Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОРИС ГОДУНОВ

БОРИС ГОДУНОВ

boris-godunovБОРИС ГОДУНОВ (тақрибан 1552-13.04.1605), шоҳи рус аз соли 1598. Писари боярин Годунов Ф. И. Ӯро ҷамъомади умумидавлатӣ шоҳ интихоб карда буд. Яке аз заминдорони калон. Бо ташаббуси ӯ барӯйхатгирии замин (1580—90) анҷом дода шуд. Баъди муборизаҳои шадиди дарборӣ ҳукмрони мутлақи давлатӣ гардид. Соли 1597 ҳуқуқи харида озод кардани деҳқонони ғуломшударо бекор намуд. Соли 1589 калисои православии рус усули идораи калисо бо сардории патриархро таъсис дод. Дар натиҷаи ҷанги русҳову шведҳо, ки бо сулҳ (1595) анҷомид, Руссия як миқдор заминҳои дар ҷанги Ливон аздастдодаи худро бозпас гирифт. Дар ибтидои асри 17 ҳукумати Борис Годунов бо Англия, Ҳолландия, Эрон муносибатҳои бозаргониро барқарор намуд. Ба кишваркушоӣ ва рушди Сибир аҳаммият медод, дар бахши ҷанубу ғарби Руссия шаҳрҳои нави Воронеж ва Белгород сохта шуданд. Дар ҳамин давра сохтани қалъаҳои сангӣ дар шаҳрҳои гуногуни Руссия шурӯъ гардид. Зимни сиёсати пешгирифтаи Борис Годунов ҳукумати ӯ устувор гардида, дар айни замон нақшу таъсири бюрократия меафзуд, мақоми ашрофу дворянҳо мустаҳкам мешуд. Бисёр ташаббусҳои Борис Годуновро гуруснагии соли 1601-03 барбод дод. Гуруснагии оммавӣ зиддиятҳои синфиро тезутунд намуда, боиси ҷанги деҳқонон гардид. Ҳукумати Борис Годунов бо вуҷуди тағйири сиёсати дохилии худ нобасомониҳои бавуҷудомадаро бартараф карда натавонист. Дар айни мубориза бо Дмитрийи I-и дурӯғин ва даст доштан дар қатли писари Иван IV Грозний Борис Годунов бе маҳал фавтид.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …