Маълумоти охирин
Главная / Илм / БОРН Макс

БОРН Макс

born-maksБОРН Макс (11.12.1882, Бреслау – 5.1.1970, Гёттинген), физик ва риёзидони олмонӣ ва англис, яке аз асосгузорони механикаи квантӣ. Дар лабораторияи Ҷ. Лармор ва Ҷ. Ҷ. Томсон кор кардааст (1907-08, Кембриҷ). Доираи таҳқиқоти Борн асосан татбиқи назарияи квантии А. Эйнштейн дар ҷисмҳои сахт ва сохти атом, назарияи риёзии механикаи квантӣ ва шарҳи омории он (бо ҳамроҳии В. Ҳайзенберг ва П. Иордан), назарияи нисбият, назарияи динамикаи панҷараи кристаллӣ (1913-15 бо ҳамкории М. Лауэ), назарияи бархурди микрозарра ва ғайраро дар бар мегирад. Борн баъди хидмат дар сафи артиши Олмон профессори Донишгоҳи Франкфурта лаби Майн буд ва мафҳуми муҳимми термодинамикии «энергияи панҷара»-ро кор карда, дар асоси он як қатор собитаҳои физикӣ ва кимиёиро муайян намуд (1919). Аз соли 1921 профессори Донишгоҳи Гёттинген. Ӯ тафсири функсияи зичии эҳтимолиятро дар муодилаи кван­тии механикии Шрёдингер кашф кард, ки минбаъд «тафсири Копенгаген» ном гирифт ва барои ин таҳқиқот (якҷо бо Валтер Боте) сазовори мукофоти Нобел дар соҳаи физика гардид (1954). Борн. тарзи ҳисобкунии ҷилди электронии атомро муайян кард ва усули тақрибии наза­рияи бархурди микрозарраро пешниҳод намуд, ки бо номи ӯ машҳур аст (1926). Ба механикаи квантӣ мафҳуми «оператор»-ро дохил кард (1926, бо ҳамкории Н. Винер). Соли 1933 ба Англия кӯч бает ва дар Донишгоҳи Кембриҷ ба ҳайси омӯзгор кор кард. Солҳои 1936-53 профессори фалсафаи Донишгоҳи Эдинбург. Пас аз шаҳрванди Британияи Кабир шудан узви Ҷамъияти илмии шоҳӣ гардид (1939). Борн бештар аз 350 рисолаи илмӣ, аз ҷумла 20 китоби илмию оммавӣ таълиф кардааст. Дар соҳаи фалсафаи илм низ чандин пажӯҳиш дорад. Бо медали Макс Планк сарфароз гардидааст (1948).

Осор: Атомная физика. Москва,  1965. 

А. Комилӣ. Д. Абдуллоев.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …