Маълумоти охирин
Главная / Илм / БОРИШОТи атмосферӣ

БОРИШОТи атмосферӣ

boronБОРИШОТи атмосферӣ, обест дар ҳолати моеъ ё сахт, ки аз абр меборад (борон, барф, жола) ё бевосита дар сатҳи замину ашёи рӯйи он ба туфайли конденсатсияи бухори оби таркиби ҳаво пайдо мешавад (яхча, кирав, шабнам). Боришотро бо асбобҳои махсуси боришсанҷ бо мм чен мекунанд. Миқдори Боришот вобаста ба арзи ҷуғрофиёӣ, масофа аз уқёнус, самти бод ва релйефи маҳал дар мавзеъҳои гуногуни кураи Замин гуногун мешавад.

Дар Тоҷикистон миқдори Боришоти солона 456 мм (дар Ду­шанбе – 644 мм, Хуҷанд – 178, Курғонтеппа – 271, Хоруғ – 291 мм) аст. Қаторкӯҳҳои Ҳисор пеши ҷараёни нами ҳаворо мегиранд. Дар натиҷа миқдори солонаи Боришот дар ин водӣ аз 2000 мм зиёд мешавад. Дар ҷануби Тоҷикистон ва По­мири Шарқӣ миқдори солонаи Боришот кам (82-160 мм), дар ҳавзаи Қарокӯл ва ноҳияи Мурғоб аз ин ҳам камтар (70- 73 мм) аст. Ин минтақаҳо ноҳияҳои камбориши ҷумҳурӣ маҳсуб мегарданд. Дар водиҳо Боришот моҳҳои март – апрел, дар кӯҳистон моҳҳои зимистон ва баҳор мушоҳида меша­вад. Дар ноҳияҳои баландкӯҳ ба вуҷуд омадани намрезаву яхча ба ҳодисаҳои иқлими Тоҷикистон хос аст. Ба ғайр аз об дар таркиби Боришот зарраҳои чанг, микроорганизмҳо, унсурҳои кимиёӣ низ вомехӯранд.

Адабиёт: Хргиан А. X. Физика атмосферы. Ленинград, 1969.

А. Ҳомидов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …