Маълумоти охирин
Главная / Илм / БОР Ниле Ҳенрик Давид

БОР Ниле Ҳенрик Давид

niels_bohrБОР Ниле Ҳенрик Давид (7.10.1885, Копенгаген, Да­ния – 18.11.1962, ҳамон ҷо), физик-назарияпардоз ва ходими ҷамъиятии даниягӣ, яке аз асосгузорони физикам муосир. Хатмкардаи Университети Копенгаген (1908). Солҳои 1911-12 дар Кембриҷ бо Ҷ. Ҷ. Томсон ва дар Манчестер бо Э. Резерфорд кор кардааст. Профессори Университети Копенга­ген (1916). Бор ҳамчун асосгузори назарияи квантии атом машҳур аст. Дар таҳияи асосҳои механикаи квантӣ, наза­рияи ҳастаи атом ва реаксияҳои ҳастаӣ, равандҳои таъсири мутақобилаи зарраҳои бунёдӣ бо муҳит саҳми бузург дорад. Соли 1903 ба Университети Копенгаген дохил шуда, физика, кимиё, нуҷум ва риёзиётро омӯхт. Дар он ҷо нахустин таҳқиқоти ӯ бахшида ба лаппиши ҷараёни моеъ барои нисбатаи саҳеҳ, муайян кардани бузургии кашиши сатҳии об буд. Барои ин таҳқиқоти назариявӣ соли 1906 сазовори медали тилои Ҷамъияти шоҳии Дания гардид. Соли 1910 ба унвони магистр соҳиб шуда, соли 1911 рисолаи докториро оид ба назарияи кпассикии электронии филиззот дифоъ кард. Дар ин асари илмӣ Бор ғояҳои Лоренсро инкишоф дода, теоремаи муҳимми механикаи омории классикиро исбот кард, ки мувофиқи он моменти магнитии маҷмӯи дилхоҳи зарядҳои электрикии бунёдӣ, ки аз рӯйи қонунҳои ме­ханикаи классикӣ дар майдони магнитии доимӣ ҳаракат мекунанд, дар ҳолати статсионарӣ ба сифр баробар аст. Соли 1919 новобаста ба ӯ ин теоремаро Йохан ван Лёвен кашф кард, аз ин рӯ, онро теоремаи Бор – ван Лёвен меноманд. Аз теоремаи мазкур бармеояд, ки хусусиятҳои магнитии модда (аз ҷумла диамагнетизм)-ро дар чорчӯби физикаи классикӣ бевосита маънидод кардан мумкин нест. Маҳз ҳамин ҳолат боиси ба механикаи квантӣ рӯй овардани Бор гашт. Барои исботи устувории атоми Резер­форд Бор соли 1913 ду ақида (постулат) пешниҳод кард, ки бо номи «постулатҳои Бор» машҳуранд. Мувофиқи онҳо барои электрон мадорҳои мунтахабе мавҷуданд, ки элек­трон дар онҳо ҳаракат карда, бар хилофи қонунҳои электродинамикаи классикӣ энергия намеафканад ва энергияро фурӯ ҳам намебарад, аммо ҷаҳида ба мадори «имконпазир»-и ба ҳаста наздиктар гузашта метавонад. Ин «ҷаҳиш»-и электрон бо хориҷ шудани квантӣ энергия (порсия) ба амал меояд. Назарияи дар асоси ин постулатҳо бунёдёфтаи сохти атом, ки онро худи Бор ва физикҳои ди­гар инкишоф додаанд, махсусан устувор будани атомро бори аввал шарҳ дод. Яъне, ҳангоми ба ҳамдигар нисбатан суст бархурдани атомҳо онҳо сохт ва хосияти спектри худро нигоҳ медоранд. Бор соли 1923 бори аввал дар асоси модели пешниҳодкардааш ҷадвали даврии Менделеевро маънидод ва соли 1936 таърифи тасаввуроти умдаи физикаи ҳастаро дар хусуси гузаштани реаксияҳои ҳастаӣ (модели ҳастаи таркибӣ) баён кард. Соли 1939 ҳамроҳи И. А. Уилер назарияи тақсимшавии ҳастаҳо – равандеро, ки дар вақти он миқдори азими энергияи ҳас­та хориҷ мешавад, инкишоф дод. Соли 1943 бинобар таъқиби фашистон ба ИМА рафт. Дар ин ҷо Бор дар сохтани бомбаи атомӣ иштирок кард ва баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939-45) ба Дания баргашт. Солҳои баъдиҷангӣ дар мубориза зидди таҳдиди ҷанги атомӣ фаъолона ширкат варзид. Солҳои 40-50 асри 20 Бор асосан таъсири мутақобилаи зарраҳои бунёдиро ба муҳит омӯхт. Соли 1921 бо ташаббуси ӯ Институти физикаи назариявӣ кушода шуд, ки алҳол «Институти Ниле Бор» ном дорад. Бор мактаби бузурги байналмилалии физикҳоро бунёд гузошта, шогирдони зиёде тарбия кардааст. Ба шарафи ӯ унсури 105-уми ҷадвали Менделеев (дубний) то соли 1997 номи «нилсборий» дошт ва ҳамон сол ба унсури 107-ум номи «борин» доданд. Ба номи Бор астероиди № 3948 гузошта шуда (1985), Бонки миллии Дания расми ӯро дар асъори миллӣ (500 крон) пой додааст.

Бор дорандаи мукофоти Нобел оид ба физика (1922), мукофоти «Барои атоми безиён» (1957) буда, бо медалҳои Маттеуччи (1923), ба номи Макс Планк (1930) ва Копли (1938) сарфароз гардидааст. Бор узви Ҷамъияти шоҳии Дания (1917) ва президенти он (1939), узви зиёда аз 20 академияи ҷаҳон, аз ҷумла узви фахрии хориҷии АИ ИҶШС буд (1929).

Осор: Атомная физика и человеческое познание. Москва, 1961; Избран­ные научные труды. Москва, 1970-71.

А. Комилӣ.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …