Маълумоти охирин

БОРДО

bordoБОРДО, шаҳр дар қисми ҷануби ғарбии Фаронса. Мар­кази маъмурии департаменти Жиронда. Дар соҳили дарёи Гаронна, 97 км дуртар аз халиҷи Бискай ҷойгир аст. Аҳолиаш 285,1 ҳазор нафар (2010, бо атрофаш 750 ҳазор на­фар). Маркази муҳимми нақлиётӣ, бандарҳои калони баҳриаш Пойак ва Ле-Вердон-сюр-Мер (муомилоти бор дар 1 сол 10 млн тонна). Маркази роҳи оҳан, аэропорти байналми­лалӣ дорад. Дар аҳди қадим дар ҷойи маҳалли зисти қавмҳои келтӣ (Бурдигала – Burdigala) ба вуҷуд омадааст. Баъди аз тарафи юнониҳо тасарруф гардидани Галия (асри 1 то милод) маркази музофоти юнонии Аквитания гар­дид. Аз асри 6 дар ҳайати давлатӣ франкҳо ва солҳои 1153-54 зери мустамликаи шоҳони англис қарор дошт. Дар асри 16 яке аз марказҳои ҷангҳои динӣ ва дар асри 18 маркази бузургтарини тиҷоратии Фаронсаи Ҷанубӣ ба ҳисоб мерафт. Ҳангоми инқилоби Фаронса дар асри 18 такягоҳи жирондистҳо (аъзои ҳизби жирондӣ) буд. Бордо дар таърихи сиёсии Фаронса нақши муҳим бозидааст. Дар рафти ҷангҳои байни Фаронса ва Пруссия (1870), солҳои Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (2 сентябр – 18 ноябри 1914) ва Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (аз 14 июн то 2 июли 1940) қарор­гоҳи ҳукумат буд. Соҳаи асосии саноаташ – мошинасозӣ, аз ҷумла киштисозӣ, самолётсозӣ, коркарди нафт, хӯрокворӣ, кимиё, чӯбгарӣ ва филиззот. Бордо яке аз марказҳои муҳимми шаробпазӣ ва тиҷорати он дар мамлакат мебошад. Осори меъморӣ: калисои ҷомеи романӣ-готии Сент- Андре (асри 12-14), калисоҳои Сен-Сёрен, Сент-Круа, Сен-Мишел, калисои ҷомеи Андрейи Муқаддас (асри 11- 16) ва ғайра. Маҷмӯи шаҳрсозии бандари Луна намунаи олии давраи класситсизми ибтидоӣ буда, соли 2007 ин қисмати шаҳр ба Рӯйхатти Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дар соҳаи маориф, илм ва маданият ворид карда шуд. Симои маънавии Бордоро асосан биноҳои сохти классикӣ ва маҷмӯи иморатҳои асрҳои 18-19 (Майдони Биржа, Майдони шоҳона, Театри Калон, Меҳмонхонаи баҳрӣ ва Бир­жа) зинат мебахшанд. Дар қатори иншооти асри 20 маҷмӯи биноҳои иқоматӣ дар Песак (1922-23), бинои донишгоҳ(1441) ва Академияи миллӣ қомат афроҳтаанд. Дар Бордо осорхонаҳои саноеи нафиса, санъати ороиши амалӣ, осорхонаи мардумшиносӣ ва Осорхонаи таърихи Акви­тания мавҷуд аст. Бордо маркази сайёҳии мамлакат мебошад.

Адабиёт.: Новая российская энциклопедия. Т. 3 (1). Москва, 2005.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …