Главная / Техника / БОРИ ШАБАКАИ ЭЛЕКТРОЭНЕРГЕТИКӢ

БОРИ ШАБАКАИ ЭЛЕКТРОЭНЕРГЕТИКӢ

shabaka-elektrikiБОРИ ШАБАКАИ ЭЛЕКТРОЭНЕРГЕТИКӢ, иқтидори электрикие, ки аз ҳосили ҷамъи иқтидори сарфкардаи ҳамаи қабулгарҳо (истеъмолкунандаҳо)-и энергияи электрикии ба шабакаҳои тақсимотии силсила (система) пайвастшуда ва иқтидори барои ҷуброни талафоти энергияи дар ҳамаи қисмҳои шабакаи электрикӣ (трансформаторҳо, табдилдеҳҳо, хатҳои интиқоли қувваи барқ ва ғайра) сарфшаванда иборат аст. Дар шабака вобаста ба вақт тағйир ёфтани иқтидори истеъмолкунанда ё қувваи ҷараёнро гра­фики бор меноманд. Он ҷузъӣ (барои истеъмолкунандаҳои алоҳида) ва гурӯҳӣ (барои гурӯҳи истеъмолкунан­даҳо) мешавад. Бори шабакаи электроэнергетикие, ки аз рӯйи иқтидори истеъмол­кунанда муайян карда мешавад, бузургиҳои тасодуфӣ буда, бо баъзе эҳтимолиятҳо ба қиматҳои гуногун соҳиб мегарданд. Истеъмолкунандаҳои энергия, одатан, на ҳамеша дар як вақт ва на ҳамеша бо иқтидори пурра кор мекунанд, аз ин сабаб Б. шаҳри э. ҳамеша аз ҳосили ҷамъи икгидорҳои ҷузъии истеъмолкунандаҳо кам мебошад. Нис- бати иқтидори истифодашудаи зиёдтарин бар иқтидори иловашударо зариби хамзамонӣ, нисбати бори бештари- ни гурӯҳи додашудаи истеъмолкунандаҳо ва иқтидори мукарраршудаи онҳоро зариби талабот меноманд. Бори шабакаи электроэнергетикиро бо миқдори миёнаи бор (нисбат ба миқдори энерги­яи дар ягон фосилаи вақт ҳосил ё истифодашуда бар давомоти ин фосилаи вақт) ва миёнаи квадратии Бори шабакаи электроенергетикӣ (дар шабонарӯз, моҳ, семоҳа, сол) муайян мекунанд.

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

muharrik-generator

МУҲАРРИК-ГЕНЕРАТОР

МУҲАРРИК-ГЕНЕРАТОР, мотор-генератор, таҷҳизотест иборат аз муҳаррики электрӣ ва генератори ҷараёни электрие, ки ба ҳамдигар ба …