибия дучор мешавад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …