Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОРКАШОНӢ

БОРКАШОНӢ

borkashoniБОРКАШОНӢ, ҳамлу нақл, дар ҳуқуқи гражданӣ, навъи уҳдадории марбут ба ҳамлу нақли бор, бағоҷ ва мусофиркашонӣ, ки дар асоси шартномаи дахлдор анҷом дода мешавад. Хусусияти шартҳои ҳамлу нақли бор, бағоҷ ва мусофиркашонӣ тавассути нақлиёти алоҳида, инчунин масъулияти тарафҳо оид ба чунин ҳамлу нақл, агар дар Кодекси граждании Тоҷикистон, оинномаҳо ва кодексҳои нақлиёт, дигар қонунҳо ё қоидаҳои дар асоси онҳо ирсолшуда тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, мувофиқи созишномаи тарафҳо муайян карда мешавад. Хусусияти уҳдадориҳои Боркашонӣ дар он зоҳир мешавад, ки низоми нақлиётии Тоҷикистон аз нигоҳи муомилоти гражданӣ ба тартиб дароварда шуда, онро ба талаботи хидматрасонии нақлиётӣ мувофиқ месозад. Ба низоми миллии нақлиёти Боркашонии Тоҷикистон инҳо дохил мешаванд: нақлиёти роҳи оҳан, дарёӣ, автомобилгард ва ҳавоӣ. Уҳдадориҳои Боркашонӣ аз манбаъҳои муайяни ҳуқуқӣ баҳра мегиранд. Муқаррароти умумии ҳамлу нақли бор, бағоҷ ва мусофиркашониро меъёрҳои КГ муайян месозанд (банди 2 моддаи 804 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон). Дар баробари ин, муносибатҳои Боркашониро Оинномаи нақлиёти дохилии обии ИҶШС (15.10. 1955 тасдиқ шудааст); Оинномаи нақлиёти роҳи оҳани Тоҷикистон (8.10.1998 тасдиқ шудааст); Кодекси баҳрнавардии тиҷоратии ИҶШС (17.09.1968 тасдиқ шудааст); Оинномаи нақлиёти автомобилии Тоҷикистон (29.12.1985 тасдиқ шудааст); Кодекси ҳавоии Тоҷикистон (аз ҷониби Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.11.1998 қабул шудааст) ба танзим медароранд. Тибқи шартномаи Боркашонӣ боркашон вазифадор аст бори аз ҷониби борфиристанда ба ӯ боваркардашударо ба маҳалли таъйинот расонад ва онро ба шахси барои гирифтани бор ваколатдор (боргиранда) супорад ва борфиристанда уҳдадор мешавад, ки барои ҳамлу нақли бор музди муайяншударо ба борка­шон пардохт намояд. Бастани шартномаи Боркашонӣ бо таҳияи борномаи нақлиёт, коносамент ё дигар ҳуҷҷатҳое, ки дар оинномаҳои нақлиёт ё кодексҳо муқаррар шудаанд, тасдиқ карда мешавад (моддаи 805 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикис­тон). Шартномаи Боркашонӣ дутарафа ва музднок буда, аз лаҳзаи аз ҷониби борфиристанда супоридани бор ба боркашон басташуда эътироф мегардад. Аз ин бармеояд, ки ин шартнома ба гурӯҳи шартномаҳои воқеӣ дохил мешавад. Фақат дар нақлиёти баҳрӣ шартномаи Боркашонӣ, ки ҳамчун шартномаи фрахт ё чартер маълум аст, аломати консенсуалӣ дорад. Шартномаи Боркашонӣ шартномаи расмӣ буда, ҳама вақт дар шакли хаттӣ бо риояи қатъии талаботи қонунгузорӣ ба имзо расонида мешавад. Илова бар ин, шартномаи Боркашонӣ хислати умумӣ низ дорад (моддаҳои 548 ва 809 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақлиёт») ва риояи шартҳои зеринро тақозо менамояд: 1) ба сифати боркаш бояд ташкилоти махсуси тиҷоратие вобаста шавад, ки хидматрасонияшро бо нақлиёти истифодаи умум анҷом медиҳад; 2) мувофиқи қонунгузории нақлиётӣ ё иҷозатнома ин ташкилот функсияи боркашонии ҷамъиятӣ дошта, уҳдадор аст, ки зарурати Боркашонии ҳама гуна мизоҷро қабул кунад ва иҷро намояд; 3) ин ташкилоти боркашон бояд ба номгӯи ашхосе, ки дар он Боркашонӣ тавассути нақлиёти истифо­даи умум анҷом дода мешавад, дохил гардида, номгӯи чунин боркашон ҳатман бояд дар расонаҳои умум чоп карда шавад. Барои иҷро накардан ё иҷрои номатлуби уҳдадориҳо вобаста ба Боркашон дар Кодекси гражданӣ, оинномаҳо, кодексҳои нақлиётӣ ва инчунин дар созишномаҳои тарафҳо ҷавобгариҳо пешбинӣ шудааст (банди 1 моддаи 813 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Адабиёт: Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон. Кисми 1. Душанбе, 1999. Ҳуқуқи гражданӣ. Қисми 2. Душанбе, 2007.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …