Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОРДОРКУНИИ СУНЪӢ

БОРДОРКУНИИ СУНЪӢ

bordorkuniuБОРДОРКУНИИ СУНЪӢ, яке аз роҳҳои бордор кар­дани чорво. Бордоркунии сунъӣ ба воситаи асбобу лавозимоти махсус ба амал бароварда мешавад. Ба воситаи Бордоркунии сунъӣ аз нутфаи як ҳайвони нарина чандин ҳайвони модинаро бордор меку­нанд. Аз нутфаи як буққа зиёда аз 20 ҳазор гусола гирифтан мумкин аст. Бордоркунии сунъӣ барои беҳтар шудани зот, афзудани саршумор ва сермаҳсул гардидани чорво мусоидат мекунад. Усули Бордоркунии сунъӣро аввалин маротиба соли 1769 моҳипарвари олмонӣ С. Л. Якоби истифода бурдааст. Ӯ тухму нутфаи моҳиро ба зарфи обдор андохта, ба ин восита тухмҳоро бордор кардааст. Табиатшиноси итолиёӣ Л. Спалансиани (1780) аз нутфаи саги нар саги модаро бор­дор карда буд. Дар натиҷа баъди 62 руз 3 сагбачаи солим ба дунё омадаанд. Соли 1854 моҳипарвари рус В. П. Враеский усули «хушк»-и Бордоркунии сунъии тухми моҳиро кашф намуд, ки то имрӯз истифода мешавад. Асосҳои назариявии Бордоркунии сунъии чорворо биологи рус И. И. Иванов таҳқиқ карда­аст. Ӯ соли 1899 дар бораи Бордоркунии сунъии хукчаҳои баҳрӣ, харгӯш, саг ва модиён таҳқиқот анҷом дода, исбот кард, ки бо нузола (нутфаи хориҷшуда) ҳайвони зиёдро бордор кардан имкон дорад.

Бордоркунии сунъӣ хеле самаранок аст. Дар натиҷаи пажӯҳишҳои зиёд вазифаи аъзои таносул, биохимияи нутфа, рефлексҳои ҷинсӣ, хусусиятҳои сперматогенези ҳайвоноти нарина, биологияи бордоршавӣ, хосияти ҳуҷайраҳои ҷинсӣ ва ғайра омӯхта шудаанд. Аз ҳайвоноти наслдеҳ нутфаро бо тарзҳои гуногун мегиранд. Яке аз роҳҳои маъмули он ба воситаи ниёми сунъӣ гирифтани нутфа аст. Асоси Бордоркунии сунъӣ донистани хусусияти физиологии бордоршавии табиӣ мебошад. Бордоршавии табиӣ 2 гуна мешавад: маҳбалӣ ва раҳимӣ. Ҳангоми бордоршавии маҳбалӣ (масалан, дар гов, буз, гавазн. харгӯш ва ғайра) нутфа ба маҳбал, дар мавриди бордоршавии раҳимӣ (масалан, дар саг, хук, асп ва ғайра) нутфа бе восита ба раҳим (бачадон) хориҷ мешавад. Дар заминаи таҳқиқи бордоршавии табиӣ чанд навъи Бордоркунии сунъиро кашф кардаанд: Бордоркунии сунъии маҳбалӣ (нутфа­ро ба маҳбал мефиристанд), сервикалӣ (нутфаро ба найчаи гарданаи бачадон ворид мекунанд), раҳимӣ (нутфаро ба бачадон дохил менамоянд) ва тухмроҳагӣ (нутфаро ба тухмроҳа мефиристанд).

Дар Тоҷикистон ба Бордоркунии сунъии ҳайвонот баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ шурӯъ намуданд. Солҳои 1970-73 дар ҷумҳурӣ шабакаи бунгоҳҳои давлатии зотпарварӣ ва Бордоркунии сунъӣ ташкил шуда, минбаъд ба иттиҳодияҳои калон муттаҳид гаштанд. Феълан дар Тоҷикистон Муассисаи ҷумҳуриявии «Зотпарварӣ ва бор­доркунии сунъии чорво» амал мекунад, ки дар вилоятҳои Хатлону Суғд, навоҳии тобеи марказ ва ВМКБ бахшҳои он фаъолият доранд. Дар ҷумҳурӣ ба Бордоркунии сунъӣ 260 бунгоҳи махсус машғул мебошанд. Дар пешравию вусъати Бордоркунии сунъӣ олимони ҷумҳурӣ А. А. Залтсман, В. В. Казаркин, А. Я. Гладишев, М. Умаров,  Р. У. Усмонов, С. X. Хоҷаев, Ш. Т. Раҳимов, А. С. Қодиров, И. И. Бобокалонов, Ш. Р. Мирзоаҳмадов ва дигар саҳми назаррас гузоштаанд.

Ҳоло заноне, ки табиатан ҳомила намешаванд, бо роҳи сунъӣ бордор карда мешаванд. Бо ин мақсад соли 2012 дар Душанбе маркази тиббии «Насл» таъсис ёфт.

Адабиёт.: Ожин Ф. В. Технология искусственного осеменения овец. Москва, 1978; Справочник по искусственному осеменению сельскохозяйственных животных. Москва, 1983; Шипилов В. С. Ветеринарное акушерство, гинекология и биотехника размножения. Москва, 2000; Раҳимов Ш. Т., Мирзоев Москва, Джобиров А. (ва дигарон). Рекомендация по освоению методов искусственного осеменения коров. Душанбе, 2010; Мирзоаҳмадов Ш. Р., Сатторӣ И. (ва дигар). Қобилагӣ, гинекологияи ветеринарӣ ва биотехнологияи афзоиш. Душанбе, 2011.

Ш. Мирзоаҳмадов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …