Маълумоти охирин
Главная / Варзиш / БОРНДАЛЕН

БОРНДАЛЕН

borndalenБОРНДАЛЕН, Бёрндален (Bjorndalen) Уле Эйнар (27. 1.1974), варзишгари норвегӣ (биатлон, лижаронӣ). Чемпиони Бозиҳои олимпӣ дар спринт ва эсатфетаи дастаӣ (1998). Борндален ягона биатлонист, ки дар ҳама бахшҳои ин намуди варзиш (спринт, мусобиқаи инфиродӣ, мусобиқа пайгир, эстафета) дар Бозиҳои олимпии соли 2002 ғолиб омадааст. Дорандаи медали тилои чемпионати ҷаҳон дар спринт (2003, 2005, 2007),  пойгаи умумӣ (2003, 2005), мусобиқаи пайгир (2005, 2007), эстафета (2005) ва мусобиқаи дастаӣ (1998). Ғолиб ва ҷоизадори бисёркаратаи Ҷоми ҷаҳон (1998, 2003, 2005 ва 2006).

Адабиёт: Новая российская энциклопедия. Т. III (2). Москва,  2007.

Инчунин кобед

futbol

ФУТБОЛ

ФУТБОЛ (англисӣ fоо1bаll, аз fооt— пой ва bаll — тӯб), як навъи спортро гӯянд, ки …